|
|
|
Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Тоҷикистон соҳиби сарватҳои табии нотакрор ва осорҳои таърихии бузург буда, барои инкишофи соҳаи сайёҳӣ шароитҳои мусоидро доро мебошад. Агар ба пешрафти давлатҳои мутараққӣ нигоҳ афканем, сайёҳӣ яке аз соҳаҳои асосии даромади буҷети он мамлакатҳоро ташкил мекунад.
Марзи Тоҷикистон аз замонҳои қадим дар шоҳроҳҳои бузург ва муҳими таърихӣ ҷойгир буд, ки Ғарб ва Шарқро ба ҳам мепайваст. Ин минтақа дар табодули мол ва фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муҳим мебозид ва аз қадим Бохтару Тахористон, Чағониён, Шумон, Аҳорун, Қабодиён, Вахш, Ҳутал, Рашт, Қумод, Дарвоз, Ванҷ, Рушон ва Ваҳон), Суғд, Истаравшан ва Фарғонаро бо Ҳиндустон, Афғонистон ва Чинро ба ҳам мепайваст. Роҳи бузурги Абрешим натанҳо ҳамчун роҳе буд, ки барои савдову тиҷорат миёни ғарб ва шарқ муҳим буд, балки онҳоро дар атрофи ғояҳои ягона, фарҳанг ва инсонҳо наздиктар менамуд.
Тоҷикистон муосир - кишвари кӯҳиест, ки дар баландии аз 300 то 7495 аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. 93%-и марзи кишварро қаторкӯҳҳое ташкил медиҳанд, ки ба силсила кӯҳҳои Помир, Ҳисору Олой ва Тян-шан тааллуқ доранд. Ин қаторкӯҳҳо бо водиҳои бузург ва зархези Фарғона, Зарафшон, Вахш ва Ҳиссор аз ҳам ҷудо карда шудаанд. Баландиҳои мушкилгузари сарзамини Тоҷикистон табиати бе ин ҳам бои кишварро боз ҳам ғанитар ва дилработар мегардонад.
Тоҷикистон-сарзамини қӯллаҳои баланд, яхчашмаҳои бузург, дарёҳои гарму ҷушони бузург, кӯлҳои такрорнашавндаи ҷаҳони, хайвонотҳои ғайриоддии камёфт. Асосан куҳҳои ошёнадори ландшафт табиати зебои Тоҷикистонро инъикос мекунад, боигарии шакли он, ба ҷойҳои иқлими гуногунранги ҳаёти мебаранд. Дар ҷумҳури дар муддати якуним соат метавон аз водии гармии Вахш ба минтақаи арктикии пурбарфи Помир парвоз кард. Дар асоси 13 парваришгоҳҳо ва мамнуъгоҳҳи мавҷуд будаи давлати Зоркул, Ромит, Мозкул, Дашти Ҷум, боғи табии таърихи Ширкет ва хато Боғи милли Тоҷикистон аз ҷиҳати экологи дар қатори аввал меистанд. |
|
|
|
Дар ин робита самтҳои зерини сайёҳӣ афзалиятнок ҳастанд:
