C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Шахсиятҳои барҷастаи Тоҷикистон

 

Дар Тоҷикистон ҳамеша санаҳоро, ки солгарди таваллуд ё фавти шахсони маъруфе, ки дар як замон дар кишвари мо зиндагӣ мекарданд, ҷашн мегиранд. Ва барои он ки дар хотираи хамаи мо монанд,он шахсоне ки дар Тоҷикистон нишонаҳои дурахшони худро гузоштанд, мо ин санаҳоро номбар мекунем.

Абу Иброҳим Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ (форсӣ: ابو ابراهیم اسماعیل بن احمد‎), (апрел 849, Фарғона — вафот 24 ноябр 907, Бухоро) - аз хонадони Сомониён, асосгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон - Давлати Сомониён. Исмоили Сомонӣ солҳои 874 – 892 - волии Бухоро ва солҳи 892 - 907- амири Мовароуннаҳру Хуросон ва давлати Сомониён буд. Исмоили Сомонӣ, амири сулолаи Сомониён, солҳои 874 то 892 волии Насри I Сомонӣ дар Бухоро ва баъди вафоти бародараш Насри I, аз соли 892 амири мутлақи Давлати Сомониён гардид. Ҳанӯз дар аҳди Насри I Сомонӣ, Исмоил ибни Аҳмад саъю кӯшиш намуд, ки дар Бухоро ҳокими мутлақ гардад. Дар натиҷа байни ӯ ва Насри I зиддият ба амал омада, он бо задухурди ҳарбӣ анҷом ёфт. Ҳарчанд Наср сарвари хонадони Сомонӣ буд, вале рӯз аз рӯз обрӯву эътибори Исмоил боло мерафт. Дар ин миён Исмоил кӯшишҳои мустақилона амал карданро шурӯъ кард. Суханчинҳо ин зиддиятҳоро бештар карда, миёни ду бародар тарҳи душманӣ меафканданд. Сабаби сарзадани моҷаро сарпечии Исмоил аз пардохтани хироҷи Бухоро ба Наср – сарвари Хонадони Сомониён буд. Оқибат миёни бародарон Наср ва Исмоил соли 888 задухӯрди мусаллаҳона сурат гирифта, бо пирӯзии Исмоил ба анҷом расид, вале Исмоил ба бародари асирафтодааш чун пешвои хонадон муроҷиат карда, миёни мардум низ маҳбубияти бештаре касб кард.Соли 892 Наср аз дунё рафт ва мувофиқи васияти ӯ Исмоил сарвари Хонадони Сомониён ва амири Давлати Сомониён (Мовароуннаҳр) гардид. Хизматҳои таърихии Исмоили Сомонӣ:

-дузду ғоратгарони дохилиро дар давлаташ нест кард;

-ба ҳуҷуми ғоратгаронаи қабилаҳои бодиянишини турк хотима гузошт;

-соҳибистиқлолияти давлати тоҷиконро ба даст даровард;

-тоҷикони Мовароуннаҳру Хуросонро ба давлати ягона муттаҳид намуд.

                Давлати Сомониён, давлати аввалини тоҷикон, ки асри IX дар Мовароуннаҳру Хуросон ба вуҷуд омада буд (875—999). Ба он намояндаи сулолаи Сомониён Аҳмад ибни Асад асос гузошт. Замони мавҷудияти Давлати Сомониён дар таърихи халқи тоҷик давраи азнавбарқароршавии иқтисодиёт ва маданияти Мовароуннаҳру Хуросон баъди ҳукмронии якунимасраи хилофати Аббосиён ба шумор меравад. Дар натиҷаи меҳнати деҳқонон ва ҳунармандон дар мамлакат қувваҳои истеҳсолкунанда ба дараҷаи баланд тараққӣ карданд. Дар ин давра муносибатҳои ҷамъиятии феодалӣ ғалаба карда, раванди ташаккули халқи тоҷик ба охир расид, давлати он ба вуҷуд омад ва маданияти моддию маънавии халқ инкишоф ёфт. Ин давраи инкишофи шаҳрҳои қадимии шарқ — Бухоро, Самарқанд, Марв, Нишопур, Ҳирот, Балх, Хуҷанд, Бунҷикат, Ҳулбук, Шумон ва ғ. буд. Ибтидои асри IX дар натиҷаи пурзӯр шудани ҳаракати зидди хилофат Аббосиён маҷбур шуданд, ки ба баъзе вилоятҳо ҳуқуқи худидоракунӣ диҳанд. Дар Мовароуннаҳр намояндагони сулолаи Сомониён пурқувват гардиданд. Давлати Сомониён дар аҳди ҳокимони Мовароуннаҳр Аҳмад ибни Асад ва писари ӯ Наср комилан ташаккул ёфт. Дар давраи Исмоил ибни Аҳмад Давлати Сомониён ба давлати мустақили мутамарказ табдил ёфт. Сомониён охири асри IX ҷангҳои байниҳамдигарии ҳокимони маҳаллиро барҳам дода, тамоми Осиёи Миёнаро ба даст дароварданд. Ҳудуди Давлати Сомониён дар Шимол то дарёи Талас тӯл кашида, дар Ғарб. вилоятҳои Эрони Шимолӣ ва Шарқиро дарбар мегирифт. Мамлакат дар давраи Наср ибни Аҳад (Насри 11) (914—943) ба дараҷаи баланди тараққиёт расид. Махсусан баъди сулҳи байни Абӯалии

Чағонӣ ва бо Нуҳ ибни Наср (январи с.949) Давлати Сомониён ҳамчун давлати мутамарказ ташаккул ёфт.

                Сабабҳои асосии таъсисёбии давлати Сомониён :

-Оғози давраи пирӯзии муносибатҳои феодалӣ дар Осиёи Миёна.

-Авҷ гирифтани ҷараёни мазҳабии шуубия — ҷараёни оппозитсионӣ нисбат ба ҳукмронии арабҳо.

-Шӯришҳои пай дар паи халқои Осиёи Миёна ба муқобили хилофати Араб.

-Бо қувваи аслиҳа дар сари итоат нигоҳ дошта натавонистани халқҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр аз ҷониби арабҳо.

-Ба умури давлат ҷалб шудани аъёну ашрофи маҳаллӣ (Бармакиён , афшинҳои Истаравшан, Тоҳириён ).

