C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

16.07.2018

: 178

Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид
Шуъбаи маркетинг ва хариди моли ШСХК “Барқи Тоҷик” (минбаъд – ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни харид ҷиҳати “Корҳои лоиҳакашӣ вобаста ба гузаронидани хатҳои интиқоли барқи 35 кВ-и НБО-и "Варзоб-2" - зеристгоҳи барқии "Главная" (Л-2 Г-1-2) аз шиддати 35 кВ ба шиддати 110 кВ ва пайваст намудани он ба зеристоҳи барқии сохташавандаи "Радиостансия" 110/35/10 кВ”, (ДИО № 55/18 аз 16 июли соли 2018), ки ба тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.
1.    Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба озмун метавонанд ба нишонии ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64 ошёнаи 3, утоқи 315 бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиат намоянд (тел: 295-565). Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи бебозгашт (350 сомонӣ) дастрас намоянд.  
2.    Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд,  ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳршуда, бо нишонии дар боло зикршуда, то 25 июли соли 2018, соати 15:00 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодҳо қабул карда намешаванд.
3.    Лифофаҳо бо пешниҳодҳои тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ 25 июли соли 2018, соати 15:00 кушода мешаванд.