C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj



Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуҷўъ  пайваст ва 9 сентябр расман Рўзи  Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрўз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас маҳсуб мешавад.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. 

Дар паҳнои замонҳо миллати мо аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ доштааст. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст.

Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Синову  Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

 

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои  пайгиронаи  созандагӣ,  азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии  миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият,  идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрўз ифтихор доранд аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати  мустақилият  соҳиби  рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем

 

Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ 
Дар соли 2019 аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, сармоягузориҳо, хизматрасониҳо, болоравии нархҳо дар бозори ҷаҳонии ашё ва фулузот, пешрафти иқтисодиёти давлатҳои шарикони тиҷоратӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ таъмин карда шуд.

Дар ин давра суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар сатҳи 7,1% таъмин карда шуда, ҳаҷми номиналии он ба 61093,6 млн. сомонӣ баробар гардид. 

Рушди мусбати иқтисодиёти ҷумҳурӣ аз ҳисоби афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 21,3 %, маҳсулоти кишоварзӣ 6,8%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,1 %, гардиши савдои чакана 6,6 % ва хизматрасонии пулакӣ 1,8% ва гардиши савдои хориҷӣ 1,1% таъмин гардидааст.

Дар соли 2017 таваррум дар сатҳи 6,7 % нигоҳ дошта шуд, ки он аз ҳисоби афзоиши нархи молҳои озуқаворӣ 7,5 %, молҳои ғайриозуқа 4,4 % ва арзиши хизматрасониҳои пулакӣ 7,7 % ба миён омад.

Дар соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 20,0 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 21,3%, аз ҷумла дар соҳаи саноати истихроҷ истеҳсоли маҳсулот ба 4,5 млрд. сомонӣ (22,5 %), соҳаи саноати коркард ба 11,7 млрд. сомонӣ (22,7 %) ва истеҳсол ва тақсими нерӯи барқ, газ, гармӣ ва обтаъминкунӣ 3,7 млрд. сомонӣ (16,5 %) баробар гардид.

Дар соли ҳисоботӣ дар сохтори маҳсулоти умумии соҳаи саноати ҷумҳурӣ ҳиссаи саноати истихроҷ  22,6 % (дар соли гузашта 19,8 %), саноати коркард 58,8 % (62,2 %) ва истеҳсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ, гармӣ ва об таъминкунӣ 18,6 %(18,0% )-ро ташкил намуд.

Дар соли 2017 бо истифода аз технологияҳои муосир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти нави саноатии воридотивазкунанда ба монанди фториди алюминий, кислотаи сулфат, криолит, каогулянт, ротбанд, халта ва хишти сабук истеҳсол карда шуд.

Истеҳсоли нерӯи барқ дар ин давра 18,1 млрд. кВт. соатро ташкил карда, нисбат ба соли гузашта  5,3 % афзоиш ёфт.

Истеҳсоли нерӯи гармӣ дар ҳаҷми 428,2 ҳазор Гкалл ба истеъмолкунандагон расонида шуд, ки нисбат ба соли гузашта 37,5 % зиёд мебошад.

Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ дар соли 2017 аз рӯи ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 24,6 млрд. сомониро ташкил  намуда, рушди воқеии он дар сатҳи 6,8 % таъмин гардид.

Аз он ҷумла, соҳаи растанипарварӣ ба 16,9 млрд. сомонӣ ва соҳаи чорводорӣ 7,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши онҳо мутаносибан ба 7,4 % ва 5,6 % баробар  гардидааст.

Мутобиқи маълумоти оморӣ дар соли 2017 ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 11208,5 млн.сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба  соли гузашта 4,1 % зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии маблағҳои асосии азхудкардашуда 4983,0 млн. сомонӣ маблағгузориҳои давлатӣ (44,5 %), 4460,5 млн. сомонӣ сармояҳои хориҷӣ (39,8 %) ва 1764,9 млн. сомониро дигар сарчашмаҳо (саҳмиягузорон, аҳолӣ, хоҷагиҳои фермерӣ  ва ширкатҳо) (15,7 %) ташкил намуданд.

Ба ҳолати 1 январи соли 2018 дар ҷумҳурӣ 68 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, аз ҷумла 25 лоиҳаи грантӣ, 14 лоиҳаи қарзӣ ва 29 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарзу грант ба маблағи умумии 24,9 млрд. сомонӣ (баробар ба 2,82 млрд. доллари ИМА) мавриди амал қарор дорад.