-Ба мухторият соҳиб шудани вилоятҳои шарқии хилофат, аз он ҷумла мулкҳои Хуросон -у Мовароуннаҳр

-Мавқеи мустаҳкам пайдо намудани забони тоҷикӣ дар Хуросон -у Мовароуннаҳр .

-Муттаҳидшавии қавму қабилаҳои эронзабони Осиёи Миёна, суръат пайдо намудани раванди ташаккули халқи тоҷик.

-Ба миён омадани умумияти ҳудуди этникӣ, забонӣ ва фарқангии аҷдоди тоҷикон.

-Мавҷудияти анъанаҳои бои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии форсу тоҷик.

 


Абу Абдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ (форсӣ: ابوعبدالله جعفر بن محمد بن حکیم‌ بن عبدالرحمن‌ بن آدم رودکی‎ маъруф ба Одамушуаро (858 — 941, Панҷрӯд, Мовароуннаҳр) — бунёдгузори адаби форсӣ, нахустин шоъири машҳури порсисарои Эронзамин дар давраи Сомониён.  Бунёдгузори адабиёти порсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯд аз тавобеъи Самарқанд (бинобар ин дар баъзе сарчашмаҳо Рӯдакии Самарқандӣ низ меноманд), ки акнун рустое аз ноҳияи Панҷакент дар вилояти Суғд аст, ба дунё омадааст. Таърихи ҳазору сад солаи адабиёти тоҷик бо номи бунёдгузори он устод Рӯдакӣ сахт вобаста аст. Рӯдакиро муосиронаш ва суханварони баъдина бо унвонҳои ифтихорӣ: Одамушуаро форсӣ: آدم الشعرا‎ Қофиласорои назми форсӣ, Соҳибқирони шоирон, Султони шоирон, Мақаддумушуаро ва ҳамсони инҳо ёд мекунанд. Асосгузор ва сардафтари адабиёт аслан маънои онро надорад ки пеш аз дигарон асар эҷод карда бошад.

Устод Рӯдакӣ бо хидматҳои бузургаш ба ин мақоми таърихӣ расидааст. Рӯдакӣ дар таърихи фарҳанги халқи тоҷик аввалин суханваре аст, ки таҷрибаҳо ва муваффақиятҳои гузаштаи худро дар соҳаи адабиёти форсӣ ҷамъбаст кардааст. Рӯдакиро яке аз асосгузорони жанрҳои назми форсӣ - достон, рубоӣ, қасида, байт, ғазал ва диг. пазируфтаанд. Устод Рӯдакӣ дар тӯли зиндагии худ мероси бузурги адабӣ боқӣ гузошта, яке аз шоирони пуркору пурбортарини замони худ будааст. Осори бадеиву таърихии суханвари панҷрӯдиро Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобу-л-албоб» сад дафтар ва Асадии Тӯсӣ (тав. 1005-1010 - ваф. 1073) дар қасидаи мунозиравии худ «Араб ва Аҷам» яксаду ҳаштод ҳазор байт баршумурданд. Шояд дар ин гуфтаҳо муболиға роҳ ёфта бошад, аммо ҳамаи ин далели он аст, ки мероси бузурги устод Рӯдакӣ на танҳо бо муҳтавои баланду ҳунари шоирӣ, инчунин бо ҳаҷму андозааш ҳанӯз дар асрҳои XII-XIII суханварони баъдиро дар ҳайрат гузошта будааст тасодуфӣ нест, ки Рашидии Самарқандӣ устод Рӯдакро сарвари шоирони забардаст номидааст.

Барои гиромидошти номи устод А. Рӯдакӣ дар гӯшаву канори Тоҷикистон номи яке аз ноҳияҳо ба номи Рӯдакӣ гузошта шудаасту, дар вилояту ноҳияҳо хиёбону кӯчаҳову ва маҳалҳои аҳолинишин номгузорӣ карда шудаанд. Дар пойтахт ш. Душанбе Боғи Устод Рӯдакӣ, хиёбони марказии шаҳр ба номи Хиёбони Рӯдакӣ, муҷассамаи А. Рӯдакӣ дар хиёбони номбурда, якчанд муассисаҳои давлатӣ номгузорӣ шудаанд. Ҳазорҳо нусха китобу нашрияҳо дар бораи эҷодиёти А. Рӯдакӣ пайваста маводҳои илмиву бадеӣ ҳамасола нашр карда истодаанд. Рузи 22- юми сентябр хамчун Рузи Рудаки чашн гирифта мешавад .


 

Абу Алӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Син - Абӯ Алӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Сина, (форсӣ: ابوعلى سينا‎; (16 августи соли 980, деҳаи Афшана наздики Бухоро — 18 июни соли 1037, Ҳамадон) — яке аз бузургтарин донишмандон ва пизишкони садаҳои миёна ва ҳамчунин ахтаршинос, кимиёдон, заминшинос, мантиқдон, деринашинос (палеонтолог), риёзидон, физикдон, шоир, равоншинос, файласуф, муаллим ва адиби бузурги форсу тоҷик аст.

Вай беш аз 450 рисолаи илмӣ навиштааст, ки то замони мо танҳо 240-то аз он маҳфуз мондаанд. Ин рисолаҳо тамоми соҳаҳои илмро фароҳам гирифта, хусусан, 150-тояшон дар илми фалсафа ва беш аз 40-тои дигар дар илми пизишкӣ ҳастанд. Маъруфтарин асарҳои ӯ «Китобу-ш-Шифо» ва «Китобу-л-Қонун фит-Тибб» ҳастанд, ки аз бузуртарин донишномаҳои илмӣ ва фалсафии ҷаҳон буда ва дар донишгоҳҳои Урупо то асри 19 истифода бурда шудаанд.

Абуалӣ ибни Сино дар рушди илми тиб саҳми бениҳоят арзандае гузоштааст, ки аз таҷрибаҳои худ, илми пизишкии олими юнонӣ Гален, метафизикаи Арасту (Сино яке аз тафсиргарони асосии Арасту буд), илми пизишкии Эрони бостон, Байнаннаҳрайн ва Ҳинди бостон сарчашма гирифта, онҳоро ҳамҷоя андӯхтааст. Сино ҳамчунин падари пизишкии мудерн ва дорушиносии болинӣ шумурда мешавад.

