C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Лоиҳа

 

ҚАРОРИ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз____________ соли 2019_______ №____ ш. Душанбе

Дар бораи тасдиқи Тартиби хариди маҳсулоти ғизоӣ ва

хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

140.150.040

 

          Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади таъмин намудани сифат ва бехатарии ғизои мактабӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1.                 Тартиби хариди маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2.                 Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, мақомоти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, хариди маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабиро барои эҳтиёҷоти давлатии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тибқи Тартиби мазкур амалӣ намоянд.

3.                 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба дараҷаи ғизонокии маҳсулоти ғизоӣ, ҷойгиршавии ҷуғрофии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сину соли мактаббачагон ва меъёри шабонарӯзии истеъмоли ғизо барои кӯдакони сини мактабӣ таомномаи ягонаро барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар муддати 1 моҳ таҳия ва тасдиқ намоянд.

4.                 Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи дурусти Тартиби мазкур зимни хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ тадбирҳои амалӣ андешад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз ___ _______ соли _____, №__ тасдиқ шудааст

 

Тартиби хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

1.     МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.                 Тартиби хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (минбаъд Тартиб) расмиёти хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳоро ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои таъмини эҳтиёҷоти давлатии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ маблағгузорӣ мегарданд, бо усулҳои муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” ба танзим дароварда, талаботи ягонаро ҷиҳати баргузор намудани чораҳои марбут ба бозоромӯзӣ, таҳияи супориши техникӣ барои хариди маҳсулоти ғизоӣ, банду баст, таҳвил, қабул ва нигаҳдории он, инчунин хариди хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ ва талаботи тахассусиро нисбати молрасонон ва хизматрасонон муқаррар менамояд.

2.     МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

2.                 Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- хариди давлатӣ - аз ҷониби ташкилоти харидор бо усулҳои муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” ба даст овардани мол, кор ва хизматрасонӣ, ки пурра ё қисман аз ҳисоби маблағи давлатӣ маблағгузорӣ мегардад;

- маблағи давлатӣ - бо мақсадҳои Тартиби мазкур зери мафҳуми маблағи давлатӣ ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ, ки ба хариди маҳсулоти ғизоӣ ва ё хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ равона карда мешаванд, фаҳмида мешавад;

- ташкилоти харидор - муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ, мақомоти давлатӣ, ташкилот ва корхонаҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ маҳсулоти ғизоӣ ва ё хизматрасониҳоро ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ харидорӣ менамояд;

- маблағи тахминии харид – маблағи дар натиҷаи бозоромӯзӣ муайяннамудаи ташкилоти харидор, ки дар доираи он озмуни хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва ё озмуни хариди давлатии хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ баргузор мегардад;

- молрасон – ҳама гуна шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродие, ки аз рӯи натиҷаи озмуни хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ, ки тибқи Тартиби мазкур баргузор шудааст, барои таҳвили маҳсулоти ғизоӣ ба муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ, бо ташкилоти харидор вориди робитаи шартномавӣ мегардад;

- хизматрасон ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ – ҳама гуна шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкорони инфиродие, ки дар натиҷаи озмуни хариди давлатии хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ, ки тибқи Тартиби мазкур баргузор шудааст, барои ташкили ғизои мактабӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии давлатӣ бо ташкилоти харидор вориди робитаи шартномавӣ мегардад;

- дархости тендерӣ – пешниҳод дар хусуси молрасонӣ ё анҷоми хизматрасонӣ ҳангоми баргузор кардани озмуни хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ё хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ;

- шартномаи хариди давлатӣ – шартномае, ки дар анҷоми расмиёти хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ё хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ миёни ғолиби озмун ва ташкилоти харидор баста шудааст.

3.     БАНАҚШАГИРИИ ЭҲТИЁҶОТИ ДАВЛАТӢ БАРОИ

ХАРИДИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ ВА ХАРИДИ ХИЗМАТРАСОНИҲО ҶИҲАТИ ТАШКИЛИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

3.                 Ташкилоти харидор эҳтиёҷоти муассисаи таҳсилоти умумии давлатиро ба хариди маҳсулоти ғизоӣ ё ба хариди хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ қатъиян тибқи таомномаи аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқшуда, бо назардошти шумораи мактаббачагон ва реҷаи рӯзҳои бо хӯрок таъмин намудани мактаббачагон ба нақша мегирад.

4.     ТАҲЛИЛИ БОЗОР

4.                 Бо мақсади таъмини истифодаи босамари маблағҳои давлатӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснок намудани хароҷоти ин маблағҳо ташкилоти харидор мувофиқан бозорҳои маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабии харидшавандаро дар асоси таомномаи тасдиқшуда бо назардошти шумораи мактаббачагон ва реҷаи рӯзҳои ташкили ғизои мактабӣ, бевосита ҳангоми банақшагирии харид ва пеш аз оғози харид мавриди таҳлил қарор медиҳад.

