Цветовая схема: C C C C
Размер шрифта: A A A
Изображения:

 

Хариди электронии давлатӣ дар Тоҷикистон:

Моҳият, Бартарият ва Хусусияти зиддикоррупсионӣ

Хариди давлатӣ низоми муносибатҳое мебошад, ки дар фазои он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, муассисаю ташкилот ва корхонаҳои давлатӣ тибқи қоидаҳои муқаррашуда бо бахши хусусӣ вориди робита гардида, дар маҷмӯъ эҳтиёҷоти давлатро ба мол, кор ва хизматрасонӣ қонеъ менамоянд.

Бинобар он, ки ҳиссаи маблағҳои ба хариди давлатӣ ҷудошаванда дар таркиби буҷети давлат ҳаҷми назаррасро ташкил медиҳад, интизор меравад, ки ҳукумати ҳар кишвар ин маблағҳоро бо мақсади таъмини сифати баланди хизматрасонӣ ва ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятӣ самаранок харҷ менамояд. Маҳз бо инобати муҳиммияти истифодаи оқилонаи маблағҳои давлатӣ, дар Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 тасдиқ карда шудааст, омадааст, ки “Низоми хариди давлатӣ дар ҷараёни инкишоф қарор дошта, он барои Тоҷикистон мушкилоти ҷиддиро пеш меоварад. Бояд рушди хариди давлатӣ идома ёфта, ҳамаи имкониятҳои мавҷудияти коррупсия дар ин соҳа бартараф гардад ва механизми мустаҳками идоракуниву назорат  ташкил карда шавад.”.

Дар Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 зарурияти идомаи пешрафти низоми хариди электронии давлатӣ дарҷ гардидааст: “Бо дар назар доштани таҷрибаи кишварҳои пешқадам, ки тадриҷан технологияҳои иттилоотии зуд-зуд ихтироъшавандаро татбиқ менамоянд, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати такмили минбаъдаи низоми хариди электронӣ бо расидан ба сатҳи нави ҳамгироӣ бо низомҳои иттилоотии мақомоти давлатӣ ва бонкҳо тадбирҳо андешад.”.

Дар ин ҷода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳоеро андешида истодааст, ки сиёсати давлатиро баҳри истифодаи самаранок ва сарфакоронаи маблағҳо ташаккул дода, ҷиҳати рушди устувори соҳа дар давраи миёнамуҳлат заминаи ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодиро бо назардошти механизмҳои зиддикоррупсионӣ фароҳам оварда истодааст.

Яке аз воситаҳои муассире, ки дар ҷаҳон баҳри муқовимат ба коррупсия тадриҷан роҳандозӣ шуда истодааст, низоми электронии хариди давлатӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки низоми электронии хариди давлатӣ дар таърихи рушди соҳаи хариди давлатӣ падидаи нисбатан нав буда, дар охири солҳои 90-уми асри гузашта бори нахуст ҷорӣ гардид. Бо мурури замон ва рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ, имкониятҳои низоми электронии хариди давлатӣ васеъ гардида, дар даҳҳаи дуюми асри 21 истифодаи он дар кишварҳои ҷаҳон тадриҷан паҳн гардида истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба татбиқи технологияҳои иттилоотӣ зимни анҷом додани хариди давлатӣ аҳамияти хоса зоҳир намуда, бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои заруриро дар ин самт андешид. Дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2012, ки зимни он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ҳангоми хариди молу маҳсулот вазифа гузошта шудааст, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2012 №759 Барномаи хариди электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 қабул ва мавриди татбиқи қарор дода шуда буд.

 

Минбаъд, бо дарки бартариятҳои хосаи низоми электронии хариди давлатӣ, бо банди 70 Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 тақвияти низоми харидҳои электронӣ ва муттамарказонидани ҷараёни мазкур пешбинӣ гардида, бо ин мақсад дар асоси банди 22 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2016 №531 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017» ҷиҳати ба пуррагӣ бо низоми хариди давлатии электронӣ фаро гирифтани хариди давлатӣ ва банди 29 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2018, №34 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ва вазифаҳо барои соли 2018” оид ба ҷорӣ намудани Портали ягонаи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати пурра, мутташакилона ва марҳила ба марҳила ба низоми электронии хариди давлатӣ гузаштани ташкилоти харидор ва молрасонону пудратчиён роҳандозӣ карда шудаанд.