Вай боз асосгузори мантиқи синоӣ, мактаби фалсафии синоӣ аст. Ӯ ҳамчу падари мафҳуми фундаменталии физикии моменти ҷисм низ маъруф аст. Вайро ҳамчунин «падари геология» низ мешиносанд, ки дар қонуни суперпозитсияи геологӣ саҳми арзанда гузоштааст. Абуалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Ӯ гоҳ чун табибу файласуф, баъзан ба сифати фақеҳу вазир, ҳатто замоне чун маҳбуси зиндони ҳаёт умр ба сар бурд, чун надими хосси подшоҳону маликон низ рӯзгор гузаронидааст. Аммо ӯ лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажӯҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набуд.

Абӯалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996—997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва хам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X—XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абӯалӣ ниҳоят зиёд аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896—1966) миқдори асарҳои Абӯалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари у нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абӯалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад. Асари «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, дар 20 ҷилд, «Алҳосил вал маҳсул» дар 20 ҷилд, «Китобушшифо» дар 18 ҷилд, «Лисонулараб» дар 10 ҷилд, «Ал-Қонун» дар 5 китоб, «Наҷот» дар 3 ҷилд эҷод шудаанд. Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои ӯро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард:

1. Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ.

2. Асарҳо оид ба тиб.

3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.

4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.

 

Омар Хайям Нишапури. (форсӣ: عُمَر خَیّام نیشابوری‎; 18 май 1048, Нишопур — 4 декабри 1131[4], ҳамон ҷо) — ҳаким, файласуф, риёзидон, мунаҷҷим ва шоири форсу тоҷик. Ғиёсуддин Абулфатҳ Умар ибни Иброҳими Хайёми Нишопурӣ зодаи 28 урдибиҳишти соли 427 ҳиҷрии шамсӣ (баробар бо 18 майи соли 1048 милодӣ) дар шаҳри Нишопури Эрон аст. Умари Хайём фиқҳро дар миёнсолӣ дар маҳзари Имом Муваффақи Нишопурӣ омӯхт. Ва низ улуми ҳадис, тафсир, фалсафа, ҳикмат ва нуҷум (ситорашиносӣ)-ро дар ҳамон авон фаро гирифт. Ва ба ин далел ба ӯ Хайём мегуфтанд, ки падараш ба шуғли хаймадӯзӣ машғул будааст.

     Хайём аз бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меомад ва дорои ҳуше фавқулода буда ва ҳофизае нерӯманд доштааст. Вай дар замони давлати Салҷуқиён зиндагӣ мекард, ки қаламрави ҳукумати онон аз Хуросон гирифта то Озарбойҷон ва кишварҳои Рум, Ироқ ва Яманро шомил мешуд. Хайём дар улуми мухталиф китобҳои боарзише навиштааст. Ӯ дар замони худ дорои мақом ва шӯҳрате баланд будааст ва муосирони ӯ ва низ мутаъаххирон ҳама вайро ба лақабҳое чун: Ҳаким, Хоҷа, Имом, Файласуф, Ҳуҷҷатул-ҳақ, Шайхул-Имом, Ашшайхул-Аҷалл, Аллома, Қудватул-фазл (Улгуи фазилат), Султонул-уламо, Маликул-ҳукамо, Имоми Хуросон ва ғайра сутудаанд.

     Хайём дар ҳудуди соли 449 таҳти ҳимоят ва сарпарастии Абутоҳир, қозиюлқузоти Самарқанд, китобе дар риёзиёт таҳти номи «Рисолатун фил-бароҳин ало масоилил-ҷабри вал-муқобала» (дар бораи муъодилоти дараҷаи сеюм) нигошт ва аз он ҷо, ки бо Хоҷа Низомулмулк робитаи некӯ дошт, ин китобро пас аз нигориш ба Хоҷа тақдим кард. Пас аз ин даврон, Хайём ба даъвати Султон Ҷалолуддин Маликшоҳи Салҷуқӣ ва вазираш Низомулмулк ба Исфаҳон меравад, то сарпарастии расадхонаи Исфаҳонро ба ӯҳда бигирад. Ӯ 18 сол дар он ҷо муқим мешавад. Дар ҳамин авон, муҳимтарин ва таъсиргузортарин асари риёзии худро бо номи «Рисолатун фи шарҳи мо ушкила мин мусодароти Иқлидус»-ро менависад ва дар он хутути мувозӣ ва назарияи нисбатҳоро шарҳ медиҳад. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Хайём ҳангоме ки Султон Санҷар, писари Маликшоҳ дар кӯдакӣ ба обила гирифтор буда, вайро дармон кардааст. Аз назари сиёсат низ воқеаҳои муҳимме дар асри Хайём рух дод, ки аз ҷумлаи онҳо суқути давлати Оли Буя, қиёми давлати Салҷуқӣ, ҷангҳои салибӣ ва зуҳури ботиниён аст. Хайём бештари умри худро дар шаҳри Нишопур гузаронд ва дар тайи даврони ҳаёти худ фақат ду бор аз Нишопур хориҷ шуд. Сафари аввал барои анҷом додани маросими ҳаҷ будааст. Саранҷом ин донишманди бузург дар соли 510 хуршедӣ дар шаҳри Нишопур дори фониро видоъ мегӯяд. Мақбараи ӯ ҳамакнун дар шаҳри Нишопур дар боғе қарор гирифтааст.

     Ба далели шӯҳрати оламгири Ҳаким Умари Хайём, китобҳо, рисолаҳо ва мақолаҳои бисёре дар бораи вай ба таҳрир даромадааст, аммо дар ғолиби ин осор умдатан ба ҷанбаи шоирӣ ва рубоиёти ӯ пардохта шуда ва буъди фалсафӣ, каломӣ ва динии таълифоти ӯ мағфул монда ва ё ба сурати боиста мавриди баррасӣ ва таҳлил қарор нагирифтааст. Аз ин рӯ, Хайём дар рӯзгори мо, бештар ба унвони шоир ва рубоисаро шинохта шуда, то ҳаким ва файласуф ва донишманди динӣ, ҳол он ки вай дар асри хеш ба унвони файласуф ва мунаҷҷим ва риёзидон ва фақеҳ ва олими динӣ шинохта мешуд, на ба унвони шоир, чунонки лақаби Имом, Ҳаким, Ҳуҷҷатулҳақ ва ғайра, ки дар китобҳои муосирони Хайём дар бораи ӯ ба кор рафтааст, гувоҳи чунин иштиҳорест. Ҳам Низомии Арӯзии Самарқандӣ, нависандаи китоби «Чаҳор мақола» — ки бино ба тасреҳи худаш, дар соли 506 ҳ.қ дар шаҳри Балх бо вай дидор доштааст — чунин алқоберо дар бораи вай ба кор мебарад ва ҳам Алӣ ибни Зайди Байҳақӣ муаллифи «Татиммату савонил-ҳикма». Бештари касоне, ки дар асри мо ба баҳсу пажӯҳиш дар бораи Хайём пардохтаанд, рубоиёти ӯро дар меҳвари таҳқиқот ва довариҳои худ қарор додаанд ва бидуни таваҷҷӯҳ ба осори дигари Хайём — ки дарбаргирандаи дидгоҳҳои фалсафӣ ва каломии ӯст — ба табйини муҳтаво ва дарунмояи рубоиёти вай бархостаанд. Ва ба ҳамин сабаб, афкореро ба вай нисбат додаанд, ки бо муҳтавои дигар осори бозмонда аз вай созгорӣ надорад.

