C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Муроҷиатҳои шаҳрвандон

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, № 24, мод.368; соли 1998, № 10, мод.79; соли 2006, №11, мод. 469; соли 2007, №7, мод. 666; c. 2010, №12, қ.1,мод. 805; Қонуни ҶТ аз 03.07.2012с., №837)

                Ин Қонун тартиби бо таклифу аризаҳо ва шикоятҳо ба мақомоти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, муроҷиат намудани шаҳрвандон ва тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои онҳоро муқаррар менамояд.

Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат

Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд.

Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.

 Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар ба онҳо додаанд, амалӣ намуда, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:

- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигар шахсон ва ташкилотҳо;

- барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаашон аз тарафи мақомоти салоҳиятноки давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ.

Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №643)

Моддаи 11 . Доираи амали Қонуни мазкур

Амали Қонуни мазкур ба тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон – таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси хуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд, паҳн мегардад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №643; аз 03.07.2012с., №837)

Моддаи 12 . Қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 2. Намудҳои муроҷиатҳо

Муроҷиатҳои шаҳрвандон иборат аз таклифҳою аризаҳо ва шикоятҳо мебошанд.

Таклифҳо — муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, му- ассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд.

Аризаҳо — муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояшон маълумшуда равона карда шудаанд ё аз хоҳиши амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо иборатанд.

Шикоятҳо — муроҷиатҳои шаҳрвандон бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, ки аз амал, беамалӣ ё бо қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони мансабдор вайрон карда шудаанд. (ҚҶТ аз 03.07.12с №837)

Муроҷиатҳо инфиродӣ ё дастаҷамъона буда метавонанд дар шакли шифоҳӣ ё хаттӣ пешниҳод гарданд ва барои ҳимояи ҳуқуқҳои худди муроҷиаткунанда ё ҳимояи ҳуқуқҳои дигар шахсони воқеӣ ҳуқуқӣ равона карда мешаванд. (ҚҶТ аз 03.07.12с №837)

 Моддаи 21. Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон

Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар сурате ба қайд гирифта ва баррасӣ карда мешаванд, ки агар шахсияти муроҷиаткунанда маълум ва муайян бошад.

Ба муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ҷавоби шифоҳӣ дода, дар мавриди санҷишии иловагиро талаб намудани далелҳои овардашуда, шахсони мансабдор метавонанд дар доираи салоҳияти худ ба шахсони мутасаддӣ оид ба баррасии онҳо супоришҳои дахлдор диҳанд. Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон аз рӯзи муроҷиат намудан ба қайд гирифта мешаванд ва аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамҚонуни мазкур хабардор карда мешаванд.

Моддаи 22. Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электронӣ ё шабакаи интернет ворид мешаванд

Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электронӣ ё шабакаи интернет ворид мешаванд, дар сурате ба қайд гирифта, баррасӣ карда мешаванд, ки агар дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроѓаи шахси муроҷиаткунанда нишон дода шуда, имзои электронии рақамӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шуда бошад.

Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия, суроѓаи шаҳрванди муроҷиатнамуда ва имзои электронии рақамӣ нишон дода нашудааст ё ин ки ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном ҳисобида шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

 Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электронӣ ё шабакаи интернет ворид мешаванд, аз рӯзи ворид шуданашон ба қайд гирифта, аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур хабардор карда мешаванд.

 Моддаи 3. Шикояту аризаҳои такрорӣ ва дуюмбора

Ҳамон шикоят ё аризаи шаҳрванд такрорӣ ҳисобида мешавад, ки вай аз қарори аз рӯи шикоят ё аризаи якумаш ба ҳамон як мақом оиди як масъала қабулшуда розӣ набошад.

 Ҳамон шикоят ё аризае шикояту аризаи дуюмбора ҳисобида мешавад, ки оиди як масъала буда, то гирифтани ҷавоб ба шикоят ё аризаи якум фиристода шудааст.

Шикоят ё аризаи такрории шаҳрвандон ба як мақомот, ки дорои далелҳои нав намебошанд ё дар онҳо ҳолатҳои нав ошкор нашудаанд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар дар бораи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, натиҷаҳои тафтишии мукаммал мавҷуд бошанд ва ба шаҳрванд ҷавоби пурра дода шуда бошад.

