C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

21.06.2023

: 47

МУҚАРРАРОТИ ЗИДДИКОРРУПСИОНӢ

ДАР ҚОНУНИ НАВ ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ

          Дар доираи ислоҳоти хариди давлатӣ, ки мақсади он такмил додани заминаи қонунгузорӣ мебошад, Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» аз 15 марти соли 2023 № 1955 қабул карда шуд.

       Тавре ки дар муқаддимаи қонун омадааст, «Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии хариди давлатиро муайян намуда, ба ташаккули низоми ягонаи хариди давлатӣ, ки истифодаи самарабахш ва сарфакоронаи маблағҳои давлатиро дар заминаи принсипҳои рақобат, муносибати одилона нисбат ба ҳамаи иштирокчиёни озмун ва шаффофияти расмиёти хариди давлатӣ таъмин менамояд, равона карда шудааст.».

       Маврид ба зикр аст, ки зимни таҳияи қонун бисёре аз муқаррароти Қонуни намунавии ЮНСИТРАЛ, ки чун як стандарти байналмилалии соҳавӣ барои таҳияи қонунҳои хариди давлатӣ эътироф шуда, амалияи беҳтарини соҳавиро ба кишварҳо пешниҳод мекунад, ба назар гирифта шудааст.

        Аз ин лиҳоз, дар қонуни қабулшуда ба муқаррароте, ки барои пешгирии коррупсия шароити мусоид фароҳам меоранд, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда шудааст.

        Яке аз муқаррароти муҳими Қонун ташкили Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳои иштирокчиёни озмун мебошад. Ҳадаф аз таъсиси чунин комиссия ин ҳамчун як ниҳоди мустақил фаъолият намудани мақоме, ки шикоятҳои иштирокчиёни озмунро беғаразона баррасӣ мекунад. Илова бар ин, дар муқоиса бо қонуни қаблии соли 2006, ки баъзе маҳдудиятҳоро пешбинӣ мекард, қонуни нав ҳуқуқи иштирокчии озмунро барои шикоят кардан нисбати ҳар гуна қарор ва амали ташкилотҳои харидор маҳдуд намекунад. Аз ҷумла, тибқи моддаи 61 Қонун «Иштирокчии озмун дар хусуси он, ки дар натиҷаи вайронкунии ягон уҳдадории бо Қонуни мазкур ба зиммаи ташкилоти харидор вогузоршуда зиён ё зарар дидааст ё дида метавонад, ҳуқуқ дорад тибқи тартиби муқарраршуда бо шикоят нисбат ба қарор ё амали (беамалии) ташкилоти харидор ба ташкилоти харидор, Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо ё ба суд муроҷиат намояд.».

        Муқаррароти дигари моҳиятан муҳим он мебошад, ки тибқи қонуни нав хариди давлатӣ тавассути портали ягонаи хариди давлатии электронӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбинишудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, анҷом дода мешавад. Афзалиятҳои низоми хариди электронӣ, аз ҷумла дар робита ба таъмини шаффофияти расмиёти харид ва рақобати озод, ба ҳама маълум аст. Ҳамзамон, мутобиқи моддаи 14 Қонун нисбати портали ягонаи хариди давлатии электронӣ низ талабот муқаррар карда мешавад, ки онҳо бояд ба муқаррароти қисмҳои 3-8 моддаи 30 Қонуни мазкур мутобиқат кунанд.