5.                 Барои амалӣ намудани таҳлили бозор ва омодагӣ ба оғози расмиёти хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ё расмиёти хариди давлатии хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ роҳбари ташкилоти харидор аз ҳисоби кормандони соҳавӣ комиссия оид ба бозоромӯзиро таъсис медиҳад. Ҳайати комиссия оид ба бозоромӯзӣ на камтар аз се нафар иборат буда, роҳбари ташкилоти харидор ҳуқуқ надорад ба ҳайати комиссия оид ба бозоромӯзӣ шомил гардад.

6.                 Комиссия оид ба бозоромӯзӣ тибқи ҷадвали 1 ба Тартиби мазкур замимашуда бозоромӯзиро амалӣ намуда, дар заминаи нархи миёнаи бозорӣ, ташкилоти харидор маблағи тахминии харидро муайян менамояд.

5.     УСУЛҲОИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ҶИҲАТИ ТАШКИЛИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

7.                 Бо мақсади таъмини шаффофият, тавсеаи рақобати бовиҷдонона миёни молрасонон/хизматрасонон ва самаранокии хариди давлатӣ, истифодаи сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ ва интихоби молрасони/хизматрасони боэътимоду соҳибтахассус, хариди маҳсулоти ғизоӣ ва хариди хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои эҳтиёҷоти муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ дар асоси усулҳои муайяннамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” амалӣ карда мешавад.

6.     ТАҲИЯИ СУПОРИШИ ТЕХНИКӢ БАРОИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ҶИҲАТИ ТАШКИЛИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

8.                 Ташкилоти харидор бо риояи муқаррароти Тартиби мазкур масъули омодасозии супориши техникӣ, ки ба ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва ё хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ замима мегардад, мебошад.

9.                 Супориши техникӣ, яке аз шартҳои асосии озмунӣ ба ҳисоб рафта, бидуни он баргузор намудани озмуни хариди давлатӣ имконнопазир мебошад.

§. 1 Таҳияи супориши техникӣ барои хариди

давлатии маҳсулоти ғизоӣ

10.            Дар супориши техникӣ барои хариди маҳсулоти ғизоӣ ташкилоти харидор ҳадди ақал иттилоот ва талаботи зеринро нисбати молрасонон бояд пешбинӣ намояд:

- маълумот дар бораи озмуни хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ;

- маълумот дар бораи шартҳои пардохт бо дарҷи муҳлатҳои амалӣ гардонидани пардохти маблағи шартномавӣ;

- талаботи тахассусӣ нисбати молрасонони маҳсулоти ғизоӣ;

- номи моли харидшаванда;

- тавсифоти техникии маҳсулоти ғизоии харидшаванда;

- талабот оид ба бехатарии маҳсулоти ғизоӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар нисбати маҳсулоти ғизоии харидшаванда чунин нишондиҳандаҳо муқаррар шуда бошанд;

- талаботи санитарию гигиенӣ ба бехатарии маҳсулоти ғизоии харидшаванда дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар нисбати маҳсулоти ғизоии харидшаванда чунин талаботҳо муқаррар шуда бошанд;

- талабот нисбати муҳлати истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ: муҳлати боқимондаи истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ ба ҳолати таҳвил ва қабул бояд на камтар аз ҳаштод фоизи муҳлати истеъмолии аз ҷониби истеҳсолкунандаи он ё тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда бошад, агар нисбати маҳсулоти ғизоии харидшаванда чунин талаботҳо муқаррар шуда бошанд;

- дар мавриди ғолиб эътироф гардидан, уҳдадор гардидани молрасони ғолиб барои пешниҳоди сертификатҳои сифат ва мутобиқати маҳсулоти ғизоии таҳвилшаванда, агар чунин талабот тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад;

- талабот нисбат ба маҳал ва муҳлати расонидани маҳсулоти ғизоии харидшаванда. Дар баробари ин пешбинӣ намудани андозаи ҷарима барои ҳар як рӯзи дермонии таҳвил ҳатмӣ мебошад. Андозаи ҷарима бояд дар ҳудуди аз 0.01 фоиз то 0.05 фоиз аз маблағи умумии шартномавӣ барои ҳар як рӯзи дермонии таҳвил пешбинӣ карда шавад;

- талабот оид ба таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ;

- супориши техникӣ фақат бо иттилоот ва шартҳои болозикр маҳдуд нагардида, метавонад дигар маълумот ва шартҳоеро дар бар гирад, ки рақобатро маҳдуд намесозанд.

