C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

28.08.2017

: 285

Дар доираи ҷузъи «Мукаммалгардонии харидҳои давлатӣ, харидҳои электронӣ ва инфрасохтор»-и Лоиҳаи дуюми «Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешқадам дар ҷабҳаҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи хариди давлатӣ, харидҳои электронӣ ва тақвият бахшидани иқтидори Агентӣ дар соҳаи хариди давлатӣ ба шаҳри Анкараи Ҷумҳурии Туркия ва шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон аз тарафи кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 26 августи соли 2017 сафари хизматӣ  анҷом дода шуд.
Масъулони Мақомоти хариди давлатии Ҷумҳурии Туркия (Public Procurement Authority of Turkey) дар мавзӯъҳои нақш, сохтор ва вазифаҳои мақомот, шиносоӣ бо низоми хариди давлатии Туркия, воситаҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми расмиёти хариди давлатӣ, низоми электронии хариди давлатӣ, хадамоти дастгирии истифодабарон, маркази коркарди додаҳо, барномасозон ва маъмурони низоми электронии хариди давлатӣ презентатсияҳо доир намуданд.
Ҷамъияти саҳҳомии “Маркази тиҷорати электронӣ” оператори ягона дар соҳаи хариди давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон буда, дар шаҳри Остона ҷойгир шудааст. Портали хариди давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон аз тарафи маркази мазкур таҳия гардида, аз соли 2007 фаъолият намуда, бо якчанд мақомоти кишвар, ки ҳангоми хариди давлатӣ аз онҳо маълумот  дархост карда мешавад, табодули электронии маълумот ба роҳ монда шудааст ва тариқи мустақим сурат мегирад. Дар оянда Марказ ҷорӣ намудани механизмҳои навро ба нақша гирифтааст, ки аз баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисони хариди давлатии ташкилотҳои харидор ва ҳамгироӣ бо низоми иттилоотии вазорату идораҳо барои дастрас намудани маълумотҳои иловагӣ иборат мебошад.