C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

10.10.2018

: 152

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ
ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Номгўи  мансабҳо
Дастгоҳи марказӣ:
        Бахши молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ: мутахассиси пешбар – 1 воҳид  (таҳсилоти олӣ дар соҳаи молия, муҳосибот, иқтисодиёт, собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос на кам аз 2 сол), маоши мансабӣ – 930 сомонӣ;
        Малакаи хуби кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист. Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд,  афзалият дода мешавад.
        Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони  роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);
- нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА);
- маълумотнома аз ҷои зист;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё ба суроғаи ш.Душанбе, кўчаи Шота Руставелӣ, 22 пешниҳод карда, маълумоти иловагиро оид ба низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ тавассути телефони 227-66-21 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj  дастрас намоянд.
Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то соати 17.00 баъд аз гузаштани муддати 21 рўз аз  нашри эълони мазкур дар васоити ахбори омма муқаррар мешавад.