C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Оиди Агентӣ

Вазифаҳо ва ваколатҳои Агентӣ



Мутобиқи Низомномаи Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистан аз 4 майи соли 2010, №228 тасдиқ шудааст

Агентӣ ваколатҳои зеринро дар бахши фаъолияти муқарраргардида амалӣ менамояд:

  • оид ба масъалаҳои ба Агентӣ дахлдошта ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод менамояд;
  • оид ба истифодаи мақсадноки маблаљҳои буҷетӣ, ки барои хариди мол, кор ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудаанд, пешниҳодҳо тайёр мекунад;
  • риояи ҳатмии талаботи қонунгузориро дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ таъмин менамояд;
  • дар амалӣ намудани хариди давлатӣ маслиҳат медиҳад, инчунин барои ҷустуҷўи молрасонҳои имконпазир ва молистеъмолкунандагон мусоидат мекунад;
  • дар озмунҳои харид оид ба хариди давлатӣ, ки аз номи ташкилотҳои харидори дорои мақоми ташкилоти соқибихтисос набуда мегузаронад, иштироки бељаразонаи молрасонҳо (пудратчиён) ва рушди рақобати озодро байни довталабон таъмин менамояд;
  • арзу шикоятҳоро оид ба масълаҳои хариди давлатӣ баррасӣ менамояд;
  • оид ба хариди давлатӣ иттилоот ҷамъ мекунад ва онро интишор менамояд;
  • такмили ихтисос ва бозомўзии мутахассисон оид ба хариди давлатиро ташкил менамояд;
  • ба ташкилотҳои харидор вобаста ба масъалаи дуруст мавриди амал қарор додани интихоби усули хариди давлатӣ ҳангоми анҷом додани хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ тавсияҳо медиҳад;
  • ҳисоботи семоҳаро дар самти фаъолияти худ омода месозад;
  • махзани маълумоти молрасонҳои (пудратчиёни) ватанию хориҷиро ташкил намуда, феҳристи молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимодро пеш мебарад;
  • оид ба масъалаҳои такмили механизми хариди давлатӣ мавод омода ва пешниҳод мекунад;
  • аз рўи тартиби муқарраргардида нашрияи Бюллетени хариди давлатиро таъсис дода, фаъолияти онро ба роҳ мемонад;
  • тибқи тартиби муқаррагардида бо мақомоти давлатии мамлакатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд;
  • ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ доир ба масъалаҳое, ки ба соҳаи муқаррагардидаи фаъолияти Агентӣ вобаста мебошанд, тавзеҳ медиҳад;
  • барои љайримарказонидани хариди давлатӣ тадбирҳои амалӣ андешида, феҳристи ташкилотҳои харидори соҳибихтисосро, ки мустақилона хариди давлатиро анҷом медиҳанд, таҳия мекунад ва ҳар моҳ ба мақомоти иҷроияи дахлдори ҳокимияти давлатӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
  • дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар сирӣ бо қонун ҳифзшавандаро таъмин менамояд;
  • фаъолияти дигарро дар соҳаи муқарраргардида, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Таҷикистон пешбинӣ шудаанд, амалӣ мегардонад.

Агентӣ бо мақсади татбиқи ваколатҳои дар соҳаи фаъолияти худ муқарраргардида ҳуқуқ дорад:

  • фаъолияти ташкилотҳои харидорро оид ба риоя намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ назорат кунад;
  • барои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузаронидани ташхис ва машварат мутахассисони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро ба таври ройгон, инчунин мутахасисонеро, ки хизматчии давлатӣ намебошанд, ба таври музднок ва аз рўи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд;
  • тибқи тартиби муқарраргардида бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда бо вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушунид анҷом диҳад, қарордод бандад;
  • тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ташкилотҳои харидор барои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ чораҷўӣ намояд;
  • бо мақсади татбиқи вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда ваколатҳои дигарро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ шудаанд, амалӣ намояд.