     Зиёда аз нуҳсад сол мешавад, ки ному осор ва фалсафаи Умари Хайём диққати ҷаҳониёнро ба худ мекашад. Метавон як силсила алоқамандони тарҷума ва таҳқиқи осори Умари Хайёмро бо муҳаббат ном бурд, ки онҳо умри хеш сарфи омузиши зиндагинома ва рубоиёти Умари Хайём гардонидаанд. Муҷассамаи Ҳаким Умари Хайём 4 августи 2016 дар Острохони Русия насб шуд. Дар саҳни бинои СММ дар Вена муҷассамаи Умари Хайём ҳамроҳ бо 3 донишманди бузурги тоҷику форс — Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳон Берунӣ ва Закариёи Розӣ гузошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе яке аз боғҳо, «Боғи фарҳангию фароғатии Хайём» номгузорӣ шудааст.

 

Ҳаким Абулқосим Мансур Ҳасан Фирдавси Туси (форсӣ: حکیم ابوالقاسم منصور حسن فردوسی توسی‎; 935—1020) — шоири форсу тоҷик. Сарояндаи «Шоҳнома» — ҳамосаи миллии мардуми эронитабор ва яке аз бузургтарин шоъирони форсигӯй аст. Бар пояи дидгоҳи бештари пажӯҳишгарони имрӯзӣ, Абулқосим Фирдавсӣ дар соли 940 милодӣ дар рустои Бож дар шаҳристони Тус дар Хуросон дида ба ҷаҳон кушодааст.

     Зодсоли Абулқосим Фирдавсӣ дар 940 м аз онҷо дарёфта шудааст ки дар яке аз сурудаҳои Абулқосим Фирдавсӣ метавон замони чирагии Султон Маҳмуди Ғазнавӣ бар Эронро дар соли 387 ҳиҷрии қамарӣ (баробар бо 375 хуршедӣ ва 996 милодӣ) метавон шумурд: Номи вай ҳама ҷо Абулқосим Фирдавсӣ шинохта шуда ва номи худашро дар бунмояҳои куҳантар, монанди «Аҷоибулмахлуқот» ва «Торихи гузида» (Ҳамдуллоҳ Муставфӣ) ва севум муқаддимаи куҳани «Шоҳнома», «Ҳасан» навиштаанд. Манобеъи камэътибортар, ҳамчун тарҷумаи арабии Биндорӣ, муқаддимаи дастнависи Флоренс ва муқаддимаи «Шоҳномаи Бойсунқурӣ» (ва навиштаҳои баргирифта аз он) номи вайро «Мансур» ҳам гуфтаанд. Номи падараш низ дар «Торихи гузида» ва севумин муқаддимаи куҳани «Шоҳнома» «Алӣ» гуфта шудааст. Муҳаммадамин Риёҳӣ пас аз баррасии куҳантарин бунмояҳо, ном «Ҳасан ибни Алӣ»-ро пазируфтанӣ дониста аст ва ин номро бо қаринаҳои дигаре ки вобастагии Фирдавсиро ба яке аз фирқаҳои шиъа мерасонад, созгортар дониста аст. Абулқосим Фирдавсӣ яке аз номдортарин шоирони порсӣ ба шумор меравад. Аз маъруфтарин осори Вай «Шоҳнома» аст ки дар муддати 35 сол навишта шудааст. 

     Фирдавсии бузург асари худро дар замоне навишт, ки давлати бузург ва муттамаркази тоҷикон – Сомониён дар натиҷаи кашмакашиҳои дохилӣ ва таҳдиди аҷнабиёни чодарнишини рӯ ба рӯ ба парокандаги ниҳода буд. Вай дар синни 35 солагӣ пас аз он ки ба Бухоро ва дигар ҷойҳо сафар карда, бар иловаи «Шоҳномаи Абӯмансурӣ» дар бораи гузаштаи халқҳои Эрон маълумоти муфассал ҷамъ овард, ба танзими хамосаи худ «Шоҳнома» шурӯъ намуд,. Эҷоди достон, аз рӯи ишоратҳои мухталиф аз 20 то 35 сол буда , таҳрири авалаш дар соли 994 ба итмом расида, таҳрири дуюмаш, ки ин дам пешкаши султон Маҳмуд гашта буд, соли 1010 поён ёфтааст ва то замони мо ҳамин таҳрири дуюм омада расидааст. Мундариҷаву мӯҳтавиёти достон – таърихи Эрон аз оғоз то ба тассаллути араб, ба таъбири дигар – таърихи то исломии Эрон ва халқҳои ориёӣ аст.

     «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ яке аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонист. Фирдавсии бузургвор зиёда аз сӣ соли умри азизашро барои офарида- ни ин китоби нодир сарф намудааст. Дар ин муддат шоири таърихдўст замони беғамии ҷавониро ба пирии пурташвиш иваз кардааст. Муаллифи «Чаҳор мақола» Низомии Арӯзии Самарқандӣ қайд мекунад, ки дафтарҳои алоҳидаи дастнависи дуюми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз варақҳои калони коғази аълосифати Самарқанд тайёр карда шудааст. Бояд гуфт, ки он замон дар Самарқанд коғази аълосифат истеҳсол карда мешуд. Аммо нархи он коғаз бисёр баланд буд. Аз ин сабаб, на ҳамаи аҳли қалам аз он истифода мебурданд.