Моддаи 4. Додани ариза ва шикоят

Ариза ва шикоят аз тарафи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқашон вайрон карда шудааст, аз тарафи шахсоне, ки шаҳрвандон онҳоро ба ин кор вазифадор кардаанд, инчунин шахси дигар ё ташкилоте, ки бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ машғул аст, дода шуда метавонад.

Шикоят ва ариза барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ва касони ғайриқобили амал аз тарафи намояндаҳои қонунии онҳо дода мешавад. Шикоят ва ариза ба мақомоти болоӣ, ки шикоятгару аризадиҳанда тобеи он мебошанд, ба шахси мансабдор ё суд дар маҳалли воқеияти мақомот ё ҷои кори шахси мансабдор, ки амали онҳо мавриди шикоят қарор гирифтааст ё аз рафтори ғайриқонунии онҳо хабар медиҳад, дода мешавад.

Моддаи 5. Талаботе, ки нисбати муроҷиатҳо пешниҳод мегардад.

 Дар муроҷиат бояд насаб, ном, номи падар,суроғаи шаҳрванд, моҳияти таклиф, ариза ё шикоят зикр гардида, ба он имзо гузошта шуда бошад.

Муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падар, суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд, ва ё ин маълумотҳо ба воқеият мувофиқ нестанд, инчунин бе имзо мебошанд, муроҷиатҳои беном шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд. (ҚҶТ аз 03.07.12с №837)

Муроҷиатҳое, ки ба мақомоти давлатӣ, иттиходияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, шахсони мансабдори онҳо равона карда шудаанду ҳалли масъалаҳои ба миён гузошташуда ба салоҳияти онҳо дохил намешаванд, дар мӯҳлати на зиёда аз 5 рӯз ба мақомот ё шахсони мансабдори дахлдор фиристода, дар ин бора ба муаллифони онҳо хабар дода мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №643)

Шикоятҳо ва аризаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда дода шудаанд, ҳатман бояд мавриди баррасӣ қарор гиранд. Қабул накардани шикояту аризаҳо мумкин нест. Ариза ва шикоятҳои шаҳрвандонро ҳамчунин ба он мақомот ва шахсони мансабдор фиристодан мумкин нест, ки нисбати амал ва беамалии онҳо шикоят намуда ё рафтори ғайриқонунии онҳо хабар дода мешавад.

Моддаи 6. Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд

Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд, мувофиқи Қонуни мазкур ва қонунҳо дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

 Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрванд ҳангоми пешниҳоди шикоят

Шаҳрванде, ки бо шикоят ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият муроҷиат менамояд, ҳуқуқ дорад:

 - шахсан далелҳои худро ба шахсе, ки шикоятро тафтиши менамояд, баён кунад; - бо маводҳои тафтиши бо риояи талаботи моддаи 11-уми ҳамҚонуни мазкур шинос шавад;

- маводҳои иловагӣ пешниҳод кунад ё аз тарафи мақомоти баррасикунандаи шикоят талаб карда гирифтани онҳоро дархост намояд;

 - аз хизмати адвокат ё шахси дигар истифода барад;

- дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоят бо забони давлатӣ ва ё забони муоширати байни миллатҳо ҷавоби хаттӣ гирад; (ҚҶТ аз 03.07.12с №837)

 - ҷуброни зиёни расонидашударо аз шахсони гунаҳкор бо тартиби муқарраркардаи қонун талаб намояд;

- дар сурати розӣ набудан бо қарори қабулшуда ба суд шикоят намояд.

 Моддаи 8. Амали мақомоте (шахсони мансабдоре), ки нисбати онҳо мувофиқи Қонуни мазкур шикоят карда мешавад.

 Ба амалҳо, қарорҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо, ки нисбати онҳо ба тартиби тобеият ба мақом, шахси мансабдор ё суд муроҷиат кардан мумкин аст, амалҳои коллегиалӣ ва инфиродӣ, қарорҳо тааллуқ доранд, ки дар натиҷаи онҳо:

- шаҳрванд аз имконияти пурра ё қисман амалӣ намудани ҳуқуқе, ки қонун ё дигар санади қонунгузорӣ додааст, ғайриқонунӣ маҳрум карда шудааст;

 - ба зиммаи шаҳрванд ғайриқонунӣ вазифае гузошта шудааст ё вай ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.