Дар  соли 2017 гардиши савдои чакана, таъмири автомобилҳо ва молҳои маишӣ дар давраи ҳисоботӣ 18934,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 6,6 % афзудааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолии ҷумҳурӣ дар соли 2017-ум 10799,1 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,8 % зиёд шудааст.

Зиёдшавии суръати рушд асосан аз ҳисоби хизматрасонии соҳаи нақлиёти мусофирбарӣ ба андозаи 8,1 %, маориф 1,4 фоиз, алоқа 4,8 % ва хизматрасонии тиббӣ 8,2 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар соли 2017 гардиши савдои хориҷӣ 3973,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо соли гузашта 1,1 % ё 43,2 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Дар ин давра содироти мол ба 1198,1 млн. доллари ИМА баробар гардид, ки нисбат ба соли гузашта 33,3 % зиёд шудааст. Воридоти мол бошад ба 2775,0  млн. доллар баробар шуда, нисбат ба соли гузашта 8,5 % коҳиш ёфтааст. Тавозуни манфии гардиши савдои хориҷӣ 1576,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давра Россия (23,6 %), Қазоқистон (21,1 %), Хитой (14,9 %), Туркия (8,5 %), Ӯзбекистон (3,2 %), Люксембург (3,1 %), Олмон (2,7 %), Афғонистон (2,5 %), Швейтсария (2,4 %), Эрон (2,3 %), Туркманистон (1,3 %), Қирғизистон (1,2 %) ва дигарон ба ҳисоб мераванд. Дар маҷмӯъ ҳиссаи давлатҳои аъзои ИДМ 52,5 % ва давлатҳои хориҷи дур 47,5 % ташкил медиҳанд.

 

Нишондиҳандаҳои асосӣ  cоҳаи энергетикаи Тоҷикистон
Захираҳои мавҷудаи  умумӣ 527млрд квт/соат дар як сол (ҷои 8-ум дар ҷаҳон, 4-ум дар сади захираҳои гидроэнергетикии умумиҷаҳонӣ)
Истеҳсоли миёнаи солонаи қувваи барқ 16.5 млрд.квт/соат (4-5 % аз захираҳои мавҷуда)
Тавоноии системаи энергетикӣ 5190 МВт (ҳиссаи нерўгоҳҳои барқии обӣ 4872 МВт-94%,  нерўгоҳҳои гармидиҳию барқӣ 318 МВт-6%)
Иқтидори лоиҳавии НБО-Роғун  360 МВт-13млрд.квт/соат – дар як  сол
Хароҷоти рушди соҳаи энергетика 15 % масрифи буҷа
Қувваи барқи иловагӣ дар тобистон 3-5 млрд.квт/соат
Камбуди энергияи барқ дар зимистон 2.5 млрд.квт/соат
Нарх барои аҳолӣ  2.32 сенти ИМА/1 квт/соат
Нарх барои корхонаҳои саноатӣ 5.61 сенти ИМА/1 квт/соат
Содироти энергияи барқӣ дар соли 2013 қариб  1 млрд.квт/соат / 34 млн. доллари ИМА
Захираи ангишт  4.5 млрд. тонна
Истеҳсоли ангишт дар соли 2013 дар ҳудуди 500,000 тон
Тоҷикистон дорои  захираҳои  бузурги энергияи барқии обӣ  мебошад, ки дар як сол 527 млрд.квт/соат ба ҳисоб меравад. Дар нақши фаннӣ захираи энергетикаи барқи обии Тоҷикистон дурнамои хуби рушдро дошта он  317 млрд.квт/соатро дар сол ташкил медиҳад, ки 4-5% танҳо дар айни замон  истифода мешавад. Бо иқтидори энергетикаи барқии обӣ Тоҷикистон ҷои 8-умро дар дунё пас аз Хитой, Россия, ИМА, Бразилия, Заир, Хиндустон ва Канада ишғол менамояд. Асоси энергетикаи Тоҷикистон бештар аз 95% энергияи барки обӣ ташкил медиҳад.  Иқтидори энергияи обии Тоҷикистон беш аз 3 баробар зиёдтар назар ба талаботи энергияи барки дар тамоми Осиёи Маркази мебошад. Ҳангоми самаранок истифода бурдани ин захираҳо минтакаро метавон бо ин энергияи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намуд.  Захираҳои асосии энергияи барқии обӣ дар манотиқи дарёи Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон ҷойгир аст.