§.2 Таҳияи супориши техникӣ барои хариди

давлатии хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ

11.            Дар супориши техникӣ барои хариди давлатии хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ ташкилоти харидор ҳадди ақал иттилоот ва талаботи зеринро нисбати хизматрасон бояд пешбинӣ намояд:

- маълумот дар бораи озмуни хариди давлатии хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ;

- маълумот дар бораи маҳал ва муҳлати ташкили ғизои мактабӣ;

- талаботи тахассусӣ нисбат ба хизматрасонон ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ;

- таомнома бо реҷаи ташкили ғизои мактабӣ ва шумораи дақиқи мактаббачагон, ки тибқи он хизматрасон ғизои мактабиро ташкил менамояд;

- маълумот дар бораи шартҳои пардохт бо дарҷи муҳлатҳои амалӣ гардонидани пардохти маблағи шартномавӣ;

- талаботи умумӣ нисбати хизматрасонон ҷиҳати риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, меъёр ва қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- талабот оид ба ғизонокӣ, банду бастимаҳсулоти хӯрокворӣ, бехатарӣ ва стандарти зарфҳои таомхурӣ, ки дар умум барои ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои муқарраршудаи меъёрҳои физиологии маҳсулоти ғизоӣ мусоидат менамоянд;

- талабот оид ба муҳлати истеъмоли маҳсулоти ғизоии барои ташкили ғизои мактабӣ истифодашаванда. Муҳлати ниҳоии истифодабарии маҳсулоти ғизоии барои ташкили ғизои мактабӣ ба ҳолати истифодабарӣ бояд на камтар аз ҳаштод фоизи муҳлати истеъмолии аз ҷониби истеҳсолкунандаи он ё тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда бошад, агар нисбати маҳсулоти ғизоии истифодашаванда чунин талаботҳо муқаррар шуда бошанд;

- талаботи гигиенӣ ба бехатарии маҳсулоти ғизоии барои ташкили ғизои мактабӣ истифодашаванда дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар нисбати маҳсулоти ғизоии истифодашаванда чунин талаботҳо муқаррар шуда бошанд;

- шартҳои таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти ғизоии барои ташкили ғизои мактабӣ истифодашаванда;

- реҷаи аз ҷониби комиссияи ташкилоти харидор ташкил ва гузаронидани назорати истеҳсолӣ дар робита ба риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ташкили ғизои мактабӣ;

- уҳдадории хизматрасон ҷиҳати ҷамъоварӣ ва дар мавриди тақозо шудан пешниҳод намудани сертификатҳои сифат ва мутобиқати маҳсулоти ғизоии барои ташкили ғизои мактабӣ истифодашаванда, агар чунин талабот тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад;

- пешбинӣ намудани уҳдадории хизматрасон дар робита ба ҳолатҳои аз ҷониби хизматрасон вайрон шудани реҷаи ташкили ғизои мактабӣ дар муассисаи таҳсилоти умумӣ. Дар мавриди пурра вайрон шудани реҷаи ташкили ғизои мактабӣ, ки бо гуноҳи хизматрасон сар задааст, ба истиснои ҳолатҳои форсмажор ташкилоти харидор аз маблағи умумии шартномавӣ ҳаҷми маблағи барои як рӯзи ташкили ғизои мактабӣ харҷшавандаро мутаносибан барои ҳар як рӯзе, ки реҷаи ташкили ғизои мактабӣ вайрон шудааст, боз медорад. Агар, хизматрасон ғизои мактабиро қисман ташкил намуда бошад, ташкилоти харидор аз маблағи умумии шартнома маблағи фарқи хизматрасонии амалинашударо мутаносибан боз медорад.

- пешбинӣ намудани андозаи ҷарима барои пурра ё қисман вайрон кардани реҷаи ташкили ғизои мактабӣ. Андозаи ҷарима бояд дар ҳудудӣ аз 0.01 фоиз то 0.05 фоиз аз маблағи умумии шартномавӣ барои ҳар як рӯзе, ки хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ тибқи санади супоридан ва қабули хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ амалӣ нашудааст, пешбинӣ карда шавад;

- супориши техникӣ фақат бо иттилоот ва шартҳои болозикр маҳдуд нагардида, метавонад дигар маълумот ва шартҳоеро дар бар гирад, ки рақобатро маҳдуд намесозанд.

7.     ШАРТҲОИ ТАҲВИЛ ВА НИГОҲДОРИИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ

12.            Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва гигиенаи маҳсулоти ғизоӣ, пешгирии ҳолатҳои ифлосшавӣ ва заҳролудшавии маҳсулоти ғизоӣ ҳангоми таҳвил ва нигоҳдорӣ, ташкилоти харидор дар супориши техникӣ талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ҳамчун шартҳои асосии озмунӣ пешбинӣ менамоянд.