- кӯҳнавардӣ, сайёҳии манотиқи кӯҳӣва экологӣ; - рафтинг, паридан бо парашют валижарониикӯҳӣ; - шикори омехта; - сайёҳии манотиқи таърихӣ ва этнографӣ; - табобати санаторӣ ва истироҳатӣ. Тоҷикистон яке аз давлатҳои бойтарин аз ҷиҳати захираҳои оби ошомиданӣ мебошад. Бештар аз нисфи захираҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз кӯҳҳо ва пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои ҳаштум меистад. Хусусан дар минтақаи Бадахшон кӯлҳои зиёд мавҷуданд. Калонтарини онҳо Қаракул, Зоркул, Рангкул, Булункул ва Сарез мебошанд. Умуман дарминтақаи Помир зиёда аз 1450 кӯл ва 220 дарё, ё ба таври дигар 83 фисади захираҳои обии мамлакат ҷойгир аст. Кӯли калонтарини Помир Қаракул мебошад, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгираст. Чуқурии он 236 метрро ташкил медиҳад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаҳо ва манбаъҳои обҳои табобатӣ мавҷуд аст, ки дар паҳлӯҳои онҳо истироҳатгоҳҳо бунёд ва ин намуди саёҳат инкишоф ёфтааст. Машҳуртарини онҳо «Хоҷа оби гарм», «Шоҳамбарӣ», «Оби гарм», «Зумрад», «Хавотоғ» мебошанд.Дар чашмаҳои гарми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди «Гармчашма», «Башор» ва «Шохдара» бозмондаҳои оҳакин ва намакин ба вуҷуд меоянд. Фоиданоктарини онҳо махсусан дар истироҳатгоҳи«Гармчашма» ба назар мерасанд, ки он 35 км дуртар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст. Яке аз ҷойҳои дилкаши дигар ин боғи ботаникии шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин боғ дар манзараи кӯҳҳои сиёҳ дар чашм ҳамчун як мӯъҷиза менамояд. Дар он зиёда аз 20 ҳазор навъи дарахту растаниҳо ҷамъ оварда шудаанд. Яке аз дарахтони нодир дар ин боғ - ин Бархати амурӣ, дарахти пукӣ, санавбари сиёҳи австриягӣ буда ҳамчунин дар боғи мазкур нодиртарин навъҳои садбарг ҷамъоварда шудаанд.
|
|
|
|
Дар байни сайёхон ва кӯҳнавардон махсусан кӯҳои Фан машхур мебошанд, ки миёни теппаҳои Зарафшон ва Ҳисор аз Куштударё то Фондарё ҷойгир ҳастанд. Имрӯзҳо кӯҳҳои Фан аз ҷумлаи куҳони баландтарини кишвар ба шумор рафта барои сайёҳон низ имконияти рафтанро ба он ҷо фароҳам аст. Аз сангхои кӯҳ дар бисёр ҳолатҳо оинаҳо сохта мешаванд ва ба ин монанд оинаҳо дарИскандаркул ҳам ёфтмешаванд, чунки Искандаркул яке аз кулҳои калонтарини кӯҳҳои Фан мебошад ва он дар қисмати шимолии Тоҷикистон ҷойгир аст.Он дар баландии 2200м воқеъ гардидааст, кисайёҳон метавонанд аз болои он ситораҳоро мушоҳида кунанд.
Дар соҳили кул 160 км дуртар аз Душанбе базаи Искандаркул ҷойгир аст, ки сайёҳон метавонанд бо мошин ҳам рафта, то он ҷо расидан Фондарё ва Яғнобро пеш аз Искандаркул тамошо кунанд. Кӯҳҳои гирду атроф ба назар гуногунранг менамоянд.Саёҳон метавонанд бисёр манзараҳои аҷоибро ҳангоми сайёҳати худ дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон мушоҳида намоянд.
