C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

14.01.2019

: 256

11 январи соли 2019 дар Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Агентӣ Сироҷиддинзода Баҳриддин маҷлиси ҷамъбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа ҳисобот оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомот дар соли 2018 мавриди муҳокима қарор дода шуда, директори Агентӣ Сироҷиддинзода Баҳриддин изҳор дошт, ки дар соли 2018 мақомот фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти барномаҳои стратегӣ ва ҳадафҳои рушди миллӣ ба роҳ монда, дар соли 2018 ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлат дар соҳаи хариди давлатӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.
Ҳамзамон, доир ба ҳиссагузории мақомот дар самти татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида гардида, қайд гардид, ки бо ҷорӣ намудани низоми нави электронии хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ тавассути кам намудани монеаҳои маъмурӣ, коҳиш додани гардиши маводҳои қоғазӣ, таъмини эътимоднокии сарчашмаи маълумот ва ҳамгироии фаъолияти мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти молия ва андоз таъмин гардиданд.
Инчунин, дар рафти маҷлис фаъолияти воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Агентӣ ва бахшҳои минтақавии он натиҷагирӣ карда шуда, барои боз ҳам ҷоннок намудани фаъолияти кориашон аз тарафи роҳбарияти Агентӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.  
Дар фароварди ҷаласа директори Агентӣ ҷабҳаҳои мубрами Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиро ба ҳозирин ироа намуда, таъкид намуданд, ки кормандон дар доираи ваколату уҳдадориҳояшон барои татбиқи самараноки дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ бошанд.
Инчунин, аз ҳозирин масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъол дар татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба қадри истиқлолияти давлатӣ, татбиқи сиёсати давлат дар доираҳои алоҳидаи ҷамъиятӣ ва оила, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, гурӯҳҳои террористӣ ва даст задан ба ҷинояткорӣ тақозо гардид.
Дар маҷмуъ фаъолияти Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 қаноатбахш арзёбӣ гардида, ҷаласаи мазкур бо вазифагузорӣ барои нимсолаи аввали соли 2019 ва қабули нақшаи кории Агентӣ ҷамъбаст гардид.