ҶАРАЁНИ ҲАМРОҲШАВИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН СОЗИШНОМАИ СОЗМОНИ УМУМИҶАҲОНИИ САВДО ОИД БА ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Мутобиқи банди 4 қисми II Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2014 №691 «Дар бораи Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо» Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳоро оид ба гирифтани мақоми “нозир” дар Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба хариди давлатӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати минбаъд ҳамроҳ шудан ба Созишномаи мазкур қабул намуд.
Моҳи июни соли 2014 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба хариди давлатӣ дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дорои мақоми “нозир” гашта, моҳи феврали соли 2015 ба Котиботи Созишномаи мазкур Пешниҳоди ибтидоиро, ки аз ҳафт замимаҳои фарогири ташкилотҳои харидор, мол, кор, хизматрасонии таҳти амали Созишнома қароршаванда иборат мебошад, ирсол намуд.
Аз замони ирсоли Пешниҳоди ибтидоӣ то инҷониб чандин даври гуфтушунидҳои дуҷониба ба кишварҳо-аъзои Созишнома баргузор гардида, ҳуҷҷати мазкур ҷиҳати наздик гардонидани мавқеи тарафҳо бо назардошти манфиатҳои иқтисодии кишвар ва таклифу эродҳои кишварҳо-аъзо Созишнома тасҳеҳ гардида, лоиҳаи Пешниҳоди ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардидааст.
Лоиҳаи Пешниҳоди ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Барои гирифтани маълумоти муфассал оид ба Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба хариди давлатӣ хоҳишмандем аз сомонаи СУС www.wto.org/Tradetopics/Governmentprocurement истифода намоед.