Бисёри саёҳкунандагон ба қисми ҷанубии Тоҷикистон саёҳат куниро нагзмедоранд. Яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ шаҳри Кӯлоб мебошад, ки дар соли 2006 2700 солагии он ҷашн гиирифта шуд ва он яке аз ҷашнҳои бисёр ҳам муҳим барои кишвар буд. Дар як минтақаҳои ҷангалии наздики ба ноҳияи Балҷувон археологҳо як яроқи сангине ёфтанд, ки яке аз қадимтарин дар Осиёи Маркази ба ҳисоб меравад ва 850 сол доро мебошад. Бисёр ёдгориҳои таърихи ва архитектураҳо ин оромгоҳои хирадмандони бузурги дини асри XIV Мир Саид Али Ҳамадони дар шаҳри Кулоб, ки бисёри шахсони дини, илми суфии уро меомузанд. Ғайр аз ин дар минтақаи мазкур оромгоҳи Шақиқи Балхи дар асри IX, Шоҳ Неъматулои Вaли асри XIV,
Дар ҳудуди Тоҷикистон наздики 1450 кӯлҳо ба кайд гирифта шудааст, ки баъзеи онҳо дар баландии беш аз 4 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мебошанд. Кишвар аз кӯлҳои зебо бой буда, ҳар як кўл таърихи пайдоиши худро дорад. Ҷанубтар аз дараи Зоол, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кӯли калони шури Қарокўл, ки дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, ки чуқурии он 236 метр мебошад. Муайян карда шудааст, ки кул дар давраи яхбандии сахт бавуҷуд омада ва чуқурии он бо пиряхҳои яхбаста доимо пушонида шудааст. Кул бо ибораи туркӣ “Кули сиёҳ” ном бурда мешавад. Дар ҳолати шамоли сахт мавҷҳои кул баланд шуда оби кул ранги сиёҳро мегирад ва аз ҳамин ҷо номи кул гирифта шудааст.
Бо ақидаи олимон, ҳавзаи кул дар натиҷаи тағйроти сохти яхбандии қадим, бавуҷудои тектоникиро дорост. Аз ин ру тадқиқоти геологии солҳои охир, инчунин дар натиҷаи омўзишҳои аксҳои кайҳонии кул баъзе олимон ақида доранд, ки кули Қароқўл 25 млн сол пеш дар натиҷаи афтиши метеорид ба вуҷуд омадааст. Зарбаи сахти метеорит ба замин дар натиҷаи танураи 45км-ро ба вуҷуд овардааст. Аҷоиботи кул дар он аст, ки пиряхҳои соҳилҳои кул дар фурсати муайяншуда зери об мераванд.
Дар бораи аз куҷо пайдошудани яхҳо байни олимон ақидаи гунногун вуҷуд дорад. Чи гунае набошад, пиряхҳои соҳили кул оҳиста- оҳиста об шудаистода, дар натиҷа, дараҳо, шар-шараҳо, кулчаҳо бо ҷазирачаҳоро ба вуҷуд меорад. Андозаи худи кул доимо дар тағирёбист.
Кули Сарез- яке аз зеботарин ва асрорангезтарин кули Тоҷикистон мебошад. Ин марвориди кули Помирро “Аждари хуфта” низ меноманд. Кули Сарез зимистони соли 1911 дар натиҷаи ҷунбиши замин, ки дараҷаи он 9 балли рихтериро дошт бо афтидани пораҳои куҳ дар сари роҳи дарёи Бартанг (Мурғоб) падид омадааст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монд. Баландии куҳпораи фуруғалтида аз қаъри кул то сатҳи болояш 567м, ҳаҷми фуруғалтидааш 2,2 км, чуқуриаш 500м-ро дар бар мегирад. Минбаъд сарбанди ба амал омада ба номи Усой ва қишлоқи Сарез, ки зери об монда буд кул пайдо шуд ва бо номи Сарез машҳур гашт. |
|
|
Искандаркул дили фонкуҳ- марвориди куҳҳои Тиён-шан ба ҳисоб меравад. Шакли секунҷаро доро буда дар баландии 2195-2200м аз сатҳи баҳр мавқеъ дорад, аз 86-72 м умқ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ ва 14,5 км доира дорад. Гармии об + 11,5 то + 18,0 зимистон ях мекунад.
Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.
Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро мо дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9 балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ лағжиш (ярч) ва селу селравҳо, фурӯғалтҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанд ба атроф паҳн гардида чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад.
Дар табиати хушманзараи водии Зарафшон гӯшаҳое дучор меояд, ки офаридаҳои ғайримуқаррарӣ дошта дар бахшашон, ривояту афсонаҳо эҷод кардаанд.
Искандаркӯлро аксарият бо ному насаби истилогари юнонӣ (Искандари Мақдунӣ 356 п.м.-323 п.м.) вобаста мекунанд, ки соли 329 п.м. Осиёи Миёнаро забт кардаст.