8.     ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ НИСБАТ БА МОЛРАСОНОНИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ ВА ХИЗМАТРАСОНОН ҶИҲАТИ ТАШКИЛИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

13.                 Талаботи тахассусӣ нисбат ба молрасонон/хизтматрасонон тибқи талаботҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” дар супориши техникӣ пешбинӣ мегардад. Дар супориши техникӣ пешбинӣ намудани шартҳои зерини тахассусӣ ҳатмӣ мебошад:

- мавҷудияти таҷриба оид ба иҷрои шартнома/ҳо барои таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/ташкили ғизои мактабӣ дар давоми як соли охир то санаи иштирок дар озмуни хариди давлатӣ. Дар ин маврид, ҳаҷми умумии маблағи шартномаи/ҳои қаблан иҷрошуда бояд на камтар аз бист фоизи маблағи дархостнамудаи иштирокчии озмун, ки ба озмун ҷиҳати ба даст овардани ҳуқуқи бастани шартномаи таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/ташкили ғизои мактабӣ пешниҳоди тендерӣ ворид намудааст, ташкил диҳад. Дар мавриди баргузории озмунҳое, ки дар онҳо маблағи тахминии харид на зиёда аз шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, мавҷудияти таҷриба оид ба иҷрои шартнома барои таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/ташкили ғизои мактабӣ талаб карда намешавад.

- мавҷудияти воситаи нақлиётии боркаши махсус ва контейнерҳо, ки маҳсулоти ғизоиро зимни таҳвил аз ифлосшавӣ, дохилшавии ҳайвонот, аз ҷумла хояндаҳо ва ҳашарот эмин дошта, амалиёти тозакунӣ, шустушўй ва тамизро (дезинфексия) таъмин намоянд. Инчунин, сатҳи дохилии воситаҳои нақлиёти боркаши ба қисмҳо ҷудошуда ва контейнерҳо, бояд аз маводҳои шусташаванда сохта шуда бошанд.

- мавҷудияти мутахассисоне, ки мунтазам аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд ва барои муносибати бевосита бо маҳсулоти ғизоӣ дар мавриди таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ё ин, ки дар мавриди ташкили ғизои мактабӣ ҷалб мешаванд.

- хизматрасонони довталаб барои ба даст овардани шартномаи хариди давлатӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ дар баробари дигар талаботҳо бояд ҳадди ақал дорои як мутахассис бо маълумоти олӣ ва як корманди дорои маълумоти миёнаи касбӣ аз рӯи ихтисосҳои технологияи коркард ва истеҳсоли хӯроки умумӣ бошанд;

- дар мавриди зарурат мавҷудияти анбор ё ҷои махсуси ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ, ки маҳсулоти ғизоиро аз ифлосшавӣ, заҳролудшавӣ, дохилшавии ҳайвонот, аз ҷумла хояндаҳо ва ҳашарот эмин дошта, барои нигоҳдорӣ ва омодаи таҳвил намудани маҳсулоти ғизоӣ истифода мешавад. Талаботи мазкур нисбати иштирокчиёни озмунҳои хариди давлатии хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ татбиқ намегардад.

9.     ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БАРОИ ТАСДИҚИ САТҲИ ТАХАССУСНОКӢ АЗ ҶОНИБИ МОЛРАСОНОН/ХИЗМАТРАСОНОН ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД

14.            Молрасонони/хизматрасонони довталаб барои ба даст овардани ҳуқуқи бастани шартномаи хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ/хариди давлатии хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ дар баробари пешниҳоди дархости тендериаш бояд маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:

- нусхаи протоколҳои тендерӣ ва шартномаҳо оид ба таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/ташкили ғизои мактабӣ, ки дар давоми як соли охир аз рӯи натиҷаҳои озмунҳои хариди давлатӣ баста шудаанд. Талаботи мазкур нисбати иштирокчиёни озмунҳои хариди маҳсулоти ғизоӣ, ки маблағи тахминии дар онҳо пешбинишуда на зиёда аз шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад ва иштирокчиёни озмунҳои хариди хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ, ки маблағи тахминии дар онҳо пешбинишуда на зиёда аз ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, татбиқ намегардад;

- нусхаи санадҳои супоридан ва қабули маҳсулоти ғизоӣ/хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ, ки дар доираи иҷрои шартномаҳо оид ба таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/ташкили ғизои мактабии басташуда, тартиб дода шудаанд. Талаботи мазкур нисбати иштирокчиёни озмунҳои хариди маҳсулоти ғизоӣ, ки маблағи тахминии дар онҳо пешбинишуда на зиёда аз шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад ва иштирокчиёни озмунҳои хариди хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ, ки маблағи тахминии дар онҳо пешбинишуда на зиёда аз ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, татбиқ намегардад;