     Бисёре аз муҳаққиқони адабиёт «Шоҳнома»-ро ба се қисм ҷудо кардаанд: мифологӣ, қаҳрамонӣ ва таърихӣ. Ҳамчунин, ба фикри муҳаққиқон, «Шоҳнома» дар асоси «Худойнома» нависта шуда, Фирдавсии бузургвор бо ду мақсад асари мазкурро эҷод намудааст: дубора эҳёву зинда кардани таърихи халқи форсу тоҷик ва тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ аз забони арабӣ. Ҳар ду мақсад ҳам барои нигаҳдории маънавият ва халқи мо хизмати бузург кардааст.

 

 

Эмомали́ Рахмо́н (порсӣ: امام‌علی رحمان‎, то 21 марти соли 2007 — Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович; тав. 5 октябри соли 1952, Данғара, Вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон, СССР) — сиёсатмадори тоҷик, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1992—1994), аз соли 1994 — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат (аз 25 декабри соли 2015 Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст. Падари Эмомалӣ Раҳмон — Шариф Раҳмонов дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуда, бо Ордени Шараф дараҷаи 2-ум ва 3-юм сарфароз гаштааст. Модараш — Майрам Шарифова дар синни 94 солагӣ дар соли 2004 даргузашт.

     Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ, муроот менамояд.

     Ҳамзамон, дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузург ва саривақтианд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаи таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ниҳоят, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли қазияи Афғонистон, ки ба пойгоҳи терроризму экстремизм табдил ёфта буд, рӯ овард.) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният низ муносибати дурбинона ва ҷиддӣ дорад. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005-2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон кард. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.

     Хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ ӯ ба гирифтани Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии Профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор дониста шудааст. Ӯ дар ҷаҳон аввалин сиёсатмадорест, ки ин мукофоти олиро соҳиб гардидааст.

     Соли 2005 дар арафаи ҷашни Ваҳдат боз як ҷоизаи олӣ-медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият насиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гардидааст.

     Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои гуногун ҳамчунин бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст) — ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Меценаты столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқутии «Миротворец» (Сулҳовар), Медали тиллоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) -и ЮНЕСКО, Ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Абрешим, Медали тиллоии ба номи Николай Блохин -мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Нишони Покистон — олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардонда шудааст.

Бояд хотиррасон кард, ки Тоҷикистон бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуда аз империяи бузурги собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мероси ночизе гирифт, ҷанг беш аз сад миллион долларро ташкил дод, бештар аз 120 ҳазор одамон ҷонҳои ширини хешро аз даст дода, иқтисод ва буҷети мамлакат ба сифр баробар шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон тавассути сиёсати сулҳофару созанда ва дарҳои кушод таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба Тоҷикистон ҷалб сохт. Эълони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси кишвари демократӣ, дунявӣ ва ягона имкон дод, ки сиёсати дохилию берунии мамлакатро таҳти раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон аксар кишварҳои абарқудрату нерӯманд лаббайк гӯянд.

     Дар баробари муваффақиятҳои бадастомада мушкилотҳои мавҷуда низ сол то сол аз байн рафта, сокинони Тоҷикистон дар атрофи Президенти интихобкардаи хеш Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳидтар гашта, барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол фидокоронаю аз сидқи дил заҳмат мекашанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ  Раҳмон чун шахсияти барҷастаю эътирофшудаи сиёсии ҷаҳонӣ баъди пирӯзӣ дар интихоботи навбатии президентии соли 2013, ҳангоми савгандёдкунӣ, бори дигар иброз дошт, ки ӯ барои шукуфоию сарсабзии Ватани соҳибистиқлоламон ҷоннисорӣ хоҳад кард. Бале, ӯ яке аз фарзандони сарсупурда, шуҷоу далер ва Қаҳрамони Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Миллати мо барҳақ бо Эмомалӣ Раҳмон, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат аст, ифтихор мекунад.

     Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ, халқу миллат ва ватанашро чун фарзандонаш аз дилу ҷон дӯст медорад. Баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш ҷонашро фидо мекунад. Ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад. Аз ин ҷост, ки ӯро халқ дӯст медорад ва чун Роҳбари давлат эътироф мекунад.

     Ҳамин дӯстдории ӯст, ки халқ ӯро дар рӯзи интихоботи навбатӣ аз сари нав сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

     Тӯли зиёда аз бисту  ну соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлат будани мавсуф кишварамон рушд ёфта, симояшро ба куллӣ дигар намуд. Аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфтем. Садҳо корхонаю муассисаҳои истеҳсолӣ бунёд гардиданд. Пулу нақбҳо ва роҳҳои ҳамвор чор тарафи ватанамонро ба ҳам пайвастанд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ овард, ки ин ҳама шаҳодати соҳибназарӣ, ақли гиро ва заковати худододаи ӯст.


 

     Бобоҷон Ғафурович Ғафуров  Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).  31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ш. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ оилаи меҳнатдӱст, падараш Сангинов Ғафур деҳқон ва коргари роҳи оҳан (соли вафот 1935) ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод (Розия Бойматовна Ғафурова) таъсири мусбӣ расонидаанд. Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд. Фаъолияти илмӣ-эҷодии Б. Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ бояд исбот мешуд, ки халқи тоҷик бо меҳнати шоёнаш дар тамаддун аз давраҳои қадим маълум ва машҳур аст.

     Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии ш. Самарқанд ва cолҳои 1931-1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории ш. Москва буд. 1930-1931 дар Комисариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» кор кардааст. Солҳои 1938-1941 аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ мағул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1938 дар Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омӯзгори иқтисоди сиёсӣ буд. Аз соли 1939 то соли 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод таърихи халқҳои ИҶШС таълим медод. Аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори таърихи Инстиути таърих, забон ва адабиёти шӯъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.[1] Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи вазифаи директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи "Осиё ва Африка" - ро бар ӯҳда дошт. Бо сарварии Б. Ғафуров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил дода шуд.

     Бо кӯмаки амалии ӯ гурӯҳи муаллифон бори аввал таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб навишта, солҳои 1963-1965 дар нашриёти «Наука»-и Москва чоп намуданд. Академик Бобоҷон Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд. Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Қарочи, Варшава ва ғ. бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзӯъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Профессор, мактаби калон ва эътирофшудаи шарқшиносиро асос гузошт. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи чун "Таърихи халқи тоҷик" ва «Тоҷикон» ҷо мегиранд, ки ба тоҷикӣ ва русӣ мунташир шудаанд. Аллома Бобоҷон Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ «Тоҷикон» миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари Шоҳномаи А. Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд.