Искандаркӯл якчанд маротиба номгӯйи дигар дошта дар рисолаи Ибни Фариғунӣ ё «Ҳудуд-ул-олам» (893 муаллифаш номаълум) (Фалғар, Парғар)-ро Бутамони Миёна номида, Искандаркӯли имрӯзаро Дурдона чун андаруни вай нишон додаст. Дар миёнаҳои асри XVIII дар асари «Нақшаи роҳи обӣ», «Харитаи генералии империяи Русия» (1776) ва «Харитаи Осиё» (1795) К.Ф.Бутёнов муҳандис-афсари рус Искандаркӯлро чун «Таран» (дар амалиётҳои ҳарбӣ вазъияти муҳосира) акс кардаст.
Ин номгӯй ба ҳақиқат рост намеояд, чунки дар забони суғдӣ «искӣ» маънои баландӣ, «дар» – маҳалла, макону дараро мефаҳмонад. Искандаркӯл ҳам, дар баландии 2195-2200 м (аз сатҳи баҳр) мавқеъ дорад, онро дар қадим кӯли «искотар» ё «искодар» меномиданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон деҳаҳои Искодар, Дардар, Искондарак, Исковати водии Зарафшон, Вискроғ, Виҷиск, Искад, Ванҷ, Искадари Кулоб, Сикати Боло, Сикати Пойини Вахё, Искандараки ш. Душанбе дар баландиҳо ҷойгиранд ва аз эҳтимол дур нест, ки нимҷазираи Скандинавия аз истилоҳи суғдӣ шояд «кўҳҳои баланд»-ро мефаҳмонад.
Гарчанде «искодар» ва «искотар» бо истилоҳи «таран» мафҳуми мухталиф дошта бошад ҳам, мавқеъ ва маҳаллаи баландро ифода мекунанд. Вожаҳои «искодар» ва «искотар» ҳамрешаанд ва шаклҳои тағйирёфтаи Искандар маҳсуб меёбанд. Оид ба ин масъала ховаршинос Василий Владимирович Бартолд ба хулосае омадаст, ки Искандаркӯл дар интиҳои асри XVII номи ҳозираашро гирифтааст. Ҳамин тавр, бо мурури вақт ва таҳаввул ёфтани истилоҳоти қадимаи суғдӣ, топонимҳо аз «қӯл» ба кӯл, аз «искотар» ба Искандар ва дар охир ба истилоҳи таҳрирёфтаи Искандаркӯл гузаштааст, ки ба ҳақиқат рост меояд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаҳо ва манбаъҳои обҳои табобатӣ мавҷуд аст, ки дар паҳлӯҳои онҳо истироҳатгоҳҳо бунёд ва ин намуди саёҳат инкишоф ёфтааст. Машҳуртарини онҳо «Хоҷа оби гарм», «Шоҳамбарӣ», «Оби гарм», «Зумрад», «Хавотоғ» мебошанд.Дар чашмаҳои гарми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди «Гармчашма», «Башор» ва «Шохдара» бозмондаҳои оҳакин ва намакин ба вуҷуд меоянд. Фоиданоктарини онҳо махсусан дар истироҳатгоҳи«Гармчашма» ба назар мерасанд, ки он 35 км дуртар аз шаҳри Хоруғ ҷойгир аст.
Яке аз ҷойҳои дилкаши дигар ин боғи ботаникии шаҳри Хоруғ мебошад, ки дар баландии 2320 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин боғ дар манзараи кӯҳҳои сиёҳ дар чашм ҳамчун як мӯъҷиза менамояд. Дар он зиёда аз 20 ҳазор навъи дарахту растаниҳо ҷамъ оварда шудаанд. Яке аз дарахтони нодир дар ин боғ - ин Бархати амурӣ, дарахти пукӣ, санавбари сиёҳи австриягӣ буда ҳамчунин дар боғи мазкур нодиртарин навъҳои садбарг ҷамъоварда шудаанд.