 

 


Иқтидориси ситемаи энергетикии Тоҷикистон 5190 МВт-ро ташкил медиҳад.  Аз ҷумла ҳиссаи энергияи барқи обӣ  93,9% тамоми иқтидорҳои муайяншударо ташкил медиҳад. Ҳиссаи шабакаҳои гармидиҳӣ 318 мгвт, яъне танҳо 6.1% - ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи барқӣ дар энергосистемаи Тоҷикистон, ки асосан аз ҳисоби  истгоҳҳои барқи обӣ мебошад 16,5 млрд.квт/соатро ташкил медиҳад. Бояд қайд намуд, ки беш аз 98% и энергияи барқӣ, ки дар Тоҷикистон истеҳсол карда мешавад, аз ҳисоби НБО аз ҷумла 97%-и он аз неругоҳҳои бузургу миёна ба даст меояд

Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:

1 НБО Норак — бо иқтидори 3000 МВт2 НБО Бойғозӣ- бо иқтидори 600 МВт

3 НБО Сангтӯда – 1 — бо иқтидори 670 МВт

4 НБО Сангтӯда – 2 — бо иқтидори 220 МВт

5 НБО Сарбанд — бо иқтидори 240 МВт

6 НБО Шаршара — бо иқтидори 29,9 МВт

7 НБО Марказӣ — бо иқтидори 15,1 МВт

8 НБО Қайроққум — бо иқтидори 126 МВт дар Сирдарё

9 Силсилаи НБО Варзоб (НБО Варзоб-1,Варзоб-2 ва Варзоб-3) — бо иқтидори умумии 25,7 МВт.

10 Нерӯгоҳи Помир-1

11 Нерӯгоҳи барқи обии Роғун - 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун бо иқтидори 600 МВт ба кор дароварда шуд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст. 

12 Силсилаи НБО — и хурд: Дар соли 2010 истеҳсоли энергияи барқ 14 млрд. 614 млн.кВт. соатро ташкил мекард.

 

Дастовардҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Созмони илмию фарҳангии СММ (ЮНЕСКО) низ ба дастовардҳое дар заминаи муаррифии осори фарҳангию таърихии миллати тоҷик ноил шуд, ки ба чанде аз онҳо ишора мекунем:
соли 2002 пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе ба ҳайси “Шаҳри сулҳ” сазовори ҷоизаи ЮНЕСКО гардид;
соли 2003 “Шашмақом” ҳамчун мусиқии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба ҳайси шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият ба феҳристи ЮНЕСКО ворид карда шуд;
соли 2010 бо қарори 34-умин ҷаласаи Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шаҳраки қадимаи «Саразм» ба феҳристи мероси фарҳангии умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд; 
соли 2013 бо қарори 36-умин ҷаласаи Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи Мероси табии Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид;
соли 2013 дар шаҳри Париж дар қароргоҳи ЮНЕСКО муаррифии китоби «Меъмори сулҳ», ки ба саҳми пурарзиши Президенти Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил дар кишвар бахшида шуда буд, баргузор гашт;
соли 2013 бо эътирофи пайравии пайваста ба ҳадафҳои ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, аз ҷумла тавассути ташаббусҳо оид ба пешбурди ҳамкорӣ ва муколамаи байналмилалӣ дар соҳаи об, табодули донишҳои илмӣ ва мусоидат ба пешрафт дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ва ҳадафҳои рушди дар сатҳи байналмилалӣ ҳамоҳангшуда, Созмони ЮНЕСКО Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Медали ҷашнии "60-солагии ЮНЕСКО" сарфароз гардонид;
соли 2013 дар ш. Париж дар рафти 37-умин иҷлоси Конфронси генералии ЮНЕСКО ҷашнҳои 3000-солагии Ҳисор, 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон) ва 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ба феҳристи ҷашнҳое, ки бо иштироки ЮНЕСКО дар солҳои 2014-2015 таҷлил мешаванд, ворид гардиданд.
Бояд гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва  азму  иродаи давлати он, бавижа ташаббусҳо ва пешниҳодоти  созандаву  некбинонаи  Эмомалӣ Раҳмон дар  ҷодаи  ободию осоиштагии на танҳо Тоҷикистон, балки минтақа ва ҷаҳон нигоҳи боэътимоду  хайрхоҳона дорад. Бешак, ин навъи нигариш ба Тоҷикистон, роҳро барои барқарории равобити созанда бо кишварҳову созмонҳои байналмилалӣ ва нақшофарии мамлакати мо дар арсаи минтақаву ҷаҳон дар оянда низ ҳамвор месозад.
Миллати мо тӯли солҳои пас аз истиқлолият рӯзҳои сангинеро паси сар кард ва аз онҳо барои ояндаи худ таҷрибаҳои арзишманде бардошт, ба гирдоби офату сахтиҳо гирифтор шуд, вале бо тадбиру дурандешии Пешвои маҳбуби худ аз миёни амвоҷи пурталотуми ҳаводис солим берун омад. Инак, Тоҷикистон ба оромтарину босуботтарин кишвари минтақа табдил ёфта, бо азму иродаи матин ба сӯи ояндаи шукуфон роҳ мепаймояд.
Имрӯзҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили глобалӣ ва таъсиргузор дар танзими равандҳои сиёсии минтақа мешиносанд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон қадамҳои устуворе гузошта, бо пешбурди сиёсати мантиқӣ ва пешниҳодҳои созандааш мавқеи худро истеҳком бахшид ва дар оянда низ бо қадамҳои устувортаре дар паҳнои олам нақшофарӣ хоҳад кард.

