C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

14.09.2017

: 393

13 октябри соли 2017 дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нуҳ моҳи соли 2017 баргузор гардид.  Дар ҷаласа маърузаҳои ҳисоботии муовини директори Агентӣ, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва бахшҳои минтақавии Агентӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо вобаста ба  фаъолияти соҳавӣ, роҳҳои ташаккули фазои ягонаи пешбурди расмиёти харид дар Портали хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  раванди амалӣ гаштани Лоиҳаҳои соҳавӣ, аз ҷумла: Лоиҳаи грантии IDF № TF016491-TJ “Такмили Портали хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Лоиҳаи  Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин масъалаҳои дастгирии молистеҳсолкунандагони ватанӣ аз чумла корхонаҳои истеҳсоли мебел баррасӣ гардиданд.
    Зимни натиҷагирии чорабинӣ вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомот барои семоҳаи чоруми соли 2017 мушаххас гардонида шуда, нақшаи кории чорабиниҳои Агентӣ барои фосилаи боқимонда то охири сол қабул гардид.