        Боби 4 Қонун принсипҳо ва механизмҳои банақшагириро муқаррар мекунад, ки барои огоҳонидани таҳвилгарон (паймонкорон)-и эҳтимолӣ дар бораи харидҳои оянда хеле муҳиманд ва ба ин васила шаффофиятро дар тамоми марҳилаҳои харид таъмин намуда, ба таҳвилгарон (паймонкорон)-и эҳтимолӣ барои омодагӣ ба озмун вақт медиҳанд. Аз ҷумла, нақшаи солонаи харид бояд дар оғози соли молиявӣ дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ, бо назардошти ошкор насохтани арзиши тахминии шартномаҳо интишор карда шуда, тамоми тағйирот ба нақшаи солонаи харид дар муқоиса бо нақшаи ибтидоӣ бояд нишон дода, дар портали ягонаи хариди давлатии электронӣ интишор карда шаванд. Боби мазкур инчунин талаботро муқаррар мекунад, ки тибқи он ташкилотҳои харидор пеш аз огози расмиёти харид метавонанд машварати коршиносон ва мақомоти мустақил ё иштирокчиёни бозорро, ба шарте ки чунин машваратҳо дастаҷамъона гузаронида мешаванд, дархост ё қабул кунанд.

     Мутобиқи моддаи 24, ки меъёрҳои иҷозатдиҳӣ барои иштирокро муқаррар мекунад, ташкилоти харидор, ки иштироки таҳвилгарон (паймонкорон)-ро дар расмиёти харид маҳдуд месозад, бояд ба протоколи харид изҳоротро дар бораи асосҳои муқаррар намудани чунин маҳдудиятҳо ворид намояд. Дар баробари ин, ҳолатҳо ва хусусиятҳои маҳдудсозӣ мутобиқи қонун муайян карда мешаванд.

       Мутобиқи моддаи 25 талаботи тахассусие, ки ба онҳо иштирокчиёни озмун бояд ҷавобгӯ бошанд, бояд ба хусусият, мураккабии техникӣ ва арзиши харид мувофиқат карда, ба муқаррар намудани талаботи барзиёди тахассусӣ роҳ надиҳад.

       Навоварии дигари муҳим ин муқаррар кардани қоидаҳо нисбати шартномаҳои харид мебошад. Агар дар конуни қаблӣ танхо баъзе принципхои умумӣ муқаррар карда шуда бошад, қонуни нав боби алоҳидаи «Маъмурикунонӣ ва ичрои шартномаҳо»-ро дар бар мегирад, ки дар он ҳуқуқу ухдадориҳои тарафҳои шартнома муфассал тавсиф карда шудаанд. Муқарроти боби мазкур муносибати одилонаро нисбати таҳвилгарон ва пудратчиён зимни иҷрои шартномаҳои харид таъмин хоҳад намуд.

      Мутобиқи моддаи 71, ки бархӯрди манфиатҳоро танзим мекунад, фаъолияти марбут ба хариди хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоти харидор, ки таҳти амали маҳдудиятҳои марбут ба бархӯрди манфиатҳо қарор мегирад, мушаххас карда шудааст. Мутобиқи моддаи 72, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони ташкилоти харидор уҳдадоранд, ки дар бораи ҳамаи бархӯрдҳои воқеӣ ва эҳтимолии манфиатҳо хабар дода, аз иштирок дар расмиёти хариде, ки ба он ихтилофи манфиатҳо таъсир расонида метавонад, даст кашанд.

     Моддаи 73, ки хориҷ кардани таҳвилгарон ва пудратчиёнро ба муҳлати муайян аз иштирок кардан дар харид танзим менамояд, дар муқоиса ба қонуни қаблӣ муқаррароти иловагиро, ки ба истисно намудани имконияти аз ҷониби ташкилотҳои харидор бастани шартномаҳои харид бо таҳвилгарон ва пудратчиёни беэътимод (бевиҷдон) равона гардидааст, дар бар мегирад.

    Зимни таҳияи моддаҳои дигари қонуни нав муқаррароте дигаре низ қабул карда шуданд, ки барои пешгирии коррупсия бо роҳи таъмини шаффофият, рақобат ва ҳисоботдиҳӣ шароит фароҳам меоранд.

    Ҳамин тариқ, қонуни нав, ки стандартҳои дар ҷаҳон эътирофшударо барои пешгирии омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар хариди давлатӣ ҷорӣ месозад, тасдиқи татбиқи амалии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошад.