C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

: 209

Дар асоси Фармоиши Директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №12 аз 17 январи соли 2018  “Дар бораи таъйини азнавбақайдгирии  яккаратаи ҳамасолаи ҳуҷҷатҳои тахассусии иштирокчиёни озмунҳои хариди давлатии низоми электронӣ - истифодабарандагони Портали ягонаи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Агентӣ азнавбақайдгирӣ гузаронида мешавад.
Зимни амалисозии азнавбақайдгирии яккарата ба Портали ягонаи хариди давлатии Ҷуҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин:
1.    Иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ки санаи дода шуданаш набояд аз 1 январи соли 2018 барвақтар бошад (барои шахсони ҳуқуқӣ);
2.    Иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии соҳибкорони инфиродӣ, ки санаи дода шуданаш набояд аз 1 январи соли 2018 барвақттар бошад  (барои соҳибкорони инфиродӣ);
3.    Тавозуни муҳосибавии шахсони ҳуқуқӣ барои соли 2017 бо тасдиқи мақомоти андози маҳали бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ;
4.    Иҷозатномаҳои дахлдор барои пешбурди фаъолияте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷозатномадиҳӣ танзим шудаанд, дар мавриди гузаронидани муҳлаташон, зимни бақайдгирии яккарата таҷдиди назар карда шавад;
5.    Зимни азнавбақайдгирии яккарата дар мавриди зарурат дигар ҳуҷҷатҳо, ки мутобиқати тахассусии иштирокчиёни истифодабарандагони Портали ягонаи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамоянд (оиннома, иқтибос, шащодатнома, ИНН, баланси ҳисобдорӣ, иҷозатнома, шиноснома) пешниҳод карда шаванд.