C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

30.03.2018

: 126

ДАЪВАТНОМА БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН
(ДИО № 777/0-5 аз 30 марти соли 2018)

1.    Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Роғун” Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони ҳуқуқиро (минбаъд - пудратчиён) барои ширкат дар озмуни хариди кушода бо иштироки номаҳдуди довталабон барои ҳуқуқи бастани шартнома вобаста ба истеҳсол, таҳвил, васлгарӣ, корҳои танзимӣ, ба кор даровардан ва хизматрасониҳои алоқаманд ба таҷҳизоти системаи ҳимояи зидди сӯхтори толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо, бинои дастгоҳи тақсимкунандаи пӯшидаи элегазӣ (КРУЭ) 500/220 кВ, корпуси технологӣ, нақби ноқилгузари №1 ва гелереяи ноқилгузари умумии НБО “Роғун” даъват менамояд.
2.    Пудратчиёни эҳтимолӣ бо дархости хаттии худ ба Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо муҳтавои ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешакӣ шинос гардида, баъд аз пардохт намудани ҳаққи бебозгашт дар андозаи 230 сомонӣ  онҳоро дастрас намоянд.
Иштирокчиёни ҳавасманд метавонанд дар озмун тариқи якҷониба ва ё бо муайянгардонии ширкати пешво дар шакли консортсиум иштирок намоянд.
3.    Қабули пешниҳоди тендерии иштирокчиён дар намуди лифофаҳои муҳркардашуда аз ҷониби котиби масъули комиссияи тендерӣ (Мухторов Фирдавс Сатторович) дар бинои Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ш. Душанбе, кӯчаи Шота Руставелли, 22 то 10 апрели соли 2018 то соати 14.00 амалӣ мегардад. Муҳлати муқаррагардида муҳлати ниҳоӣ мебошад, ки баъд аз анҷоми он дархостҳои тендерии довталабон қабул карда намешавад.
4.    Расмиёти кушодани лифофаҳои дархостҳои тендерии довталабон аз тарафи комиссияи муштараки тендерӣ дар толори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 апрели соли 2018 соати 14.05 баргузор мегардад.
Ба намояндагони салоҳиятдори довталабон ҳуқуқи иштирок дар раванди кушодашавии лифофаҳо пешниҳод мегардад.