- тавсияномаи ташкилоти харидор, ки ба он қаблан аз ҷониби иштирокчии озмуни хариди давлатии ғизои мактабӣ/хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ дар доираи шартнома ё шартномаҳо маҳсулоти ғизоӣ таҳвил ва ё хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ пешкаш шудааст. Тавсиянома бояд дорои маълумот оид ба иҷрои саривақтии уҳдадориҳои шартномавии молрасон/хизматрасон, риоя гардидани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳвил ва нигоҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва ташкили ғизои мактабӣ бошад. Талаботи мазкур нисбати иштирокчиёни озмунҳои хариди маҳсулоти ғизоӣ, ки маблағи тахминии дар онҳо пешбинишуда на зиёда аз шашсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад ва иштирокчиёни озмунҳои хариди хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ, ки маблағи тахминии дар онҳо пешбинишуда на зиёда аз ҳазору дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад, татбиқ намегардад;

- нусхаи шиносномаи техникӣ ва нусхаи шиносномаи санитарии воситаи нақлиётии махсуси боркаши дорои контейнерҳо дар мавриди дар моликияти иштирокчии озмуни хариди давлатии ғизои мактабӣ/хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ қарор доштани он. Дар мавриди кироя шудани чунин воситаи нақлиёт нусхаи шиносномаи техникӣ, нусхаи шиносномаи санитарӣ ва шартномаи иҷораи воситаи нақлиётӣ бояд пешниҳод карда шавад;

- дар мавриди ба моликияти иштирокчии озмуни хариди давлатии ғизои мактабӣ тааллуқ доштан нусхаи шиносномаи техникии анбор ва дар мавриди кироя шудани анбор нусхаи шиносномаи техникии анбор ва шартномаи иҷораи он бояд пешниҳод гарданд. Дар ҳама ҳолат бояд нусхаи хулосаи санитарию эпидемиологӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дода шудааст, пешниҳод карда шавад;

- Рӯйхати мутахассисоне, ки бевосита барои муомилот бо маҳсулоти ғизоӣ дар мавриди таҳвил ва нигоҳдорӣ, инчунин ташкили ғизои мактабӣ ҷалб мегарданд. Ҳамзамон, нусхаи шартномаҳои меҳнатӣ бо мутахассисон ва нусхаи дафтарчаҳои шахсии санитарӣ, ки мунтазам аз муоинаи тиббӣ гузаштани онҳоро тасдиқ менамоянд, бояд пешниҳод гарданд.

- хизматрасонони довталаб барои ба даст овардани шартномаи хариди давлатӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои тасдиқи мутобиқати тахассуснокии худ ва тахассуснокии кормандонаш ба талаботи тахассусии озмунӣ, нусхаи шиноснома ва дипломҳои мутахассисонро ба озмун дар баробари дархости тендериаш пешниҳод менамояд.

10.                        БАРРАСӢ, АРЗЁБӢ, МУҚОИСАИ ДАРХОСТҲОИ ТЕНДЕРИИ МОЛРАСОНОН/ХИЗМАТРАСОНОН, ИНТИХОБИ ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ ВА БАСТАНИ ШАРТНОМА

15.            Амалиёти марбут ба баррасӣ, арзёбӣ ва муқоисаи дархостҳои тендерии иштирокчиёни озмунҳо бо назардошти шарт ва талаботҳои дар супоришҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ барои баргузории озмуни хариди маҳсулоти ғизоӣ/хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби ташкилотҳои харидор дар асоси Тартиби мазкур омода шудааст бо риояи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” пешбинишуда, амалӣ карда мешавад.

16.            Агар зимни баррасӣ, арзёбӣ ва муқоисаи дархостҳои тендерии ба озмун воридшуда муайян карда шавад, ки маблағи дархости тендерии иштирокчие, ки пешниҳоди тендериаш аз ҳисоби нархи пасттарин дар ҷои аввал мебошаду он аз маблағи тахминии барои озмун пешбининамудаи ташкилоти харидор аз 25 фоиз ё аз ин миқдор зиёд, пасттар мебошад, он гоҳ аз иштирокчии мазкур асоснокии ташаккулёбии маблағи пешниҳоди тендериаш бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда талаб карда мешавад. Барои асоснок намудани ташаккулёбии маблағи дархости тендерии худ иштирокчии озмун, ки аз он чунин тақозо шудааст, бояд маълумоти зеринро ба ташкилкунандаи озмуни хариди давлатӣ пешкаш намояд:

- мактуби кафолатӣ ва/ё пешниҳоди тиҷоратии истеҳсолкунанда ё фурӯшандаи маҳсулот бо дарҷи имконпазирии бо нархҳои пешниҳоднамудаи иштирокчии озмун ва ба миқдор ва ҳаҷми зарурӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда дастрас шудани маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти ғизоие, ки дар харҷномаи иштирокчии озмуни хариди хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ овардашуда; ё

- ҳуҷҷатҳое, ки дар ихтиёрдории иштирокчии мазкур мавҷуд будани предмети мавриди харидро тасдиқ менамоянд; ё

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки имконпазирии бо нархи пешниҳоднамудаи иштирокчии озмун дар муҳлати муқарраршуда ба миқдор ва ҳаҷми зарурӣ дастрас шудани предмети харидшавандаро тасдиқ менамоянд.