 

     Садриддин Айни (27 апрели соли 1878 - 15 июли соли 1954) - бунёдгузори адабиёти шуравии тоҷик, нависанда, олим, академик ва нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951–1954), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон, академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон. Қаҳрамони Тоҷикистон (1997) . Ҷоизаҳо ва мукофотҳо:

• Ҷоизаи дараҷаи дуюм дар Сталини (1950) - барои китоби "Хотираҳо" ("Бухоро");

• Се ордени Ленин;

• Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат;

• Ходими шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон;

• Академики фахрии Академияи илмҳои ҶШС Ӯзбекистон;

• Қаҳрамони Тоҷикистон;

• Ордени «Буюк хизматлари учун» (Узбекистон, 2001) — пас аз марг.

     Асарҳои бадеӣ: Соли 1920 якумин қиссаи мусаннади худ «Ҷаллодони Бухоро»-ро навишта, дар заминаи корбасти санаду далелҳои муътамади таърихӣ разолату ҷаҳолат ва ҳодисаву фоҷиаҳои хунбори вопасин рӯзҳои аморати Бухороро ҷасурона фошу мазаммат кардааст. Баъдан қиссаи «Саргузашти як тоҷики камбағал ё ки Одина»-ро ба қалам оварда, қисмҳои аввали онро солҳои 1924–1925 дар рӯзномаи «Овози тоҷик» чоп кунондааст. Соли 1927 қиссаи мазкур таҳти унвони «Одина» дар шакли китоби алоҳида чоп шудааст.  Нахустин романи ӯ «Дохунда» соли 1930 аз чоп баромад, ки лаҳзаву лавҳаҳои дилхароши зиндагонии пешазинқилобию даврони инқилоб ва ҷангу хунрезиҳои ҳамватаниро фаро гирифта, муборизаи халқи тоҷикро дар роҳи озодӣ ва бунёди ҳаёти нав воқиъбинона ба тасвир овардааст. Соли 1935 калонтарин романи ӯ «Ғуломон» интишор ёфтааст, ки ҳаёти беш аз садсолаи халқамонро инъикос намуда, дар бораи чӣ тавр аз ҳолати мазлумӣ ба зиндагонии саодатманди сотсиалистӣ расидани мардумро равшану зиндаву гӯё ҳикоят кардааст. Солҳои 1935–1940 чанд асари дигари мансур офаридааст, ки қиссаҳои мусаннади ёддоштии «Мактаби куҳна»-ву «Ятим» аз он ҷумлаанд.  Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941–1945) Устод як силсила ҳикоя, очерки таърихӣ ва мақолаи публитсистӣ таълиф намуда, вуҷуди ватандӯстони тоҷикро ба ҷӯшу хурӯш овардааст ва адовати сӯзонашонро нисбат ба фашизм аланга бахшидааст. Дар тӯли солҳои 1949-1954 асари чорҷилдаи тарҷумаиҳолии «Ёддоштҳо» ба табъ расид, ки дар авроқи он муҳимтарин лаҳзаҳои таърихи ҳаёти халқи тоҷик дар охирҳои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтаанд.

 

 

Нусратулло Лутфуллаев (Нусратулло Махсум)  яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ ҶШС Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, дорандаи унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии бекигарии Қаротегин (Аморати Бухоро) дар оилаи камбағал таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷавонӣ ба шаҳрҳои Қуқанд ва Фарғонаи кишвари Туркистон сафар карда, чун ҳаммол кор кардааст. Дар давраи инқилоби якуми Русия, солҳои 1905-07 Нусратулло Махсум дар корпартоиҳо ва намоишҳои коргарони шаҳри Қуқанд ширкат варзидааст. Соли 1920 баъди инқилоби халқӣ - демократии Бухоро ва аз тахт афтодани амири Бухоро ба қатори муборизони роҳи таҳкими Ҳокимияти Шӯроӣ дар Бухорои Шарқӣ дохил мешавад. Соли 1921 то 1923 чун ваколатдори кумитаи озуқаи ҶХС Бухоро дар таъмини аскарони сурх ширкат карда, ҳамчунин дар муборизаи зидди босмачигарӣ дар Ғарм ва Душанбе иштирок кардааст. Сипас ба ҳайси раиси коммисиюни фавқулодаи мутаадиди Бухорои Шарқӣ, раиси КИМ-и Бухорои Шарқ ва раиси кумитаи инқилоби ҶМШС Тоҷикистон кор кардааст.

     1 декабри соли 1926 дар анҷумани якуми муассисони Шӯроҳҳои умумитоҷикии коргарон, деҳқонон ва аскарони сурх, Нусратулло Махсум, якдилона ба вазифаи раиси мақоми олии давлатӣ – Комитети Иҷроияи Марказии ҶМШС Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 1929 баъди таъсиси Ҷумхурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон раиси КИМ-и ҶШС Тоҷикистон интихоб гардида, то декабри соли 1933 дар ин вазифа кор кардааст. Сипас ба ихтиёри КМ ВКП (б) фиристода шуда, дар академияи ба плангирии Москва таҳсил намудааст. Солҳои 1926-1930 аъзои КМ ҲК (б) Ӯзбекистон, 1930-1933 аъзои бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон, 1927-1934 аъзои КИМ ИҶШС буд. Одамони ҳамзамону ҳаммаслакони Нусратулло Махсум : Абдуқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов, Шириншо Шотемур, Файзулло Хочаев, Абдулло Раҳимбоев, Ашӯров Урунбой, Абдуллоев Сайфулло, Исмоилов Иброхим, Анваров Саидаҳмад, Мавлонбеков Аҳмадбек, Абдураҳим Ҳоҷибоев буданд.

     Ӯ бо як қатор мукофотҳои Ҷумҳурии Бухоро, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ордени "Байрақи Сурх", мукофонида шудааст. Соли 1937 ба гирдбоди «душмантарошӣ» афтода, 1 ноябри соли 1937 ба қатл расонида шудааст. Декабри соли 1958 бо қарори Коллегияи ҳарбии Суди Олӣ ва хулосаи Прокурори Генералии ИҶШС бегуноҳ бароварда шуда, 26 июли соли 1964 дар сафи ҳизби коммунистӣ аз нав барқарор гардидасст.

