C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

10.01.2018

: 167

10 январи соли 2018 дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018 ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа маърӯзаи ҳисоботии муовини директори Агентӣ ва ҳисоботҳои роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва бахшҳои минтақавии Агентӣ дар вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Кӯлоб ва ноҳияи Рашт шунида шуда, вобаста ба рӯзномаи ҷаласа муҳокимарониҳо ва пешниҳодҳо марбут ба фаъолияти Агентӣ ба роҳ монда шудаанд.
Дар ҷаласаи мазкур нақшаи кори Агентӣ барои нимсолаи якуми соли 2018 тасдиқ карда шуда, вобаста ба дигар масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шудаанд.
Фармоиши директор