17.            Ғолибият дар озмун бояд ба пешниҳоди тендерии ҳамон иштирокчие мансуб дониста шавад, ки талабот ва шартҳои дар супориши техникӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ овардашударо нисбат ба дигар иштирокчиёни озмун қонеъ намуда, арзиши пешниҳоди тендерии мазкур аз ҳисоби нархи пасттарин дар ҷои якум мебошад. Дар ин асос дар давоми на дертар аз панҷ рӯз шурӯъ аз замони тасдиқ гардидани протоколи интихоби ғолиби озмун ташкилоти харидор муваззаф мебошад, ки бо риояи меъёр, сатҳ, стандартҳо, нишондиҳандаҳо ва нархҳои бо озмуни хариди давлатӣ муқарраршуда бо ғолиби озмун шартномаи таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабиро бандад.

18.            Ташкилоти харидор вазифадор аст, дар давоми се рӯзи баъд аз ба имзо расонидани шартномаи таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ ба мақомоти ваколатдор оид ба хариди давлатӣ ҳисобот пешниҳод намояд.

19.            Дар мавриди аз имзои шартномаи таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ даст кашидани ғолиби озмун, ғолибият дар озмун ба иштирокчие, ки дархости тендериаш аз ҳисоби нарх дар ҷои дуввум мебошад, мансуб дониста шуда, мутаносибан ба ташкилоти харидор тавсияҳо ҷиҳати бо иштирокчии мазкур ба имзо расонидани шартномаи таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ дода мешавад. Дар ин маврид мутобиқати дархости тендерии иштирокчии мазкур ба талабот ва шартҳои озмун бояд тасдиқ гардад.

20.            Ҳангоми аз бастани шартнома даст кашидани иштирокчие, ки дархости тендериаш аз ҳисоби нарх дар ҷои дуввум мебошад, ғолибият дар озмун ва тавсияи бастани шартномаи таҳвили маҳсулоти ғизоӣ/хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ ба иштирокчии навбатии озмун дода мешавад. Ҳангоми дар ин навбат низ иштирокчии навбатӣ аз бастани шартнома даст кашад, амалиёти пайдарпаии муайян намудани ғолиби озмун ва бастани шартнома тибқи тартиби дар банди мазкур пешбинишуда то иштирокчии охирин амалӣ карда мешавад.

21.            Ҳангоми аз ғолибият ва бастани шартномаи хариди давлатӣ даст кашидани ҳамаи иштирокчиёни озмун, озмуни хариди давлатии мазкур тибқи тартиби муқарраргардида бо мушаххас намудани сабабҳо бекор карда шуда, баъди бартараф намудани сабабҳои ба бекорсозии озмуни мазкур мусоидаткунанда озмун такроран баргузор карда мешавад.

11.                        СУПОРИДАН ВА ҚАБУЛИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ

22.            Супоридан ва қабули маҳсулоти ғизоӣ қатъиян бо риояи муқаррароти шартномаи хариди давлатии басташуда ва муҳлатҳои дар он мувофиқашуда аз ҷониби намояндагони масъули муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ва молрасон бо роҳи имзои санади қабул ва супоридани мол амалӣ карда мешавад.

23.            Бо ин мақсад роҳбари муассисаи таҳсилоти умумӣ комиссияи супоридан ва қабули маҳсулоти ғизоиро дар ҳайати на камтар аз се нафар мутахассисони соҳавӣ таъсис медиҳад. Роҳбари муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳуқуқ надорад ба ҳайати комиссияи супоридан ва қабул шомил гардад.

24.            Комиссияи супоридан ва қабули маҳсулоти ғизоӣ, зимни қабули маҳсулоти ғизоии таҳвилшуда аз ҷониби молрасон риоя шудани шарт ва талаботҳои озмунӣ ва шартномавиро дар ҳузури намояндаи ваколатдори молрасон мавриди назорат қарор медиҳад, аз ҷумла:

- миқдор ва ҳаҷми маҳсулоти ғизоии таҳвилшуда. Дар ин маврид сертификатҳои сифат ва мутобиқати маҳсулоти ғизоӣ талаб карда мешавад, агар чунин талабот тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад;