     27 июни соли 2006 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами № 1773 ба Нусратулло Махсум унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳрамони Тоҷикистон  дода шуд.

 

Мирсаид Миршакар - шоир ва дроманависи шӯравии тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (1962), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1964). Ходими барҷастаи давлатию ҷамъиятӣ, вакили Совети Олии ҶШС Тоҷикистон, узви КМ ҲК Тоҷикистон, раиси Кумитаи республикавии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви Президиуми Кумитаи шӯравии ҳамдилӣ бо мамолики Осиёву Африқо, узви бебадали раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. 

     Мирсаид Миршакар  5 майи соли 1912    дар  деҳаи  Синдеви  ноҳияи  Шуғнони  ВМКБ  дар  оилаи деҳқони чорводор таваллуд ёфтааст. Дар мактаби миёнаи қишлоқи Поршнев ва баъд дар мактаб-интернати шаҳри Хоруғ таълим гирифтааст. Соли 1930 Мактаби партиявии Душанберо хатм карда, муддате дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» фаъолият бурдааст. Дар сохтмони Вахш иштирок намудааст, муддате муҳарририи рӯзномаи «Зарбдори сохтмони Вахш»-ро бар уҳда доштааст. Ба сохтмони Вахш достони «Байрақи озодӣ»-и ӯ бахшида шудааст. Аз соли 1937 котиби масъул, муҳаррири рӯзномаи «Васияти Ленин». Аз соли 1940 то 1943 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ. Ҳамчун сардори кумитаи репертуарии идора оид ба корҳои санъати Шӯрои комиссарҳои халқии Тоҷикистони Шуравӣ фаъолият дошт. Аз соли 1946 то соли 1959 котиби масъули Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистони Шӯравӣ ва муовини мудири шӯъбаи агитатсия ва пропагандаи Кумитаи марказии ҲК ҶШС Тоҷикистон. Се дафъа котиби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Солҳои зиёд раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Соли 1993 дар ш. Душанбе вафот кардааст.

     Аз охири солҳои 30-юм бештар барои бачаҳо шеър гуфтааст. Достони «Мо аз Помир омадем» (1939) беҳтарин асари барои бачагон офаридаи ӯст. Аввалин асари ҳаҷман бузургу шоистаи ӯ достони машҳури «Қишлоқи тиллоӣ»-ст, ки пеш аз ҷанг ба навиштани он шурӯъ карда, соли 1942 ба итмом расондааст. Ин асар баробари нашраш ба фонди тиллоии адабиёти шӯравӣ дохил гардида, ба ҳамаи забонҳои халқҳои ҷамоҳири бародарӣ тарҷума ва чоп шудааст. «Кишлоқи тиллоӣ» дар таҳияи худи муаллиф борҳо дар саҳнаҳои театрӣ пешкаши тамошобинони ҷавон гардидааст. Мирсаид Миршакар соли 1950, барои достонҳои «Қишлоқи тиллоӣ» ва «Панҷи ноором» сазовори Мукофоти давлатии СССР гардидааст. «Ленин дар Помир» (1955) аз достонҳои дигари муассири ӯст, ки нахустин бархӯрдҳои инқилобии кӯҳистони Бадахшонро бозгӯ мекунад ва дар заминаи он, дар таҳияи худи муаллиф ва И. Филимонова, филми ҳунарӣ бардошта шудааст. Солҳои пасин достонҳои нави ӯ «Дугонаҳо» (1961), «Дашти лаванд» (1961), «Ишқи духтари кӯҳсор» (1962), «Чашмони Ленин» (1964), «Авроқи муҳаббат» (1975), «Исёни хирад» (1979) «Зинда бод ханда!» (2012) ва ғ. Дастрас ва мақбули умум гардидаанд. Мирсаид Миршакар, ҳамчунин, муаллифи чандин қиссаҳои бадеию фантастикӣ, осори сершумори саҳнавӣ ва мақолаҳои проблемавӣ мебошад, ки мақоми ӯро дар адабиёти даврони шӯравии тоҷик устувору шӯҳраташро сазовор гардонидаанд.

Ҷоизаҳо:

• Ҷоизаи давлатии ИҶШС (Сталинӣ) (1950),

• Шоири халқии Тоҷикистон (1962),

• Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (1964),

• Ҷоизаи Комсомоли Тоҷикистон (1972),

• Ду ордени «Ленин»,

• Ду ордени «Парчами Сурхи мехнат»,

• ордени «Инқилоби Октябр»,

• ду ордени «Нишони фахрӣ»,

• ордени «Дӯстии халқҳо»,

медалҳо ва Ифтихорномаҳои фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

 

     Шириншо Шотемур арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шӯравӣ Шириншоҳ Шоҳтемур фарзанди деҳқон аз деҳаи Поршиневи волости Шуғнон (Помири ғарбӣ) аморати Бухоро аст. Ӯ соли 1899 ба дунё омадааст. Волидонаш ба ғаллакорӣ шуғл варзида зиндагии хеле қашшоққона доштанд. Тахминан соли 1908 ё соли 1909, вақте Шириншоҳ ки 8-9 сола буд, волидонаш аз олам гузаштанд. Аслу насаби падараш аҳли рӯҳонист, ки он дар номи насаби ӯ низ акс ёфтааст. Маънои ҳиссачаи «шо» - саид, ё худ вориси бевоситаи Муҳаммад аст. То дувоздаҳсолагӣ дар назди бародараш умр ба сар бурдааст. Аз соли 1911) ба интернати назди омӯзишгоҳи русӣ-маҳаллии Хоруғ, ки дар Кӯҳистони Бадахшон бори аввал кушода шуда буд, дохил гардида, дар он 4 сол аз ҳисоби давлати русҳо хондааст. Зимистон таҳсил дошта, тобистон дар назди сардори отряди Помир кор мекард – гулҳоро об медод. Аз 14-солагӣ бо меҳнати хеш зиндагӣ мекард. 