 

Албатта, ба шаҳрвандони мамлакат, ки бо супоридани андозҳо ба буҷети давлат ҳуқуқи донистани раванди истифодаи маблағҳоро доро мебошанд, муҳим он аст, ки низоми электронии хариди давлатӣ чи аст ва ба кадом андоза манфиатбахш мебошад. Ба ин метавон гуфт, ки  низоми электронии хариди давлатӣ низомест, ки бо татбиқ намудани технологияҳои иттилоотии муосир тамоми ҷараёни хариди давлатиро шаффоф карда, тавсеаи рақобати номаҳдуд миёни молрасонону пудратчиён барои таҳвили мол, кор ва хизматрасонӣ ва ҳисоботдиҳии давлатро назди ҷомеаи шаҳрвандӣ  таъмин менамояд.

 

Мусаллам аст, ки дар ҷоринамоии бомуваффақи ҳар навоварӣ нақши тарғибу ташвиқот калидӣ буда, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдори давлатии соҳа муайян карда шудааст, тавассути таҳия ва пахши видеоролики махсус дар шабакаи телевизиони кишвар ҷомеаи шаҳрвандиро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат хабардор намуда, барои иштироки номаҳдуди молрасонону пудратчиён ва истеҳсолкунандагони ватанӣ дар Портали хариди электронии  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал баровард.

 

Бо мақсади ба роҳ мондани фаъолияти харидорӣ дар саросари ҷумҳурӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, низоми электронии хариди давлатӣ солҳои 2017-2018 мавриди такмил ва озмоиш қарор дода шуда, шурӯъ аз соли 2019 Портали ягонаи хариди электронӣ https://eprocurement.gov.tj ҷорӣ карда шуда, аз соли 2021 Портали мазкур мукаммал ва азнав роҳандозӣ гардид. Пешрафти Тоҷикистон дар роҳандози чунин низоми муосир аз ҷониби шарикони рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёгии Рушд боиси изҳори қаноатмандӣ аз рафти ислоҳоти соҳа гардида, Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд онро дастоварди бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намудаст.

 

Натиҷаҳое, ки бо тарҳрезӣ, таҳия ва роҳандозии Портали ягонаи хариди электронӣ ҳадаф гузошта шуда буданд, инҳоянд:

 

ü    афзоиши сарфаи маблағҳо ва таъмини самаранокии харидҳои давлатӣ;

ü    дар муҳити шаффоф баргузор намудани расмиёти хариди давлатӣ;

ü    пешгирии ҳолатҳои содир намудани кирдорҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ;

ü    фароҳам овардани шароити мусоид барои молрасонону пудратчиён ҷиҳати иштироки озод дар озмунҳо бо ҳамзамон бартараф намудани эҳтимолияти эҷод намудани монеаҳо;

ü    мураттабсозии ҷараёни идоракунии хариди давлатӣ дар тамоми марҳилаҳо;

ü    коҳиш додани гаронии маъмурӣ бо роҳи паст намудани хароҷот ва вақти барои хариди давлатӣ сарфшаванда, инчунин содаю қуллай гардонидани расмиёт;

 

Дар робита ба ҳадафҳо, зимни таҳия ва роҳандозии Портали ягонаи хариди электронӣ вазифаҳои гузршташудаи зерин, ки аз ҷумла баҳри муқовимат ба коррупсия равона гардидаанд, иҷро шудаанд:

ü    Бақайдгирии молрасонону пудратчиён тавассути ҳамгироии Портали ягонаи хариди электронӣ бо низоми иттилоотии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бақайдигирӣ ба таври худкор бо ворид намудани РМА ва дастрасии маълумот бевосита аз Феҳристи  ягонаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ амалӣ мегардад. Тартиби мазкур имкониятҳои ба таври сунъӣ роҳ надодани соҳибкоронро ба раванди озмунҳо пурра бартараф намуда, бақайдгирии иштирокчиён дар асоси танҳо равандҳои техникӣ, яъне бидуни таъсири омили инсонӣ, сурат мегирад, ки яке аз принсипҳои муҳимтарини ташкили расмиёти хариди давлатӣ ба ҳисоб меравад.

 

ü    Дастрасии бемамонияти маълумоти марбут ба озмунҳо дар утоқи шахсии иштирокчӣ. Чунин имконият қаблан зимни анҷом додани харидҳо тибқи низоми анъанавӣ (дар шакли коғазӣ) вуҷуд надошт, ки боиси ба таври пурра бархӯрдор нагардидани довталабони эҳтимолӣ аз имкониятҳо мегардид. Тамоми маълумот ҳоло бо гурӯҳбандии мушаххас ба дилхоҳ шахси манфиатдор дастрас мебошад.

