C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

: 273

Шурӯъ аз соли 2012 Агентии хариди давлатӣ, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ислоҳоти устуворро дар соҳаи харидҳои электронӣ гузаронида истодааст. Ислоҳоти мазкур аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ  дастгирӣ ёфта,  тавассути  ҷудо намудани  маблағҳои грантӣ амалӣ шуда истодаанд.
Бо мақсади фаро гирифтани ташкилотҳои харидор ба харидҳои электронӣ Агентии дар доираи татбиқи Лоиҳаи грантии Бонки Ҷаҳонӣ IDF № TF016491-TJ дар нимаи аввали моҳи октябр ташкил намудани Семинарҳои минтақавии дуруза дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кӯлоб ва Хоруғ дар мавзӯи “Амалияи анҷом додани хариди давлатӣ тавассути низоми электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба нақша гирифтааст.  
Дар назар дошта шудааст, ки дар семенарҳои мазкур то 500 нафар намояндагони ташкилотҳои харидор ва ширкатҳои молрасон иштирок хоҳанд кард.