C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

: 176

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансаби холии маъмурӣ
ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Номгўи  мансабҳо
Дастгоҳи маркази:

1.    Мудири бахши хоҷагидорӣ – 1 воҳид (таҳсилоти олӣ, собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос на кам аз 3 сол), маоши мансабӣ – 655 сомонӣ;

         Малакаи хуби кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои довталабон  ҳатмист.

Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони  роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;    
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- нусхаи ҳучҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарча меҳнатӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони уҳдадори ҳарбӣ);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086);
- нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА);
- маълумотнома аз ҷои зист;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
- тавсифнома аз ҷои кори пештара;

2.    Бахши умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус: сармутахассис (масъули кадр) – 1 воҳид (таҳсилоти олӣ дар соҳаи ҳуқуқ, собиқаи хизмати давлатӣ на кам аз 2 сол, ё собиқаи умумии меҳнатӣ аз рӯи ихтисос на кам аз 3 сол), маоши мансабӣ – 988 сомонӣ;

      Малакаи хуби кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои довталабон  ҳатмист.
      Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд,  афзалият дода мешавад.

Довталабон ба Комиссияи озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
- ариза ба унвони  роҳбари мақомоти давлатӣ (шакли муқарраршуда);
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;    
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;
- нусхаи ҳучҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарча меҳнатӣ);
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони уҳдадори ҳарбӣ);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086);
- нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА);
- маълумотнома аз ҷои зист;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
- тавсифнома аз ҷои кори пештара;


     Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои талабгардидаро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё ба суроғаи ш.Душанбе, кўчаи Шота Руставели, 22 пешниҳод намуда, маълумоти иловагиро оид ба низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ тавассути телефони 227- 66-21 ё сомонаи www.zakupki.gov.tj  дастрас намоянд.
     Муҳлати ниҳоии қабули ҳуҷҷатҳо то соати 17.00 баъд аз гузаштани муҳлати 21 рўзи нашри эълони мазкур дар васоити ахбори омма муқаррар карда мешавад.