C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

16.06.2020

: 181

Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ

ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

Номгӯи мансабҳо:

1. Шуъбаи таҳлил, назорат ва таъмини иттилоотии хариди давлатӣ: сардор - 1 воҳид (таҳсилоти олӣ дар идоракунии хариди давлатӣ ё таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии мехнатӣ), маоши мансабӣ – 1533 сомонӣ.

Малакаи хуби кор бо компютер ва таҷҳизоти коммуникатсионии идоравӣ, донистани забони давлатӣ барои ҳамаи довталабон ҳатмист, ба донандагони забонҳои хориҷӣ ва дорандагони унвонҳои соҳавии илмӣ афзалият дода мешавад.

Ба шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд, забонҳои хориҷиро медонанд ва унвонҳои соҳавии илмӣ доранд, афзалият дода мешавад.

Довталабон ба Комиссия озмунӣ ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

·         аризаи шахсӣ барои иштирок дар озмун ба Комиссияи озмун (шакли муқарраршуда);

·         варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ (бо ду адад акси 4x6); 

·         шарҳи хол;

·         нусхаи шиноснома;

·         нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

·         нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи собиқаи меҳнатӣ (дафтарчаи меҳнатӣ);

·         нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсони уҳдадори ҳарбӣ);

·         маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ (шакли 086); 

·         нусхаи гувоҳнома аз мақомоти андоз (РМА);

·         маълумотнома аз ҷои зист;

·         нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН) 

·         нусхаи хатти ақди никоҳ;

Довталабон метавонанд хуҷҷатҳои талабгардидаро тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ё шахсан ба бахши кадрҳои Агентӣ (ш. Душанбе, кучаи Шота Руставели, 22, тел.: 227-66-21) пешниҳод намуда, маълумоти иловагиро оид ба низоми озмун, салоҳият ва вазифаҳои мансабӣ дастрас намоянд.
Мӯҳлати ниҳоии қабули хуҷҷатҳо  21 рӯз пас аз нашри эълони мазкур (то соати 17.00) дар васоити ахбори омма муқаррар мешавад.