 Мувофиқи Қонуни мазкур беамалии мақомот ва шахсони мансабдор, яъне иҷро накардани амалҳое низ метавонад мавриди шикоят қарор гирад, ки онҳо мебоист ба манфиати шаҳрванд анҷом медоданд ва метавонистанд анҷом диҳанд, вале иҷро накардани онҳо боиси оқибатҳое шудааст, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр ёфтаанд.

Моддаи 81. Мӯҳлати пешниҳоди муроҷиатҳо

Мӯҳлати пешниҳоди таклифҳо ва аризаҳои шаҳрвандон, ки ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд, маҳдуд карда намешаванд.

Шикоятҳо метавонанд аз тарафи шаҳрвандон ба мақомоти дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз се сол аз рӯзи вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ё аз рӯзе, ки чунин вайронкунӣ ба онҳо маълум гардидааст, пешниҳод карда шаванд.

Моддаи 9. Ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оиди баррасии муроҷиатҳо

Мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, роҳбарони онҳо ва дигар шахсони мансабдор дар доираи салоҳияти худ ӯҳдадоранд: (ҚҶТ аз 29.12.10с №643)

- мунтазам вазъи корро оиди баррасии таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон дар раёсатҳо ва шӯъбаҳои дахлдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеашон тафтиши намоянд, барои бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои аз тарафи Қонун ҳимояшавандаи шаҳрвандон ё такроран ва дуюмбора расидани шикояту аризаҳо мешаванд, тадбирҳо андешанд. Муроҷиатҳоро ҳаматарафа, беғаразона ва саривақт дар мӯҳлати муқаррарнамудаи ҳамҚонуни мазкур баррасӣ намоянд, дар сурати зарурат шахсони мансабдорро даъват намуда, аз онҳо ҳуҷҷатҳои даркориро талаб карда гиранд, кормандонро барои тафтиши ба маҳалҳо фиристанд, қарорҳои қонунан асоснок қабул намоянд ва иҷрои онҳоро таъмин кунанд, дар бораи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо ба шаҳрвандон хаттӣ хабар диҳанд.

 Рад кардани талаботе, ки дар ариза ва шикоят баён шудааст, бо зикри сабабҳои радкунӣ, инчунин шарҳи тартиби шикоят нисбати қарори қабулшуда ба маълумоти шаҳрванд расонида мешавад.

Масъулият оид ба ташкили баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба зиммаи роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, гузошта мешавад.

 Моддаи 10. Манъи таъқиби шаҳрвандон барои муроҷиаташон ва маҷбур кардани онҳо барои иштирок дар амалиёти ҳимояи муроҷиатҳо

Таъқиби шаҳрвандон ва аъзои оилаҳои онҳо барои ба воситаи муроҷиатҳо амалӣ намудан ё ҳимоя кардани ҳуқуқу манфиатҳояшон манъ аст. Ҳеҷ касро барои иштирок кардан дар ҳимояи ягон муроҷиат маҷбур кардан мумкин нест.

Шахси мансабдоре, ки шаҳрвандро барои муроҷиат кардан бо тартиби муқарраргардида ё барои танқиди дар он зикршуда, ҳамчунин барои танқид кардан ба шакли дигар таъқиб менамояд, мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарй кашида мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №643)

Моддаи 11. Манъи ошкорсозии маълумоте, ки дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳо маълум гардидаанд

 Ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба ошкорсозии маълумотҳое, ки дорои сирри давлатӣ, ё дигар сир, ё ин, ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон мебошанд, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегардад, роҳ дода намешавад. Инчунин аниқ намудани маълумот дар бораи шахсияти шаҳрванд, ки он ба муроҷиат дахл надорад, манъ аст. Бе розигии шаҳрванд ошкор намудани ягон маълумоте, ки ба шахсияти вай тааллуқ дорад, раво нест. (ҚҶТ аз 29.12.10с №643)

 Моддаи 12. Мӯҳлати баррасии муроҷиатҳо

Муроҷиатҳои шаҳрвандон дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро талаб намекунанд, дар давоми 15 рӯз баррасӣ мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №643)

Дар ҳолатҳое, ки барои ҳалли ариза ё шикоят гузаронидани тафтишии махсус, талаб карда гирифтани маводҳои иловагӣ ё дидани чораҳои дигар зарур аст, мӯҳлати ҳалли ариза ва шикоят ба таври истисно аз тарафи роҳбар ё муовини роҳбари мақомоти дахлдор, корхона, муассиса, ташкилот дароз карда шуда метавонад, аммо на зиёда аз як моҳ ва дар ин бора шахсе, ки ариза ё шикоят додааст, огоҳ карда мешавад. Зимнан мӯҳлати умумии баррасии муроҷиат аз ду моҳ зиёд буда наметавонад.

