Цветовая схема: C C C C
Размер шрифта: A A A
Изображения:

Новости

15.04.2021

Количество просмотров: 199

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ ОЗМУНИ кушод эълон менамояд:

Номгӯи мансабҳо:

Шуъбаи амалисозии хариди давлатӣ барои соҳаҳои сохтмон, ободонӣ ва инфрасохтор:

сардор – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии хариди давлатӣ, ё таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ - 1760 сомонӣ.

Бахши минтақавии Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд:

мутахассис – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олӣ дар соҳаи идоракунии хариди давлатӣ ё таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ё хизмати давлатӣ), маоши мансабӣ - 800 сомонӣ.

Малакаи хуби роҳбарӣ, муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд, афзалият дода мешавад.

Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

- нусхаи гувоҳинома аз мақомоти андоз (РМА);

- маълумотнома аз ҷои зист;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Шотта Руставелӣ, 22 пешниҳод карда, маълумоти иловагиро дар хусуси низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ ба воситаи телефони 227-66-21 ё сомонаи  www.zakupki.gov.tj дастрас намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷчатҳо 21 рӯз пас аз нашри эълони мазкур дар воситаҳои ахбори омма (то соати 17.00) муқаррар мешавад.