C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

01.11.2019

: 137

Семинар дар доираи татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020

Дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020, имрӯз 1 ноябри соли 2019, дар толори маҷлисгоҳи маҷмаии “Пойтахт”, аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи “Нақши такмили қонунгузорӣ ва роҳандозии низоми хариди электронӣ дар паст кардани хавфҳои коррупсионӣ» доир гардид.
Дар семинар бо иштироки намояндагони ташкилотҳои харидори соҳибихтисос ва бахши хусусӣ масоили марбут ба таҳияи лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи хариди давлатӣ” ва низоми такмилёфтаи хариди электронӣ, ки соли 2019 ҷорӣ карда шудааст, баррасӣ гардид. Аз ҷумла, аз ҷониби масъулини Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароти лоиҳаи қонуни нав, функсионал ва механизмҳои низоми мукаммалгардидаи хариди электронӣ, ки баҳри ноил шудан ба сатҳи боз ҳам баланди шаффофи расмиёти харид, рушди рақобат байни молрасонҳо (пудратчиён), муносибати одилона ва беғараз ба ҳама иштирокчиёни хариди давлатӣ ва мониторинги ҷамъиятии марҳилаҳои гуногуни харид равона шудаанд, ба таври муфассал шарҳ дода шуданд.

Зимни семинар зикр гардид, ки бо вуҷуди натиҷаҳои мусбати солҳои охир бадастомада, бахусус афзоиши назарраси сарфаи маблағҳои давлатӣ тавассути хариди электронӣ, ҳанӯз ҳам баъзе мушкилот дар соҳаи хариди давлатӣ боқӣ мондаанд, ки дар робита ба ин Агентӣ тибқи вазифаҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вогузоршуда ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд қадамҳои минбаъдаро барои рушди устувор ба нақша гирифтааст.

Ҳангоми муҳокимаи мавзӯъҳои дахлдор, ба иштирокчиёни чорабинӣ посӯхҳо, аз ҷумла оид ба танзими шартномаҳои харид дар мавриди иҷрои онҳо ва мониторинги нархи молҳо, дода шуданд.