Тартиби омодасозии нақшаи харид
Тартиби таҳияи Нақшаи солонаи харид (НСХ), ки бо Регламенти қабул гардидани нақшаи солона тасдиқ карда шудааст маҷмўи чораҳои пайдарпайро оид ба банақшагирии эҳтиёҷоти ташкилоти харидор бо назардошти таҳлили бозор ва эҳтиёҷоти худӣ барои охири соли ҷорӣ ва дар соли пешомад пешбинӣ менамояд.
Ташкилоти харидор таҳияи нақшаи солонаи харидро бояд дар моҳи сентябри соли ҷорӣ оғоз намуда баъди анҷоми он ўҳдадор аст НСХ-ро барои соли пешомад дар моҳи ноябри соли ҷорӣ нашр намояд. Таҳиягари асосӣ воҳиди харид мебошад, ки фаъолияти сохторҳои дигари ташкилотро ҳамоҳанг месозад. Дар ҳолате, ки ташкилоти харидор мақоми «ташкилоти харидори соҳибихтисос»-ро доро набошад, НСХ-ро бояд воҳиди баҳисобгирии муҳосибавӣ таҳия намояд.
Нақшаи солонаи харид барои соли ояндаи молиявӣ бояд тибқи шакле, ки мақоми ваколатдор тасдиқ намудаст ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати 10 рўз баъди бо мақомоти молиявӣ мувофиқа намудани сметаи хароҷот пешниҳод карда шавад.
Ба Нақшаи солонаи харид он хариде дохил карда мешавад, ки маблағи тахминиаш тибқи банди 15 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» аз ҳадди камтарини маблағи харид зиёд аст. Дар ҳолате, ки маблағи ташкилоти буҷетӣ аз рўи моддаи дахлдори гурўҳбании иқтисодии буҷетӣ барои семоҳа аз 12500 сомонӣ (барои молҳо) ё 17500 сомонӣ (барои кор, хизматрасонӣ) зиёд бошад, ташкилоти харидор ўҳдададор аст, ки ин хароҷотро ба НСХ дохил намояд. Мувофиқан, чунин харид зери танзими расмиёти харид, ки тибқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» пешбинӣ шудааст, қарор дода мешавад. Қарор оид ба дохил кардани хароҷот ба НСХ аз рўи моддаи дахлдори гурўҳбандии иқтисодии буҷетӣ алоҳида барои ҳар як семоҳа қабул карда мешавад.
Дар ҳолате, ки ҳаҷми маблағ аз рўи ГИБ барои семоҳа аз ҳадди камтарини маблағи харид зиёд набошад, ташкилоти харидор ўҳдадор нест ин маблағҳоро ба НСХ дохил намояд. Барои чунин хароҷот хариди соддашуда тибқи моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» татбиқ мегардад.