C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Лоиҳаи “Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатии

Ҷумҳурии Тоҷикистон”

      

Ҷузъи дуюми Лоиҳаи Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Такмили низоми хариди давлатӣ, хариди электронӣ ва инфрасохтор” барои таҳкими сохтори институтсионалӣ ва танзимкунии низоми хариди давлатӣ, инчунин мусоидат ба рушд ва такмили низоми электронии хариди давлатӣ нигаронида шуда, аз ҷониби шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (IDA) – гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, Департаменти рушди байналмиллалии Британияи Кабир маблағгузорӣ карда мешавад. Ҷузъи мазкур аз ҷониби Агентии хариди давлатӣ мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад ва аз се зерҷузъ иборат мебошад:


1.      Зерҷузъи 2.1. Мукаммалгардонии қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ.

2.      Зерҷузъи 2.2. Баланд бардоштани неруи Агентии хариди давлатӣ мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3.      Зерҷузъи 2.3. Рушд ва такмили низоми хариди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Нақшаи амалигардонии ҷузъи дуюми Лоиҳа аз ҷониби роҳбарияти Агентии хариди давлатӣ мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2016 тасдиқ гардида, мавриди иҷроиш қарор дода шуд.

 

Чорабиниҳои банақшагирифташуда аз:

 

·        мукаммалгардонии қонунгузории соҳаи хариди давлатӣ;

·        дар заминаи лоиҳаи қонуни нав «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» таҳияи санадҳои зерқонун, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ барои навъҳои гуногуни хариди давлатӣ;

·        таъсиси хадамоти дастгирии истифодабарандагон, бо ибораи дигар кол-сентр;

·        харидории таҷҳизоти идоравӣ ҷиҳати беҳтар гардонидани фаъолияти Агентӣ;

·         мукаммалгардонии низоми электронии хариди давлатӣ, харидории таҷҳизоти серверӣ ва захиракунии маълумот;

·        ташкили сафарҳои хориҷӣ ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи байналмилалии беҳтарин дар соҳаи хариди давлатӣ ва хариди электронӣ;

·                   иборат мебошанд.

·                   Лоиҳаи мазкур то моҳи июли соли 2021 иҷро хоҳад гашт.