     Пас аз ба итмом расондани мактаб моҳи маи с. 1921 дар ҳайати 500 нафари ба ном «студентони пролетарӣ» аз тарафи КИМ-и Туркистон ба ш. Қуқанди Фарғона ва аз Қуқанд ба комитети тақсимоти (разверсткаи) озуқавории Хуҷанд фиристонда шуда, дар разверсткаи озуқавории волости Дилварзин ширкат дошт. Баъди дуним сол - 10 июл бо телеграммаи Турк - ЦИК ба ш. Тошканд ҷеғ зада шуда, ба сифати коркуни масъул аз узви сегонаи ҳарбию сиёсӣ 18 июли с. 1921 ба Помир (Бадахшони Кӯҳистон) равона гардид. Солҳои 1921-22 узви сегонаи мазкур ва аз октябри с. 1922 сардори он буд. Моҳи августи с. 1923 ҳангоми расидан ба Тошканд бо назардошти он ки аз с. 1921 то с. 1923 дар Помир буд, бо Туркистон алоқааш канда шуд, аз комиссияи тозакунии сафҳои ҳизб нагузашт ва уязвияташ бекор шуд. Моҳи август бо дархостнома ва маводҳои зарурӣ ба комиссиюни ҳизбии сарҳадии фронти Туркистон муроҷиат карда, зимистон с. 1923, моҳи декабр ба воситаи комиссиюни назоратии Туркистон аз комисияи назоратиии Москва нусхаи фармонро дар бораи барқарор кардани ҳуқуқи уязвияти ҳизбии худ аз с 1921 – ро гирифт. Аз октябри с. 1923 то 5 августи с. 1924 корманди бойгонии назди котиботи СКХ Республикаи Туркистон, аз 5 августи с. 1923 то ноябри ҳамин сол инструктори кишоварзии шӯъбаи таҳтонии аққалиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқ ва тарғиби КМ ҲК Туркистон буд. То тақсимоти миллӣ дар таъсиси инспексияи маорифи тоҷик дар ш. Тошканд кор кард. Баъди тақсимоти миллӣ-ҳудудии Осиёи Миёна (c/ 1924) ва таъсиси ҷумҳуриҳои миллӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон, Ш. Шоҳтемур узви бюрои Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон таъин гардида, ба ш. Душанбе ба кор фиристонда шуд. 

     Дар ин замон – дар нимаи якуми солҳои 20-ум Шириншоҳ Шоҳтемур аввал дар котиботи Шӯрои Комиссарони Халқӣ, сипас ба ҳайси инструктори шӯъбаи таҳтонии ақаллиятҳои миллии шӯъбаи ташвиқотиву тарғиботии КМ ҲК(б) ҶМШС Туркистон кор карда, ҳамчунин узви Президиуми Кумитаи инқилобии тоҷик буд.

     Шириншо Шотемур як аз пешвоёни он шуд - ӯ дар ҳукумат (комиссари халқӣ оид ба молия ва ғайра) ва дар кумитаи вилоятии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон Ӯзбекистон вазифаҳои гуногунро иҷро мекард. 

     Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, 9 сентябри соли 2006, пас аз вафоташ ба дараҷаи олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

 

 

     Ҷаббор Расулович Расулов - ходими ҳизбӣ ва сиёсӣ, Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1946—1961, Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон дар солҳои 1961—1982. Ӄаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ (1981). Аъзои ҲКИШ (1939) узви КМ ҲКИШ (1961—1982). Вакили Шӯрои Олии ИҶШС ва Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон.  Ҷаббор Расулов 10 июли 1913 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Донишкадаи пахтакории Осиёи Миёнаро (1934) хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро ҳамчун агрономи стансияи хоҷагии қишлоқ(1934—1938) саркарда, сипас ба ҳайси сардори идора, ҷонишини комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1938—1941), намояндаи Комиссариати халқии маҳсулоттайёркунии ИҶШС дар Тоҷикистон (1941—1945), комиссари халқии зироати ҶШС Тоҷикистон (1945—1946) кор кардааст.

     Ҷаббор Расулов ба таърихи То- ҷикистон ҳамчун арбоби бузурги давлатӣ ва партиявӣ ворид гардидааст. Тараққиёти Ҷумҳурӣ ва дастовардҳои бузург ба номи Ҷаббор Расулов тааллуқ доранд. Чунки ӯ беш аз 30 сол ба сифати роҳбари Ҷумҳуриамон фаъолият намудааст. Даҳ сол ба сифати Раиси Совети Вазирони РСС Тоҷикистон ва 21 сол ба ҳайси Котиби якуми Кумитаи Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон меҳнати пурмаҳсул кардааст. Дар давраи роҳбари ' Ҷумҳурӣ будан Ҷаббор Расулов якчанд маротиба ба ноҳия ташриф оварда ба меҳнаткашон, алалхусус, ба деҳқонони зарофар маслиҳатҳои муфид додааст.

     Солҳои 1946—1955 Ҷаббор Расулов ба ҳайси сарвазири Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон — Раиси Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ҳамзамон вазири корҳои хориҷии ҶШС Тоҷикистон фаъолият намудааст. Сипас, дар вазифаи ҷонишини якуми Вазири хоҷагии қишлоқи ИҶШС (1955—1958), котиби КМ ПК Тоҷикистон (1958—1960) кор кардааст. Ӯ аввалин шахсест аз Тоҷикистон, ки ҳамчун Сафири Фавқулода ва Мухтори ИҶШС дар Ҷумҳурии Того (1960 — 1961) адои вазифа намудааст.

     Охирин мансаби давлатии ӯ вазифаи Сарвари ҶШС Тоҷикистон — Котиби якӯми Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон буд, ки солҳои 1961—1982 ба ухда дошт. Ҷаббор Расулов дар синни 69 солаги ҳангоми иштирок дар анҷумани Комсомоли ленинии ҶШС Тоҷикистон аз бемории сактаи дил ҷон додааст. 4 апрели соли 1982 дар ш. Душанбе вафот карда дар боғи Айнии пойтахт ба хок супурда шудааст. 

     Як ноҳия дар вилояти Суғд, хоҷагие дар ноҳияи Хуросон, мактаби миёнае дар ш. Хуҷанд, хиёбоне дар ш. Душанбе номи ӯро доранд ва дар бинои Ҳукумати ҷумҳурӣ лавҳаи ёдгориаш гузошта шудааст.

 Ҷоизаҳо: 

• 9 ордени Ленин;

• ордени Инқилоби Октябр;

• ордени Байрақи Сурхи Меҳнат;

• ордени Ҷанги Ватанӣ дараҷаи II;

• 2 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.