 

Соҳаи нақлиёти Тоҷикистон
Дар тӯли солҳои истиқлолият инфрасохтори иқтисодиёти кишвар, аз  ҷумла нақлиёт яке аз заминаҳои асосӣ ва муайянкунандаи рушди иқтисодӣ ба ҳисоб меравад.
Инкишофи соҳаи нақлиёт дар навбати худ воситаи мусоидат ба савдои дохилӣ ва хориҷӣ буда, омили асосии рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар мансуб меёбад.
Бино бар ин, аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолӣ роҳбарият ва Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистонро яке аз авлавиятҳои рушд муайян намуда, дар доираи Стратегияи аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистонро муайян намуд, ки он дар Паёми ҳарсолаи Президенти мӯҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010 дарҷ гардид.
Стратегияи мазкур ду самти асоси фаъолияти соҳаро дар бар мегирад:
якум,  ташаккули  шабакаи ягонаи роҳҳои автомобилгарди дохили кишвар ва пайваст намудани он ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ;
дуюм, ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия ва Созишномаҳои байналмилалӣ оид ба равобити нақлиётӣ.  
Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла,  роҳҳои мошингарди Кӯлоб - Хоруғ - Кулма - Қароқурум (Шоҳон–Зиғар ва Шкев–Зиғар), Душанбе – Қурғонтеппа – Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои Истиқлол, Озодӣ, Шаҳристон ва Чормағзак анҷом ёфта, роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Чаноқ, Ваҳдат – Ҷиргатол   Саритош (сарҳади Қирғизистон) Айнӣ-Панҷакент, Душанбе-Турсунзода дар арафаи амалшуда қарор доранд.
 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи расмӣ ба нӯҳ Конвентсия ва созишномаҳои байналмилалӣ шомил гашт:
Конвентсияи байналмилалӣ оид ба мутобиқатнамоии назорати ҳамлу нақли мол аз сарҳадот;
Конвентсияи байналмилалӣ оид ба ҳаракат дар роҳ;
Конвентсияи байналмилалӣ оид ба нишонаҳои огоҳкунанда дар роҳҳо;
Конвентсияи байналмилалӣ оид ба расонидан ва нигоҳдории молҳо;
Конвентсияи байналмилалии гумрукӣ оид ба ҳамлу нақли молҳо ба воситаи дастури TIR;
Созишномаи Аврупоӣ оид ба ҳамлу нақл ва расонидани молҳои хатарнок дар роҳ;
Созишномаи байнидавлатӣ оид ба озуқаҳои тезвайроншаванда ва воситаҳои нақлиётии махсус барои расонидаи чунин намуди молҳо;
Созишномаи Аврупоӣ оид ба фаъолияти воситаҳои нақлиётии хизматрасон дар шоҳроҳҳои байналмилалӣ; 
Созишномаи оид ба ворид намудани техникаи бехатарӣ барои воситаҳои нақлиёт, инчунин қисмҳои эҳтиётӣ барои воситаҳои нақлиёт.
Дигаргунсозиҳо дар соҳаи авиатсияи гражданӣ низ амалӣ гардида, барои ширкатҳои авиатсионии ватаниву хориҷӣ фазои рақобати озод ва бозори хизматрасониҳои авиатсионӣ фароҳам оварда шуд. Бо мақсади мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва роҳ ёфтани ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ба бозори байналмилалӣ ислоҳоти сохтории ин соҳа гузаронида шуд. Ин иқдом, имкон дод, ки дар соҳаи ҳавопаймоӣ заминаи устувори инкишоф ба вуҷуд ояд.