- ҳангоми таҳвил аз ҷониби молрасон таъмин гардидани бехатарӣ ва гигиенаи маҳсулоти ғизоӣ, ҳамзамон истисно шудани ҳолатҳои ифлосшавӣ ва заҳролудшавии он. Дар ин маврид, комиссияи супоридан ва қабул бояд ҳолати санитарию гигиении воситаи нақлиётии махсуси боркашон ва контейнерҳоро дар хусуси риоя шудани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар супориши техникӣ ҳамчун шарти озмунӣ пешбинӣ шуда буданд, аз назар гузаронад;

- муҳлати истеъмоли маҳсулоти ғизоӣ. Муҳлати боқимондаи маҳсулоти ғизоӣ ба ҳолати қабул бояд на камтар аз ҳаштод фоизи муҳлати аз ҷониби истеҳсолкунанда муқарраршуда бошад;

- осебнопазир будани банду басти маҳсулоти ғизоии таҳвилшуда, ки аз ҷониби истеҳсолкунандаи он анҷом дода шудааст. Дар мавриди бидуни банду басти истеҳсолкунанда таҳвил гардидани маҳсулоти ғизоӣ, талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нигоҳдорӣ ва таҳвили маҳсулоти ғизоӣ мадди назар карда мешавад;

- риоя шудани дигар муқаррароти шартномаи таҳвили маҳсулоти ғизоӣ.

25.            Дар мавриди риоя шудани талаботи болозикр, комиссияи супоридан ва қабул якҷо бо намояндагони ваколатдори молрасон санади муштараки супоридан ва қабулро тартиб медиҳанд. Дар мавриди акс, агар комиссияи супоридан ва қабул муайян намояд, ки аз ҷониби молрасон талабот ва шартҳои озмунию шартномавӣ иҷро нагардидаанд, онгоҳ комиссияи супоридан ва қабул раддияи асосноки хаттиро бетаъхир худи ҳамон рӯзи таҳвили маҳсулоти ғизоӣ бо огоҳонидани мақоми ваколатдор оид ба хариди давлатӣ ба молрасон пешкаш намуда, маҳсулоти ғизоии таҳвилшударо ба молрасон бозпас менамояд. Дар ин ҳолат муҳлати таҳвили маҳсулоти ғизоӣ, ки дар шартномаи хариди давлатӣ муқаррар шудааст, тағйир дода намешавад ва мутаносибан молрасон барои ҳар як рӯзи дермонии таҳвили маҳсулоти ғизоӣ масъул буда, тибқи андозаи дар шартнома муқарраршуда аз ҷониби ташкилоти харидор ҷаримабандӣ мешавад.

12.                        СУПОРИДАН ВА ҚАБУЛИ ХИЗМАТРАСОНИҲО

ҶИҲАТИ ТАШКИЛИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

26.            Супоридан ва қабули хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ қатъиян бо риояи муқаррароти шартномаи хариди давлатии басташуда ва муҳлатҳои дар он мувофиқашуда аз ҷониби намояндагони масъули муассисаҳои таҳсилоти умумии давлатӣ ва намояндагони ваколатдори хизматрасон амалӣ карда мешавад.

27.            Бо ин мақсад роҳбари муассисаи таҳсилоти умумӣ комиссияи супоридан ва қабули хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ дар ҳайати на камтар аз се нафар мутахассисони соҳавӣ таъсис медиҳад. Роҳбари муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳуқуқ надорад ба ҳайати комиссияи супоридан ва қабул шомил гардад.

28.            Бо назардошти он, ки ташкили ғизои мактабӣ раванди мунтазам дар муҳлати муайян буда, назорати доимии бехатарӣ, миқдор ва риояи таомномаро тақозо менамояд, комиссияи супоридан ва қабули хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ фаъолияти худро муносиб ба рӯзҳои ташкили ғизои мактабӣ мунтазам амалӣ менамояд.

29.            Комиссияи супоридан ва қабул табели шумораи бо ғизои мактабӣ таъмин шудани мактаббачагонро муносиб ба рӯзҳои ташкили ғизои мактабӣ мунтазам тартиб ва пешбарӣ менамояд. Дар баробари ин, комиссияи супоридан ва қабул муносиб ба рӯзҳои ташкили ғизои мактабӣ сифат, бехатарӣ ва меъёри (вазни) таомҳоро ҷиҳати риоя шудани меъёри таомномаи тасдиқшуда мавриди санҷиш қарор дода, ҳамарӯза дар табел қайдҳои дахлдорро ворид менамояд.

30.            Комиссияи супоридан ва қабул дар якҷоягӣ бо намояндагони ваколатдори хизматрасон то санаи панҷуми ҳар моҳи фарорасида бо мақсади қабул ва супоридани хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ, ки дар моҳи сипаригардида аз ҷониби хизматрасон амалӣ шуда буданд, санади қабул ва супориданро тартиб медиҳанд. Санади қабул ва супоридани хизматрасониҳои амалишуда ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ барои моҳи декабри соли сипаришаванда, бояд на дертар аз 31-уми декабри соли сипаришаванда тартиб дода шавад.

