C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

24.04.2018

: 123

Даъватнома барои иштирок дар озмуни харид (Такроран)
Шуъбаи маркетинг ва хариди моли ШСХК “Барқи Тоҷик” (минбаъд – ташкилоти харидор) довталабони салоҳиятдорро барои ширкат дар озмуни харид ҷиҳати “Васлу насби 7500 адад ҳисобкунакҳои барқии сефаза бо мақсади ба низом даровардани ҳисоби нерӯи барқ дар нуқтаҳои тақсимотии истгоҳҳои трансформатории маркази шаҳру ноҳияҳо”, (ДИО № 15/18 аз 26 апрели соли 2018), ки ба тариқи иштироки номаҳдуд гузаронида мешавад, даъват менамояд.
1.    Довталабон барои гирифтани ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ оид ба озмун метавонанд ба нишонии ташкилоти харидор: шаҳри Душанбе, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 64 ошёнаи 3, утоқи 306 бинои ШСХК “Барқи Тоҷик” муроҷиат намоянд (тел: 295-312). Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои тендериро пас аз пардохти маблағи бебозгашт (350 сомонӣ) дастраст намоянд.  
2.    Довталабоне, ки хоҳиши дар озмун иштирок кардан доранд,  ҳуҷҷатҳои дархостшударо дар лифофаҳои муҳршуда, бо нишонии дар боло зикршуда, то 07 майи соли 2018, соати 15:00 пешниҳод намоянд. Муҳлати муқарраршуда муҳлатест, ки баъди анҷоми вақт аз довталабон пешниҳодҳо қабул карда намешаванд.
3.    Лифофаҳо бо пешниҳодҳои тендерӣ аз ҷониби комиссияи тендерӣ 07 майи соли 2018, соати 15:00 кушода мешаванд. Намояндагони довталаб ҳуқуқ доранд, ки дар раванди озмун иштирок намоянд.