C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

Озмуни расмҳои кудакон Озмуни расмҳои кудакон Озмуни расмҳои кудакон Озмуни расмҳои кудакон Озмуни расмҳои кудакон Озмуни расмҳои кудакон Озмуни расмҳои кудакон Озмуни расмҳои кудакон Озмуни расмҳои кудакон

17.09.2018

: 167

Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, ки 1 феврали соли 2018 №19 тасдиқ шудааст, бо мақсади амалигардонии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 № AП-992 «Дар бораи тасдиқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба солгарди рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар Агентии хариди давлатии мол кор ва хизматрасонӣ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни тасвирҳои фарзандони кормандони Агентӣ баргузор гардид, ки дар он  кудакони то 15 сола иштирок карданд. Супориш дар он буд ки кудакон тасвирҳоро дар мавзӯи " Соли рушди саёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ " бикашанд.
Дар давоми ҳафта, расмҳоро ҷамъ намуда, дар бинои Агентӣ ҷойгир намуданд. Бояд қайд кард, ки на танҳо мактаббачагон иштирок намуданд, балки  кудакони синну соли томактабӣ низ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд.
Ба ғолибони озмун албомҳо, рангҳо, қаламҳои ранга, бозичаҳо ва дигар ашёҳое, ки барои кӯдакон муфид мебошанд, туҳфа гардиданд.