 


Парки тайёраҳои ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон   «Тоҷик Эйр», «Сомон Эйр»  «Ист Эйр» ва ширкатҳои ҳавопаймои хориҷӣ Turkish Airlines, Fly Dubai, China South Airlines, Kam Air, Osmon Air, Utair, Ural Airlines, Sibir Airlines батадриҷ нав шуда истодааст. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба зиёда аз 20 шаҳру 11 кишвари хориҷи дур ва наздик парвоз анҷом медиҳанд ва ҷуғрофияи парвозҳояшонро торафт васеъ менамоянд.

 

Варзиш дар Точикистон

Соли 1991 Федератсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши маъюбони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуд ва он соли 1996 узви Кумитаи паралимпии ҷаҳон гардид. Соли 2003 Кумитаи паралимпии Тоҷики¬с¬тон таъсис ёфт. Варзишгарони маъюби тоҷик мунтазам дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, ба на¬тиҷаҳои назаррас ноил мешаванд. Соли 1990 варзишгари нобино С. Ҳам¬дамов дар мусобиқаи шоҳмотбозон (Итолиё) чемпиони ҷаҳон гардид. Июни 1994 С. Ё. Боев дар Супермарафони байналмилалӣ ба масофаи 9000 м иштирок карда, сазовори ордени «Мардонагӣ»-и Федератсияи Руссия шуд. Соли 2004 вазнбардор П. Одинаев дар Бо¬зиҳои паралимпии Юнон (Афина) ҷойи 8-умро гирифта, ба қатори 10 вазнбардори беҳтарин дохил гардид. Соли 2006 дар ш. Душанбе Чемпионати Осиё оид ба даст¬хобонӣ доир гардид, ки дар он варзишгарони маъюби тоҷик соҳиби 5 медали тило, 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ шуданд. Соли 2006 тими мунтахаби варзишгарони маъюби Тоҷи¬ки¬стон дар Бозиҳои паралимпии Малайзия (Куала-Лумпур) иштирок кард. Майи 2006 З. Розиқова дар Чемпионати ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ ҷойи ифтихории чорумро гирифт. Соли 2007 дар Чемпионати Осиё варзишгарони тоҷик соҳиби 3 медали тило, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гаштанд. А. Қодиров ва А. Хӯҷамқулова чемпиони Осиё шуданд. Ҳамон сол дар Итолиё варзишгар А. Қодиров дар мусобиқаи даст¬хобонӣ медали бирин¬ҷӣ гирифт. Соли 2008 низ дастаи мунтахаби варзишгарони маъюби Тоҷикистон дар Бо¬зиҳои паралимпии Хитой (Пекин) иштирок кард. Федератсияи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши маъюбон якҷоя бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2002 ҳар сол оид ба намудҳои мухталифи варзиш мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мекунад. Соли 2009 дар шаҳри Душанбе оид ба даст¬хобонӣ ва тенниси рӯйи миз, дар шаҳри Кӯлоб дар вазнбар-дорӣ, дар ноҳияи Шаҳринав дар шоҳмоту шашка мусоби¬қаҳо, инчунин байни шогирдони мактабҳои махсус (мак¬табҳо барои бачагони имкониятҳояшон маҳдуд) спартакиада доир шуд

Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷики­с­тон ба руш­ди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тар­ғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Дар ҷумҳурӣ аз соли 2006 ҳар сол Рӯзи дави миллӣ ва аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт ниммарофони байнал­мила­лӣ доир мешавад. Аз рӯи намудҳои мухталифи В. мусобиқаҳо ва чемпионати ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор мегарданд. Солҳои охир бо даъвати Президенти кишвар ва дастгирии мақомоти маҳаллию соҳибкорон варзишгоҳҳои бисёр шаҳру ноҳия­ҳо аз нав тармим карда, дар баъзе ноҳияҳо вар­зишгоҳҳо ва толорҳои варзиши нав сохта ба истифода дода шуданд. Ин амал имрӯз ҳам идома дорад. Дар ҷумҳурӣ беш аз 1 млн нафар наврасону ҷавонон ба варзиш машғуланд (2013). Варзишгарони То­ҷи­кистон соли 2012 дар мусобиқаҳои гуногуни варзишии байнал­милалӣ 423 медал, аз ҷумла 118 медали тило, 120 медали нуқра ва 185 медали биринҷӣ ба даст оварданд.