|
|
|
|
Экотуризм
Парваришгоҳи табии давлатии "Алмоси"
Парваришгоҳ соли 1984 дар майдони 6000 гектар таъсис дода шудааст. Мақсади асоси таъсиси парваришгоҳ муофизат ва бар қарор намудани ҷойҳои муҳим ва навъҳои гуногуни зебои табиати тоҷикистон, ки дар китоби сурх оварда шудааст. Парваришгоҳи Алмоси дар қисмати ҷануби қаторкуҳҳои Ҳисор байни дарёҳҳои қаратоҳ ва хонақо дар баландии то 2100 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ба парваришгоҳи Алмоси табассути роҳи нақлиёти ҳам аз самти Душанбе ва ҳам аз самти Сари осиё тавасути гузаргоҳи байнимилали (Узбекистон – Тоҷикистон) ворид шудан мумкин аст.
Боғи таърихи – фарҳанги "Ширкенд"
Боғи таърихи – фарҳанги “Ширкенд” бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 Сентябри соли 1993 таҳъти № 462. таъсис ёфтааст. Мақсади асоси таъсиси боғи таърихи фарҳанги ҳифзи навҳои гуногуни ҷонварон ва гиёҳҳо мебошад. Омузиши хусусияти физикию географи табиати ҷанубу ғарбии Ҳисор инчунин ташкили туризми экологи IPP “Ширкенд” дар минтақаи ноҳияи Турсунзода, Дар ҳавзаи дариё Ширкенд дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ҷой гирифтааст. Ҳудуди сарҳади боғ асосан дар қисмати шимоли қаторкуҳи Мечетли маҳдуд мегардад вале дар қисмате ғарб ба тарафи шарқ дарёҳои обизаранг ва қаратоғ тақсим мешавад. Қисмати ҷануби бо аз наздикии деҳаи ширкент мегузарад.То Ширкент аз Душанбе 100 км, ва аз тарафи сарҳади Тоҷикистону Узбекистон (яне гузаргоҳи сарҳади Сари Осиё – 55 км) мебошад.
Бошишгоҳи давлати табии Ромит
Бошишгоҳи давлати табии Ромит дар қисмати ҷанубии қаторкуҳои Ҳисор дар болооби дарёи Кофарниҳон ҷойгир аст. Қисмати ҷанубу шарқи бошишгоҳ то қаторкуҳои қаротегин рафта мерасад. Ҳудуди бошишгоҳ шакли секунҷаро дошта аз қисмати дарёи сорво ва аз шимол дараҳои танги Ушрута ва Вашрута сарчашма мегирад. Баландии секунҷа ба тарафи ҷануб тӯл кашида дар ҷои резишгоҳи дарёи Сардаи миёна ва Сорво дарёи Кофарниҳонро ба вуҷуд меоранд. Ҳудуди умумии бошишгоҳи Ромит 16100 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади таъсиси бошишгоҳ омузиш ва ҳифзи навҳои гуногуни олами набототу ҳайвонот ки ба китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд: хирси маларанги тиёншони, паланги бабри сафед намудҳои растаниҳои ҷангали аз ҷумла пиёзи анзур, пиёзи Суворови ва ғайра мебошад.
Тамоми зебоии ин кишвари офтобрӯяро бо сухан ифода намудан ғайри имкон аст. Метавон дар мавриди шаҳрҳои бостонӣ, ғизои зебои тоҷикӣ бе таваққуф суҳбат кард, ки ҳунари он аз гузашта реша мегирад ва гӯш додан ба ҳикмати шарқии – як бор дидан беҳтар аз сад бор шунидан беҳтар аст. Хуш омадед ба Тоҷикистони офтобрӯя, кишваре, ки пардаи нуҳуфтаи асрорро кушода, эҳсосоти ноошноро ба шумо ҳадя намуда, бо ҳусни нотакрори табиати мафтункунанда касро дар ҳайрат мегузорад. |