C C C C
Андозаи ҳарф: A A A
  • 734025, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Шота Руставели 22
  • (+992 44) 600-03-04
  • info@zakupki.gov.tj

Новости

23.02.2018

: 243

АГЕНТИИ ХАРИДИ ДАВЛАТИИ МОЛ, КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ ИШҒОЛ НАМУДАНИ ВАЗИФАҲОИ ХОЛИИ КОРМАНДОНИ ШАРТНОМАВӢ ОЗМУНИ КУШОДА ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

ДАСТГОҲИ МАРКАЗӢ (ш. Душанбе):
1.    Раёсати ташкил ва анҷом додани хариди давлатӣ
Номгӯи вазифаҳо:
    -    Оператори Портали ягонаи хариди давлатӣ  – 5 воҳид;
-    Маъмури иттилоотии сомонаҳои Агентӣ – 1 воҳид.
2.    Шуъбаи таҳлил, назорат ва таъминоти иттилоотии хариди давлатӣ
Номгӯи вазифа:
-    Таҳлилгари расмиёти хариди давлатӣ – 2 воҳид;
БАХШҲОИ АГЕНТӢ ДАР МИНТАҚАҲО:
1.    Бахши Агентӣ дар вилояти Суғд (ш. Хуҷанд)
Номгӯи вазифа: Оператори Портали ягонаи хариди давлатӣ  – 1 воҳид.
2.    Бахши Агентӣ дар вилояти Хатлон (ш. Бохтар)
Номгӯи вазифа: Оператори Портали ягонаи хариди давлатӣ  – 1 воҳид;
3.    Бахши Агентӣ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ш. Хоруғ)
Номгӯи вазифа: Оператори Портали ягонаи хариди давлатӣ  – 1 воҳид.
4.    Бахши минтақавии Агентӣ дар ш. Кӯлоби вилояти Хатлон
Номгӯи вазифа: Оператори Портали ягонаи хариди давлатӣ  – 1 воҳид.
5.    Бахши Агентӣ дар ноҳияи Рашт (шаҳраки Ғарм)
Номгӯи вазифа: Оператори Портали ягонаи хариди давлатӣ  – 1 воҳид.
Талаботи тахассусӣ ба довталабон:
-    Барои вазифаи оператори Портали ягонаи хариди давлатӣ: таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, технологияҳои информатсионӣ коммуникатсионӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб, ки иҷрои самараноки уҳдадориҳои шартномавиро таъмин карда метавонад;
-    Барои вазифаи маъмури иттилоотии сомонаҳо: таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, филологӣ ва таҷрибаи кор дар соҳаи журналистикаи иқтисодӣ, саноатӣ;
Талаботи умумӣ:
-    дорои малакаи кофии истифодбарандаи пешқадами компютер, сканер, дигар таҷҳизоти коммуникатсионӣ-идоравӣ, истифода бурдани шабакаи Интернет, почтаи электронӣ;
-    дар сатҳи аъло донистани забони тоҷикӣ, донистани забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) ба сифати бартарият ҳисобида мешавад;
-    мавҷудияти малакаи хуби муошират, ташаббускорӣ ва малакаи  банақшагирии  раванди кор;
-    донистани мафҳум ва асосҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи хариди давлатӣ.
Музди меҳнат – шартномавӣ.
    Довталабон метавонанд тавассути суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj манфиатдории худро ҷиҳати ишғоли вазифаҳои холӣ изҳор намуда, бо уҳдадориҳои мансабии вазифаҳо шинос гарданд. Уҳдадориҳои мансабии вазифаҳо дар сомонаи www.zakupki.gov.tj  низ дастрас мебошад.
    Довталабон тарҷумаи ҳол ва фаъолияти касбии худро (CV) бояд дар давоми 14 рӯз аз санаи нашри эълони мазкур дар васоити ахбори омма ба суроғаи электронии info@zakupki.gov.tj ирсол намоянд.
    Маълумоти иловагиро бо суроғаи ш. Душанбе, кӯчаи Шота Руставели, 22 ё тавассути телефони 227- 66-21 шуъбаи умумӣ, кадрҳо ва корҳои махсус дастрас намудан мумкин аст.