31.            Комиссия супоридан ва қабул шумораи мактаббачагони бо ғизои мактабӣ таъминшударо, инчунин сифат ва бехатарии ғизои мактабиро, ки дар санади қабул ва супоридан дарҷ шудаанд, бо табелҳои ҳамарӯза дар давоми моҳи сипаригардида тартибдодааш муқоиса намуда, экспертизаи натиҷаҳои хизматрасониҳои расонидашударо ҷиҳати мутобиқат ба ва риоя шудани шарту талаботи шартномаи хариди давлатии хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ, амалӣ намуда, ҳангоми натиҷагирии мусбӣ, санади қабул ва супориданро имзо менамояд. Хизматрасониҳо барои моҳи сипаригардида шурӯъ аз замони ба имзо расонидани санади қабул ва супоридан, қабулшуда ба ҳисоб меравад.

32.            Агар зимни пешкаши хизматрасониҳо оид ба ташкили ғизои мактабӣ дар моҳи сипаригардида ба истиснои ҳолатҳои форсмажор аз ҷониби хизматрасон реҷаи ташкили ғизои мактабӣ пурра вайрон шуда бошад, комиссияи супоридан ва қабул дар санад оид ба супоридан ва қабули хизматрасонӣ шумораи рӯзҳое, ки дар онҳо реҷаи ташкили ғизои мактабӣ вайрон шудааст, қайд менамояд ва мутаносибан чунин рӯзҳо ҳамчун рӯзҳои амалинашудаи хизматрасонӣ эътироф мегарданд. Дар ин маврид ташкилоти харидор аз маблағи умумии шартномавӣ ҳаҷми маблағи барои як рӯзи ташкили ғизои мактабӣ харҷшавандаро мутаносибан барои ҳар як рӯзе, ки реҷаи ташкили ғизои мактабӣ вайрон шудааст, боздошт менамояд.

33.            Барои ҳар як рӯзе, ки реҷаи ташкили ғизои мактабӣ пурра ё қисман вайрон шуда, дар санади супоридан ва қабули хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои дарҷ гардидааст, ташкилоти харидор муваззаф мебошад, ки тибқи андозаи дар шартномаи хариди давлатӣ пешбинишуда хизматрасонро ҷарима намояд.

13.                        ТАВСЕАИ ДОИРАИ ИШТИРОК ВА РУШДИ РАҚОБАТ БАЙНИ МОЛРАСОНОН ВА ХИЗМАТРАСОНОН ДАР МАВРИДИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНҲОИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ

34.            Бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои давлатӣ ва шаффофият дар озмунҳои хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ/ хизматрасони ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ, ҳамзамон таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабии харидшаванда тавассути рушди рақобат миёни молрасонон/хизматрасонон, дар супоришҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешбинӣ намудани ҳеҷ гуна шарт ва талаботҳои беасосу барзиёд, ки ба маҳдудсозии сунъии рақобат оварда мерасонад, иҷозат дода намешавад. Ҳангоми дар дархост ташкилоти харидор барои баргузории озмуни хариди давлатӣ ва супориши техникӣ шарт ва талаботҳои ба маҳдудсозии рақобат мусоидаткунанда муайян гарданд, ингуна дархост аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба харид бо тақозои тасҳеҳ ҷиҳати аз байн бурдани чунин шартҳо ва талаботҳо рад карда мешаванд.

35.            Ҳангоми аз ҷониби мақоми ваколатдор оид ба харид расман гирифтани тақозои тасҳеҳ ҷиҳати аз байн бурдани шартҳои ба маҳдудсозии рақобат мусоидаткунанда, ташкилоти харидоре, ки чунин тақозоро қабул намудааст уҳдадор мебошад, ки дар муддати се рӯзи корӣ ба дархости худ барои баргузории озмуни харид ва супориши техникӣ тасҳеҳи дахлдорро ворид намуда, онро ба мақоми ваколатдор оид ба харид расман пешниҳод намоянд.

14.                        РЕҶАИ МУСОИД ДАР МАВРИДИ АНҶОМ ДОДАНИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МАҲСУЛОТИ ҒИЗОӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО ҶИҲАТИ ТАШКИЛИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

36.            Реҷаи мусоид дар мавриди анҷом додани хариди давлатии маҳсулоти ғизоӣ ва хизматрасониҳо ҷиҳати ташкили ғизои мактабӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ сарфи назар аз шакли моликият, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, №96 аз 25 феврали соли 2017 “Дар бораи Қоидаҳои реҷаи мусоид дар мавриди анҷом додани хариди давлатӣ” татбиқ карда мешавад.

15.                        МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

37.            Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.