C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

12.10.2017

: 357

Имрӯзҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Қурғонтеппа аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мусоидати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як қатор чорабиниҳо дар доираи татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 №1504 тасдиқ шудааст, доир гардиданд.
Санаи 26 декабри соли 2016 аз ҷониби муовини сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Қутбиддин ва сарнозири Сарраёсат Маҷидӣ Абдукарим барои кормандони мақоми ваколатдори соҳаи хариди давлатӣ омӯзиши иловагии қонунгузории зиддикоррупсионӣ гузаронида шуда, зимни он моҳияти Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 дар паст намудани шиддати коррупсия, пешгирии кирдорҳои номатлуб ва бартараф намудани монеаҳо барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар таъқид гардид.
Муовини Сарраёсати пешгирии коррупсия Сафарзода Қутбиддин нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар тарҳрезии чорабиниҳои судманди муқовимат бо коррупсия қайд намуда, вобаста ба ҷараёни татбиқи маҷмӯии Нақшаи чорабиниҳои Стратегия, гузаронидани тадқиқоти сотсиологии васеъ дар саросари ҷумҳурӣ, фаъолияти Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия ва мақоми ваколатдори мубориза бо коррупсия, инчунин оид ба тағйиру иловаҳои нав ба конунгузории зиддикоррупсионӣ ахбороти муфассал пешниҳод намуда,  ҷиҳати таҳкими муқовимат ба коррупсия дар соҳаи хариди давлатӣ дастур дода шуд. Қайд гардид, ки муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои  ба коррупсия мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин кам намудани содиршавии чунин қонуншиканиҳо ва бартарафсозии оқибатҳои онро дар бар гирифта, ба роҳ мондани муносибати софдилона ба вазифаҳои худ ҳамчун нишондиҳандаи натиҷаи фаъолияти хизматӣ муқаррар карда шудааст.
Дар таърихи 26 декабр дар шаҳри Қурғонтеппа, 27 декабр дар шаҳри Душанбе ва 29 декабр дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯъи “Коррупсия дар низоми хариди давлатӣ: вазъи ҷорӣ ва воситаҳои муқовимат ба он” бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ ва бахши хусусӣ баргузор гардид.  Бо маърӯзаҳо оид ба таҳлили мушкилоти ҷойдошта дар соҳа ва дарёфти роҳҳои ҳаллу фасли онҳо намояндагони Агентӣ баромад намуда, диққати ҳозиринро ба сиёсати пайгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ баҳри идома додани ислоҳоти соҳаи хариди давлатӣ ҷалб намуданд. Аз ҷумла, оид ба ҷараёни таҳияи лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ” дар таҳрири нав мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, ки баҳри бартараф намудани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда заминаи заруриро фароҳам меоварад, суханронӣ гардид. Рушди минбаъдаи харидҳои электронӣ, ки дар фаъолияти харидорӣ роҳандозӣ карда шудааст, ҳамчун омили ҳалкунандаи проблемаҳои ҷойдошта дар самти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ, таъмини шаффофият ва беғаразии расмиёти харид, рушди рақобат миёни молрасонону пудратчиён маънидод карда шуд.