 

ü    Дастрас намудани ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва ирсоли пешниҳоди озмунӣ аз ҷониби иштирокчиён тавассути модули электронӣ, ки хавфи маҳдуд намудани иштироки шахси манфиатдорро бартараф месозад. Дар низоми анъанавии хариди давлатӣ (дар шакли коғазӣ) намояндаи ташкилоти харидор метавонист бо ҳар роҳу баҳона ҳуҷҷатҳоро пешниҳод накунад ё пешниҳоди онҳоро то ба наздики санаи кушодашавии лифофаҳои тендерӣ кашола диҳад. Ҳамзамон, пардохти ҳуҷҷатҳои озмунӣ аз ҷониби иштирокчиёни озмун тавассути ҳамгироии Портал бо низоми иттилоотии БДА “Амонатбонк” ба роҳ монда шуда, ба иштирокчиёни озмун имконияти идоракунии фаврии тавозуни (суратҳисоби) худ дар Портал фароҳам оварда шудааст.

 

ü    Фароҳам овардани шароити воқеӣ барои гирифтани тавзеҳот ё маълумоти иловагӣ то замони кушодашавии лифофаҳои тендерӣ тавассути модули электронӣ, ки ба омодагии ҳамаҷонибаи довталабон ба озмун мусоидат менамояд.

 

ü    Маълумотномаҳо оид ба надоштани қарздории андозии иштирокчиёни озмун ба таври электронӣ аз маҳзани маълумоти Кумитаи андоз ба утоқи шахсии аъзои комиссияҳои тендерӣ ба санаи кушодани лиффофаҳои озмунӣ ирсол гардида истода, иштирокчиёни озмун аз сарбории иловагии марбут ба дастрас ва пешниҳоди чунин маълумотнома озод карда шудаанд.

 

ü    Ба таври худкор ва дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) тавлид гардидани протоколи кушодашавии лифофаҳои тендерӣ, ки имкониятҳои забоняккунӣ, сохтакорӣ ва қаллобкориро бартараф месозад.

 

ü    Арзёбии беғарази пешниҳодҳои озмунӣ ва интихоби холисонаи ғолиби озмун бинобар шаффоф гардидани расмиёти харид ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти намояндагони ташкилоти харидор.

 

ü    Дастрас гардидани маълумот аз Феҳристи молрасонҳои (пудратчиёни) беэътимод (бевиҷдон).

 

ü    Дастрас гардидани маълумот аз Маҳзани маълумот дар бораи субъектҳои қаблан ба амалҳои коррупсионӣ алоқамандбуда

 

ü    Татбиқи ҳуқуқи пешниҳоди арзу шикоят нисбат ба қарор ё амали (беамалии) шахсони масъул зимни анҷом додани расмиёти хариди давлатӣ тавассути модули электронӣ, ки эътимоднокии молрасонону пудратчиёнро баланд мегардонад.

 

ü    Имконияти такроран истифода намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳо дар шакли захираи иттилоотӣ (каталогҳо), идоракунии қарордодҳои хариди давлатӣ ва тавлиди ҳисоботҳои дахлдор ба таври электронӣ.

 

ü    Пешниҳод намудани арзу шикоят бемамоният тавассути модули электронии Портал.

 

Дар баробари бартариятҳои барои бахши хусусӣ ва ташкилоти харидор фароҳам оварда шуда, мақоми ваколатдор низ бо натиҷагирӣ аз тадбирҳои болозикр тавонист имкониятҳои хешро ҷиҳати мониторинги тамоюли равандҳои дар низоми харид ҷойдошта ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ васеъ гардонад.

 

Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муосиргардонии расмиёти хариди давлатӣ бо истифода аз дастовардҳои соҳаи технологияи иттилоотӣ ба мубориза ва пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ тақвият бахшида, хавфҳои истифодаи ғайрисамараноки маблағҳои давлатиро ба таври назаррас паст кардааст.

 

Бо вуҷуди ин, бо дарназардошти боқӣ мондани баъзе аз мушкилот, тадбирҳои оянда дар дурномаи наздик ва миёнамуҳлат баҳри боз ҳам мукаммал гардонидани ҷараёни харидҳо бо роҳи қабули қонуни нави соҳавӣ, ҷорӣ намудани усулҳои нави хариди давлатӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ниҳоди мустақили баррасии арзу шикоятҳо ва минбаъд такмил додани низоми электронии хариди давлатӣ бо истифода аз технологияҳои “зеҳни сунъӣ” ба нақша гирифта шудаанд, ки татбиқи онҳо барои ба сатҳи ниҳоят паст коҳиш додани зуҳуроти коррупсионӣ мусоидат хоҳад намуд.