Моддаи. 13. Қабули шахсии шаҳрвандон

Вакилони ҳамаи сатҳҳо, роҳбарон ё дигар шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ӯхдадоранд, ки шаҳрвандро шахсан қабул намоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №643)

Шаҳрвандон мунтазам дар рӯзҳо ва соатҳои муқарраршуда рӯзона қабул карда мешаванд. Тартиби қабули шаҳрвандон дар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад.

Дар сурати то охир баррасӣ нашудани муроҷиати шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон ҳангоми қабул аз ҷониби шахсони масъул, баррасии он дар асоси талаботи Қонуни мазкур амалӣ мегардад.

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонун дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон

Кормандони мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз шакли моликият, ки:

- барои ғайриқонунӣ рад кардани баррасии муроҷиатҳо: - барои бе сабабҳои узрнок риоя накардани мӯҳлати баррасии муроҷиатҳо;

 - барои қабул кардани қарори беасоси хилофи Қонун;

 - барои фош намудани маълумоти дорои сирри давлатӣ ё дигар сир ё ин ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 15. Ҷуброни зиёне, ки бинобар риоя накардани талаботи Қонун ба шаҳрванд ҳангоми баррасии ариза ва шикоят расонида шудааст

Дар мавриди қонеъкунонии ариза ва шикоят мақомоте (ташкилоте), ки аз рӯи онҳо қарори ғайриқонунӣ қабул кардааст, зиёни расонидашударо вобаста ба додани ариза ва шикоят ва баррасии он, ба шумули маблағи боҷи давлатӣ, хароҷоти иштирок дар баррасии шикоят, ки бо талаби мақомоти дахлдор сурат гирифтааст ва музди миёнаи меҳнати дар ин муддат аздастрафтаро ҷуброн мекунад. Баҳси оид ба ситонидани пули хароҷот ба тартиби судӣ баррасӣ карда мешавад.

Ба шаҳрванд мувофиқи хоҳишаш ва ба тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёни маънавие, ки бинобар амал (беамалӣ) ё қарори ғайриқонунии мақомот ё шахси мансабдор ҳангоми баррасии шикоят ё аризааш расонида шудааст, метавонад ҷуброн карда шавад. Андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ дар ифодаи пулӣ аз тарафи суд муайян карда мешавад. . (ҚҶТ аз 29.12.10с №643)

 Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои додани аризаю шикоятҳо тӯҳматангез, тахқиромез ё аризаю шикоятҳое, ки барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ёдинӣ равона шудааст

Шаҳрванд барои додани ариза ва шикоятҳои тӯҳматангез ва таҳқиромез ё аризаю шикоятҳое, ки барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ёдинӣ равона шудааст , мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. (ҚҶТ аз 03.07.2012 №837)

Моддаи 17. Ҷуброни хароҷоти вобаста ба тафтишии ариза ва шикоятҳое, ки дорои маълумоти бардурӯғ мебошанд

 Хароҷоте, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъиятии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вобаста ба тафтишии ариза ва шикоятҳои дорои маълумоти бардурӯғ сурат гирифтааст, бо қарори суд аз шаҳрванд рӯёнида шуда метавонад.

Моддаи 18. Назорат ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон Назоратро ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нисбати корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои тобеашон таъмин менамоянд.

Моддаи 19. Назорати прокурорӣ ба риояи қонунҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон

Назорат ба риояи қонунҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи вай сурат мегирад.

Моддаи 20. Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти байнидавлатӣ

Шаҳрванд ҳақ дорад дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба мақомоти байнидавлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муроҷиат намояд, агар ҳамаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии дохилидавлатӣ пурра истифода шуда бошанд.