C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

Бунёди майдончаи варзишӣ Бунёди майдончаи варзишӣ Бунёди майдончаи варзишӣ

17.03.2017

: 323

Ҷиҳати иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи  Агентии хариди мол, кор ва хизматрасонии назди ҲҶТ дар хиёбони Неъмат Қарабоев, шаҳраки 46 дар муддати кӯтоҳ майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шуд.
Корҳои сохтмонии майдончаи мазкур 17 марти соли 2017 оғоз шудаанд. Тибқи лоиҳаи тасдиқшуда, масоҳати умумии майдонча 0.196 га  ташкил намудааст, аз ҷумла масоҳати қисми варзишиаш 540 метри мураббаъ, майдончаи бозии кӯдакона 320 метри мураббаъро дар бар мегирад.
Иншооти мазкур дорои майдонча барои бозии кӯдакон, майдончаи варзишӣ, гулгаштҳои пур аз гулҳои зебо,  инчунин айвончаҳо барои  истироҳат ва роҳравҳо бо нимкатҳои чӯбин мебошад.
Ҳамзамон, иловатан сохтумони айвони андозааш 15 ба 8 метр бо дегҳову дегдонҳо, зарфи обҷӯшонӣ барои  гузаронидани маъракаҳои миллии сокинони маҳалла сохта шуд ва 12 июни соли ҷорӣ майдончаи варзишӣ бо сифати баланд ба итмом расида, ба истифода дода шуд.  
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Қоҳир Расулзода аз иншоот дидан намуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои хуб доданд.