Цветовая схема: C C C C
Размер шрифта: A A A
Изображения:

Новости

04.11.2023

Количество просмотров: 10

(Дар партави силсилаташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу экология, хусусан, дар ҳошияи ташаббусҳои эълон намудани соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва санаи 21 март – Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо)

 

      Гарчанде об моддаи аз ҳама бисёртарин дар сайёраи мо бошад ҳам, вале аз сабаби нобаробар тақсимшавии манбаъҳои он дар манотиқи ҷаҳон ва барои истеъмол ношоям (шӯр, ифлос, ғализ) будан, норасоии он ҳамоно чун масъалаи муҳимтарини ҷаҳонӣ боқӣ мемонад. Аз тамоми сарватҳои обии ҷаҳон тақрибан ҳудуди 2,5%-и (35 млн км3) он оби аз ҷиҳати экологӣ тоза ва қобили истеъмол мебошад.

      Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сарватҳои обии тоза мебошад. Бояд тазаккур дод, ки дар кишвари офтобрӯяи мо ба ғайр аз 947 дарёи дарозиашон аз 10 км зиёд, 1300 кӯл ва 11 обанбори калон, инчунин, мувофиқи арзёбии олимон, зиёда аз 14 ҳазор пиряхҳои хурду бузург мавҷуданд.

      Мутаассифона, солҳои охир пайомадҳои тағйирёбии глобалии иқлим ба пиряхҳо, ки осебпазиртарин ҷузъи даври гидрологӣ маҳсуб меёбанд, таъсири манфӣ расонида истодаанд. Тамоюли гармшавии иқлим аз ҳисоби таъсири гармхонагӣ (парниковый эффект), ки аз сабаби афзудани газҳои гулхонагӣ дар ҳаво дар натиҷаи фаъолияти нодурусти хоҷагидории инсон (омили антропогенӣ) ва дигар сабабҳо ба амал меояд, ба амал омада истодааст. Мувофиқи арзёбиҳо ҳарорати миёнаи Замин тақрибан ба 15 дараҷа расидааст, ки баландтарин нишондод дар таърих аст.

       Бо назардошти зарурияти масъалаи мазкур ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан бо дарки амиқ, таваҷҷуҳи хоса ва сиёсати хирадмандонаю дурбинона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббуси башардӯстона оид ба обу экологияро пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳон намуданд. Ташаббусҳои ҷаҳонии ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти обу иқлим, бахусус ҳифзи пиряхҳо, саривақтӣ ва дархури замон буда, маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллати мо дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид ироа шуданд. Бо мақсади ҳалли масъалаҳои обу экология бо иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи СММ соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005-2015 Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон карда шуд.

        Мавриди зикри хос аст, ки дар идомаи иқдомоти болозикр дар таърихи 3 – юми марти соли 2021 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқоти нахустини Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардад ва санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муайян карда шавад.

      Ҳамин тавр, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ҳамчун иқдоми панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 14 декабри соли 2022 дар Маҷмааи Умумии СММ дар Иҷлосияи 77-ум бо  ҷонибдории 153 кишвари ҷаҳон пазируфта шуд. Ҳамзамон, санаи 21 март минбаъд ҳамасола ҳамчун «Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дар ҷаҳон таҷлил карда мешавад.

       Бояд таъкид намуд, ки пеши роҳи обшавии босуръати пиряхҳоро гирифтан мушкилоти хеле доманадор ва буҳронӣ ва ҳатто инконнопазир аст. Дар солҳои сербориш аз ҳисоби боришоти зимистона захирашавии пиряхҳо ба амал меояд, аммо дар солҳои охир вобаста ба тағйирёбии иқлим, таносуби обшавии онҳо нисбат ба захирашавӣ хеле зиёд гардидааст. Ин раванди глобалӣ натиҷаи бархӯрди шадиди табиату ҷамъият (дастовардҳои илмию техникӣ ва рушди инсоният) буда, дорои қувваи бузурги табиии барнагарданда мебошад. Маънои ҳифзи пиряхҳо ин аст, ки мо танҳо метавонем бо андешидани маҷмӯи чораҳои амалии мушаххас суръати обшавии пиряхҳоро то андозае суст намоем, пайомадҳои онро донем ва ҳаёти худро ба он мутобиқ намоем. Дар ин росто, бунёди бештари обанборҳо ва ҳавзҳои махсус чораи асосӣ ва муассиртарини ҳифзи манобеи обӣ мебошад. Обро дар дигар шакл, яъне обанборҳо захира намуда, метавон эҳтиёҷоти худро оқилона қонеъ намуд. Дар ин самт обанборҳои Тоҷикистон, мисли Роғун, Қайроққум, Норак, Бойғозӣ, Каттасой, Сарбанд, Сангтӯда – 1 ва – 2, Муъминобод, Селбур, Фарҳод ва дар оянда бунёдшаванда аҳаммияти стратегӣ доранд.

     Инчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати нишондиҳандаи партоби газҳои гулхонагӣ дар ҷаҳон ҷойи 130-умро ишғол менамояд, ки ин маънои онро дорад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози партоби газҳои гармхонагӣ ба муҳити зист ҳиссаи хеле ночиз дорад. Яъне, аз ин лиҳоз кишвари мо мақоми шоиста дошта, барои пешгирӣ аз тағйирёбии глобалии иқлим, бахусус гармшавии он, саҳми калон дорад.

      Дар маҷмуъ, метавон чунин хулоса намуд, ки мақсади ягона ва ниҳоии ҳамаи ин ташаббусҳо ва пешниходҳо ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарки қазияи мазкур, ташаккул додани маърифати экологӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои амалии мутобиқ шудан ба оқибатҳои нохуши эҳтимолии тағйирёбии глобалии иқлим мебошад.

       Ҳамаи ин пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муҳим ва дархӯри замон будан аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд ва онҳо хусусияти башардӯстӣ доранд. Онҳо платформаи муҳимро чиҳати дастрасии баробар ба оби тоза фароҳам оварда, ба таҳкими ҳамкорӣ, танзими муносибатҳои соҳа нигаронида шуда, назари навро дар истифодаи оқилонаи об, ҳифзи манобеи он ва дурнамои онҳо талқин менамоянд. Инчунин, истифодаи таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва ҷаҳонро дар ҳалли масъалаҳои баҳсноку низоъангез, аз ҷумла, идораи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ пешгирӣ менамоянд.

       Дар маҷмуъ, ҳамаи ин пешниҳодҳо ва ташаббусҳои башардӯстона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба масоили истифодаи оқилона, самаранок ва устувори об, бахусус чорабиниҳо оид ба ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои дарки қазияи мазкур, ташаккул додани маърифати экологии саросарӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои амалии мутобиқ шудан ба оқибатҳои нохуши эҳтимолии тағйирёбии иқлим, дар таҳкими дарки аҳамияти об барои таъмини амнияти экологӣ мусоидат намуда, маҳаки расидан ба ҳадафҳои рушди устувор буда, дар таҳкими сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон саҳми калон ва таърихии худро мегузоранд.

      Бо эътиқоди давлатҳои мутараққӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ ин силсилаиқдомҳо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт давлати пешсафу ташаббускор муаррифӣ намуданд ва мақому эътибори онро дар арсаи байналмилалӣ баландтар намуданд.