C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj
Дар доираи ҷузъи дуюми “Лоиҳаи Мукаммалгардонии Идоракунии Молияи Давлатӣ” лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатӣ” дар таҳрири нав тибқи зерҷузъи 2.1. Лоиҳа “Мукаммалгардонии қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ” таҳия гардида, бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии вазорату идораҳо ирсол гардидааст. Зимни таҳияи лоиҳаи қонун, уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамроҳшавӣ ба Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба хариди давлатӣ ва Протокол миёни давлатҳо-иштирокчиёни Шартнома оид ба минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011 дар бораи қоидаҳо ва расмиёти танзими хариди давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.
Лоиҳаи Қонун бо мақсади иҷрои банди 29-и Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 оид ба љалби ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ интишор гардида, Агентӣ пешниҳодоти ташкилотҳои ҷамъиятиро интизор аст.
Лоихаи Конун.doc