C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

09.04.2018

: 145

ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
(ДИО № 881/0-7 аз 9 апрели соли 2018)

1.    Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Роғун” Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқиро (минбаъд - пудратчиён) барои ширкат дар озмуни хариди кушода бо иштироки номаҳдуди довталабон тавассути Портали ягонаи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (хариди электронӣ) барои ҳуқуқи бастани шартнома вобаста ба истеҳсол ва таҳвили таҷҳизоти АВР КРУ 6 кВ ва автоматикаи РДЭС (6 кВ, 1500 кВт) НБО “Роғун” даъват менамояд.
2.    Пудратчиёни эҳтимолӣ бо дархости хаттии худ/муроҷиати электронӣ ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо муҳтавои ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешакӣ шинос гардида, баъд аз пардохт намудани ҳаққи бебозгашт дар андозаи 230 сомонӣ  онҳоро дар шакли электронӣ дастрас намоянд.
Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд дар озмун тариқи якҷониба ва ё бо муайянгардонии ширкати пешво дар шакли консортсиум иштирок намоянд.
3.    Дархости тендерии иштирокчиён дар шакли электронӣ то 19 апрели соли 2018 то соати 14.00 бояд пешниҳод гарданд. Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон рад карда мешаванд.
4.    Дархостҳои тендерии довталабон тавассути системаи худкори Портали ягонаи хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақти болозикр кушода мешаванд.