C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

Семинарҳои омӯзишӣ дар Агенти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинарҳои омӯзишӣ дар Агенти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинарҳои омӯзишӣ дар Агенти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинарҳои омӯзишӣ дар Агенти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Семинарҳои омӯзишӣ дар Агенти хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

06.11.2017

: 299

Аввали соли 2017 дар доираи амалӣ гардонидани лоиҳаи грантии Бонки Умумиҷаҳонӣ аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушовири байналмилалӣ - “Маркази тиҷорати электронӣ”-и Ҷумҳурии Қазоқистон шартнома ҷиҳати такмил додани  низоми амалкунандаи харидҳои электронӣ  баста шуда буд, ки имрӯзҳо он дар марҳилаи анҷомёбӣ мебошад. Дар назар дошта шудааст, ки шурӯъ аз аввали соли 2018 ташкилотҳои харидори кишвар фаъолияти харидории худро тибқи низоми такмилдодашудаи хариди электронӣ ба роҳ мемонанд.
Бо мақсади омода намудани ташкилотҳои харидори кишвар ҷиҳати гузариш аз шакли анъанавии харидҳои давлатӣ ба шакли электронӣ аз 25 октябр то 03 ноябри соли 2017 аз ҷониби Агентӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар аз чумла, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ бо ҷалби зиёда аз 500 нафар шунавандагон - намояндагони ташкилотҳои харидор ва ширкатҳои молрасон (пудратӣ) силсилаи семинарҳои омӯзишӣ дар мавзӯи “Амалияи анҷом додани хариди давлатӣ тавассути низоми электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуданд.
Пеш аз баргузории семинарҳо ба ҳайати кормандони мақомот аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ моҳият ва мақсадҳои  ислоҳоти соҳавӣ, ки бояд ба иштирокчиёни чорабиниҳо дар минтақаҳои баргузории онҳо расонида шавад, фаҳмонида шуданд.
Ҳамзамон, ҷиҳати омода намудани тренерҳои харидҳои электронӣ аз ҷониби мушовирони байналмилалии  “Маркази тиҷорати электронӣ”-и Ҷумҳурии Қазоқистон зиёда аз 30 нафар мутахассисони соҳа дар давоми ду ҳафта бо курсҳои амалӣ фаро гирифта шуданд.
Дар низоми такмилдодашудаи харидҳои электронӣ истифодабарии усулҳои нави харидҳои электронӣ: “аз тариқи иштироки номаҳдуди довталабон”,  “аз тариқи иштироки маҳдуди довталабон”, “харид аз як манбаъ” ба роҳ андохта шуда, тартиби сабти ҳисоботҳо пайваста ба харидҳои бо тартиби соддакардашуда анҷомдодашуда, пешбинӣ гардидааст.
Модули алоҳидаи низоми такмилдодашудаи харидҳои электронӣ ба иштироки молистеҳсолкунандагони ватанӣ дар озмунҳои хариди давлатӣ тибқи реҷаи мусоид замина гузошта, ба тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Инчунин, модулҳои нави ҷоригардида - “Идоракунии қарордодҳо” ва “Мониторинги электронӣ” имконияти назорати ҳолати иҷрои қарордодҳои хариди давлатиро дар реҷаи онлайн имкон сохта, мониторинги маҳзани маълумот ва тавлиди ҳисоботҳои фосилавии соҳавӣ тибқи Стандартҳои Оммавияти Маълумотҳои Қарордодӣ пешбинӣ гардидаанд.  
Баргузории семинарҳои минтақавӣ ва курсҳои амалии омӯзишӣ боиси баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои харидор ва соҳибкорони ватанӣ ҷиҳати иштироки босамари онҳо дар расмиети хариди давлатӣ гардида ба ҷорӣ намудани низоми электронии хариди давлатӣ дар миқёси кишвар таъсири назаррасро хоҳанд гузошт.