Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 феврали соли 2020 ба вазифаи Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
6 сентября соли 1970 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуд.
Аз солҳои 1991-1992 дар БТ «Экспресс-банк» кумитаи иҷроияи шаҳри Душанбе ва Идораи молияи ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе фаъолият дошт.
Солҳои 1992 - 1999 ба ҳайси менеҷер дар ҶСК «Сафар-Душанбе кор кардааст.
Аз 1999 то 2002 вазифаи мутахассис ва сармутахассиси Идораи молияи шаҳри Душанбе ба уҳда дошт.
Солҳои 2002 - 2010 вазифаи сармутахассиси шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.
Моҳи июли соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд.