C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

13.01.2023

: 41

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғол намудани мансаби холии маъмурии хизмати давлатӣ ОЗМУНИ кушод эълон менамояд:

Номи мансаб:

Бахши ҳуқуқ, такмил ва мониторинги хариди давлатӣ:

- мудир – 1 воҳиди корӣ (таҳсилоти олии касбии ҳуқуқшиносӣ, 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ), маоши мансабӣ – 1735, 85 сомонӣ.

Малакаи хуби роҳбарӣ, муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ ва як забони хориҷӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист.

Ба бонувону занҳо ва шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд, афзалият дода мешавад.

Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза ба унвони роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони дорои уҳдадории ҳарбӣ);

- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038);

- нусхаи гувоҳинома аз мақомоти андоз (РМА);

- маълумотнома аз ҷои зист;

- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);

- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ (аз Сармаркази иттилоотӣ-таҳлилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё бо суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Шотта Руставелӣ, 22 пешниҳод карда, маълумоти иловагиро дар хусуси низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ ба воситаи телефонҳои 227-66-21, 227-66-79 ё сомонаи https://zakupki.gov.tj дастрас намоянд.

Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷчатҳо 21 рўз пас аз нашри эълони мазкур дар воситаҳои ахбори омма (то соати 17.00) муқаррар мешавад.